Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

— Ва бо оҳанги накӯҳиш илова кард: — Мебинанд, ки бомба масҷидро харӯи хотир накарда, лабу лахт мекунад, аммо боз ҳам умедашонро наканда, масҷидро хонаи Худо мепиндоранд ва ҳар ҷо масҷиде бинанд, худро ба дохили он мезананд. Мисле ки гӯсфанд худро ба оғил мезанад.

— Рост, инҳоро бо масчид тилисм кардаю калидашро дар дарёи Ҷайҳун партофтаанд. — Чернов сари аспашро дошта, пурсид: — Низомиддинҳоҷа бо дастури амир даромада бошад?

— Не, амир “қочмаган номард” гуфта, гурехт. Низомиддин як мӯйсафеди аҳмақ аст. Душмани ҷони ҷавонбухориҳо. Дидааст, ки Бухоро бесоҳиб, ҳаваси амиршавиаш ҷӯшидаасту навкарҳои парешон ва муздуру муллобачаҳоро чанд карда, ба тавраш «ҷиҳод» эълон кардааст. Гумон дорад, ки армияи сурхро заданаш осон аст.

  • Ҷавонҳоро беҳуда нобуд мекунанд,- Чернов ба тассуф сар ҷунбонид. Як соат мегузараду ҷанг ба қиём мерасад. Лашкари Низомиддин ним аз сӯйи кӯчаи Кӯрхона, ним аз кӯчаи Говкушон намоён шуда, ба тирпаронӣ шурӯъ мекунанд.
    Чернов ротаи дуюмро мефармояд, ки аз ақиб тоб хӯрда, аз паҳлӯ ба ҳуҷум гузарад. Бригадаи худаш рӯбарӯ меравад. Назди ротаи 3-юм рафт, ки Семёнов ба ҷанговаронаш амр медод. "Ба парон-парон нигоҳ карда намешинем. Бо аввалин фурсат аз рӯбарӯ ба ҳуҷум мегузарем. Ба душман ҳамроҳ шуда, майдондории армияи сурхро нишон медиҳем". Вале ҷанг шурӯъ мешаваду дарҳол шароити якҷоя шудани майдондориро нишон додан даст намедиҳад. Лашкари Низомиддин ҳам бо пулемёту пушкаҳо ба ҷанг медарояд. Вале снарядҳояшон, чун дар ағбаи Китоб, дар наздашон афтидаю наметаркиданд, дар ду рӯзи аввали ҷанги Бухоро натаркиданд, ҳоло ҳам аз онҳо заррае зарар немерасад. Лекин пулемётҳояшон ба ҳадаф мерасид. Ин ҳолат ду-се дақиқа давом карду бас. Аз паҳлӯ ротаи дуюм зада даромад. Фурсате нагузашта аз гурӯҳи Бондаренко бригадаи 4-уми савора омаду ҷанги тан ба тан шурӯъ шуд. Ҷанге, ки Семёнов мехост.

Нисфи армияи Низомиддин аз ҳисоби раҳакию бозоракиҳо буданашон дарҳол ба чашм мерасид. Хусусан муллобачаҳо, ки онҳоро аз ҳуҷраҳои мадрасаҳо пеш-пеш карда овардаанд, билкул ба дард намехӯрданд. Рафторашонро дида, ҳам хандаат меояд, ҳам ба чавониашон дилат месӯзад. Баъзеашон аспро ба тарсу ларз идора мекарданд, бехабар аз он, ки камон ё шамшере, ки пагоҳӣ ба дасташ қапонда буданд, кайҳо афтидааст. Баъзеҳо ба ҳавои дави асп, даст бардошта “ҳо-о-о-й-й-й” мегӯянд. Мисле ки асптозониро намоиш медоданд. Дар чунин ҳолат ба шамшери хандон гардан ё рӯйи кӯдаконааш карамвор бурида мешавад.
Баъзе қазахҳои дар ҷанг обутобёфта чунон шамшер мезананд, ки гардан бозӣ кардани тани бесарро мебинӣ. Лекин навкарҳо, хусусан онҳо, ки аз ҷониби кӯчаи Кӯрхона омадаанд, хуб истодагарӣ мекунанд. Ҳарчанд зарби шамшер хӯранд ҳам, тан надодаю бо сарбозони дастаи Семёнов мардона сарбасар мешаванд.
ҳам худашон меафтанд, ҳам ягон-ягон ин ҷонибро зада меафтонанди. Ин лаҳза Чернов ба худ як кашфиёт ҳам кард. Ҳангоме ки навкарҳо ба майдон дохил мешаванд, дар чеҳраашон равшанӣ ва ҷазбият ҳувайдост. Чун мебинанд, ки ҳамроҳонашон ҷангро намедонанд, силоҳ надоранд, баъзеҳо камон дошта бошанд ҳам, парондан наметавонанд: “ошно, инро чӣ гуна фус мекунӣ?” - гуфта

пешина
аз 613
навбатӣ