Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

нафар аз ду паҳлӯ мушткӯб мекунанд. Поезди зиреҳпӯш, автомобилҳои ҳарбӣ низ дар авҷи кор, ронандаҳояшон Богдану Василчук. Рубенов дирӯз дар ҷамъомад ба онҳо ҳушдор дод, ки муваффақияти кори мо ба шумо бисёр вобаста аст.
Тиру гулулаҳоро аз Когон онҳо мерасонанд. Фармудаи ситод «ба болои шаҳр «Тӯфони садою тиру дуду оташ»ро фароҳам оред,» иҷро шудааст. Ҳангоме ки аз назди бинои «Ширкати Пахта» убур мекунанд, яке аз муҳофизон бо тарафи рост ишора мекунад. Ва Чернов мебинад, ки сарбозҳои полкҳои атроф аз роҳҳои байни девор мегузаранд. Ҷое аз болои девор тирпаронӣ карда, бо муҳофизон даст ба гиреҳон шуда, ғалтидаю хеста мефуроянд. Чунон саросемаанд, ки гӯё аз таксимот дер мондаанд. Дар назди дарвозае, ки аз дур намоён аст, пулемиётҳо ба шиддат тирпаронӣ доранд. Дар ду тарафи дарвоза муҳофизон худро паноҳ гирифта истодаанд. Бо белу шоҳаю калтакҳои дароз, камондорҳо ҳам ҳастанд.
Бубин, чӣ гуна мардона истодаанд. Чернов бори дигар эътимод ҳосил мекунад, Климов ҳақ аст вақте гуфт, ки сарбозҳояш рӯзи аввал хуб ҷанг карданд. Ӯро аз роҳбарии гурӯҳ гирифтан лозим набуд. Ба фикри Чернов меояд, ки аз афташ ба полкҳои атроф фармон шуд, ки тадбире кардаю деворро гузашта, ба шаҳр ҳуҷум кунанд. Аммо девор ба назар мусли кӯҳи баланди мағрур менамояд.
Қаҳрамонест мағлубнашаванда. Аробакашҳои аз роҳи мобайнаш убуркунанда аспҳоро чунон метозонанд, ки гумон мекунӣ ҳозир аспу аробаш чапа шуда меравад. Фурсате мегузараду ҳама аз тори девор поин мешаванд. Яқин ба шаҳр даромадани аскари русро дида, ҳавотир шуда фуромаданд. Ҷанги тан ба тан дар кӯчаҳо авҷ мегирад. Инҳо таҳҷоиҳое мебошанд, ки ба ҳимояи хонаю дарашон хестаанд. Гумон доранд, ки кофирҳо ба хонаҳои мардум даромада, ба номуси занҳо таҷовуз мекунанд. Муллоҳо дар Фарғонаю Самарқанд ва дигар шаҳрҳои атроф чунин овоза паҳн кардаанд. Яқин дар ин ҷо низ чунин андешаҳои ботил баён шудааст. Баъзан сарбозҳои худашон низ сарашонро бо рӯймол бастаанд.
Ин полки мусулмонист, тахмин мекунад Чернов ва вуҷудашро ҳисси норозигии номаҳфӯме лабрез мекунад. Фикр мекунад, ки мардуми Бухоро беҳуда зиддият мекунанд. Алҳол ними армияи Русия ин ҷост. Шумо метавонед бо белу шоҳаҳоятон ба он муқобил истед? Аз дилаш гузаронд, ки ба гурӯҳи худаш бояд таъкид кунад, ки ҳар чӣ қадар мушкил бошад ҳам, ба мардум муносибати хуб кунанд. Зинҳор ба ҳавлиҳо надароянд. Вале дар ин ҳолатҳо кӣ киро гӯш мекунад? Баъзеҳо асосан барои дуздию ғоратгарӣ ба ҷанг омадаанд. Онҳоро дар пешониашон камон монӣ ҳам боз корашонро мекунанд. Хусусан дастаҳое, дар рӯзҳои охир оварданд. Маълум нест, ки онҳоро аз куҷо овардаанд. Ба истиснои сардастаҳо ҳама пастакҳои чашмтангу кӯсаришу муттаҳамнусха...

Дар ин асно садои тра-та-та-и пулемиёт аз наздик шунида шуд ва дар пеши кӯшун бетартибию талотӯб сар зад. Аспҳо бо соҳибоношон калапо мешаванд.
Як гурӯҳ савораҳо аспҳоро давонда ба кӯчаи дигар мегузаранд, ки аз пас ҳуҷум кунанд. Яке аз муҳофизон дартоз омада ба Чернов нуқтаеро, ки пулемиёт ҷойгир аст, нишон дод. Ду нафар муҳофизону сардастаҳо ҳамроҳи Чернов ба таги тути сершоҳе, ки дар паси он бинои масҷидшакл воқеъ аст, баромаданд. Чернов аввал аспи сиёҳи гарданаш хунчаконро дид, ки ба соҳибаш тан намедод ва ба деворҳои ду тарафи кӯча бархӯрдаю давида пеш мерафт. Соҳибаш чобуксаворе,

пешина
аз 613
навбатӣ