Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

пеш кардаю хонаю даратонро подшоҳӣ кард. Акнун, ки дар садади қасос қарор доред, то охир бояд онро идома дод. Кори инқилоб буру сӯзу куш аст: ё мекушӣ, ё мекушандат. Фақат бо чунин роҳ ба мақсад мерасӣ. Чернов мушоҳида кард, ки дар ҳавлиҳои боҳашамат оташ забона мезанаду касе онҳоро хомӯш намекунад. Ин ҳолат ӯро ба ҳайрат овард. Талоя хабар овард, ки то байни шаҳр нишоне аз қӯшуни амир нест. Аммо дар атрофи шаҳр, паси девор ҷо-ҷо муҳофизони амир ба полкҳои тирандоз, ки аз болои девор гузаштанӣ мешаванд, ҳамла мекунанд.

Ин вақт ду аэропланҳои пеш-пеш рафта «борашон»-ро партофта чобук ва пас гаштанд.

Семёнов аспашро дошта аз Чернов пурсид:

– Аскари амир дар куҷост? Кай ҷангро шурӯъ мекунем? Тӯпҳо корро намекарданд ҳам, мешуд. Худамон кифоя.

– Рафтани амиру аскараш рост барин, – гуфт Чернов ва Манучеҳрро нигоҳ карда пурсид:

– Манучеҳр, Бухоро шаҳри калону кӯчаҳояш беҳад танг. Як асп базӯр мегардад. Ягон асрор дорад?

– Албатта, дорад, – Манучеҳр аз он ки сардори бригада гурехтани аспашро дил нагирифта бо ӯ сухан мекунад, хурсанд мешавад. – Ин ҷо қасдан кӯчаҳоро танг мекардаанд, ки душман гала шуда тохтан натавонад.

– Офарин, бааклона! – ба завқ меояд Семёнов.

– Лекин кӯчае, ки мо меравем, васеъ, – гуфт Чернов ба атроф зеҳн монда Манучеҳр забон мехояд. Муҳаммадшариф ба сӯҳбат ҳамроҳ мешавад.

– Дар солҳои охир ин кӯчаро бо фармони консули Русия васеъ кардаанд, – гуфт ӯ ва ба оҳанги илтиҷо пурсид:

– Александр-ака, намешавад гӯед, ки аэропланҳоро баргаронанд? Шаҳзеборо валангор накунанд. Гӯед, ки аскари амир ҳам дигар маълум нашуд.

– Фармони ҳуҷум кунед ё накунедро сардори ҷабҳа медиҳад.-Чернов ва Муҳаммадшариф чашм давонда, аз дилаш гузаронд, ки бо бомбаҳо задани шо­ҳоро ба таҳҷоиҳо маъқул нест. Ва ин маълум: пайвандонашон ин ҷо мехонд. Ягон-ягон тамошо меомаданд. Ва шаҳр ҳам зебо будааст...

– Сардори ҷабҳа дар Самарқанд шиштааст. Аз куҷо медонад, ин ҷо чӣ аҳвол дорад.

– Дар вақти ҷанг ҳар кас кори фармударо мекунад,-гуфт ба сахтӣ Чернов. Минбаъд ту ба ҳар коре, ки намедонӣ, ҳамроҳ нашав!

– Хуб,- Муҳаммадшариф он сӯтар рафта ғурумбид.—Шуморо ҳам, ки пай­кофириатон боло гирифт, дар гӯшатон гап намефорад.

Ана дар ҷониби шимоли шаҳр боз аэроплане «бораш»-ро партофт. Ба на­зари Чернов намуд, ки “бор” дар офтоб як шунаъ доду мисле ки бисёр олӣ мефарояд. Дар тарафи чап аэроплане пулемёташро бо кор медарорад. Хеле аэропланҳои зиёд дар болои шаҳр парвоз доранд. Гоҳ ба шаст паст мешаванд, гоҳ баланд мехезанд. Гоҳ паст мешаванд, гоҳ баланд. Як худи садояшон чи­думро ба ваҳм меандозад, чӣ расад бо бомбапартой. Батарея низ ба шиддат тирпарронӣ дорад. Бахусус аз ҷониби тӯпҳои дурзан садо ором намешавад. Охир аз ду ҷониб аз стансияҳои Когону Марғак шаҳрро мезананд. Мисле ки якеро

пешина
аз 613
навбатӣ