Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

мепурсанд, ҷойи рӯҳбаландиро ноумедию алам фаро мегирад. Аммо ҷанговарони худаш ҳолати муштзанеро доранд, ки дар майдони мусобиқа сустии ҳарифро пай бурда, бо ҷаҳду шитоби бештар ҳуҷум мекунад. Бахусус дастаи Семёнов.
Онҳо, ки кайҳо боз ташнаи ҷанг ҳастанд, ҳоло бо чӯшу хурӯш сафдарониҳо мекарданд. Онҳо дар ҷониби чапи майдон як дастаи калони салладорҳоро, ки дар байнашон чобуксаворони хуб низ ҳастанд, зада парешон карданд. Аллакай дар таги пойи аспҳо мурда бисёр буд. Нигоҳи Чернов ба сарбози шиносе афтид, ки бо салладори таҳамтане шамшерандозӣ карда, то наздикии Чернов омаданд. Сарбоз ӯро шинохт: собиқ ҳамяроқаш Тараев Тимофей аст. Чернов ба гирумони Тараев зеҳн монда, дилпур шуд, ки бартарӣ аз ӯст. Ҳангоме ки онҳо афту дарафт кардаю аз саҳн ба роҳрав гузаштанд, Тараев, мисле ки дилтанг шуда бошад, шамшерро тез-тез ҳаракат дода, бо як чолокии ҳайратовар онро ба шиками ҳариф зад, ки хунаш фавора зада, аз ду тарафи зин нишеб шуд. Ҳариф яктараф кашол шуда, шамшер аз дасташ афтид, бо ҳарду даст шикамашро дошта, аз болои асп ба замин зад. Марди дар сараш рӯймолбастае ба сӯйи Тараев ҳуҷум кард. Аммо Тараев ӯро низ ярадор кард. Душман пораи сарашро, ки нӯги шамшер расида буд, дошта, сари аспашро гардонда гурехт.

“Офарин!” — Чернов ҳавасаш омад ва аспашро маҳмез зада ба дарунтари майдон даромад. Дар назди ҳавз сержант Манучеҳр Мирзоев бо марди навчаи биникалоне ба ҳам дарафтодаанд. Аспҳошон гоҳ ба сари якдигар хез мезананд, гоҳ сикандарӣ хӯрдаю боз сари по мешаванд. Онҳо ба чунин равиш ҳамдигарро задаю кӯфта ба кӯчаи танги он сӯйи ҳавз даромаданд. Чернов дар рӯбарӯяш навкарҳои нимтанаи туркипӯшро дид, ки қаҳрамонӣ доранд. Мисле ки дар бузкашиҳояшон гала шуда, улокро мегиранд, дар як нафас панҷ сарбози ротаи 3-юмро гирд карда, зада афтонданд. Дар хотири Чернов ҷанги як салладори чеҳрасурх ва ҷанговари худашон аз ротаи мусулмонон, марди шикамдори нугайнусха, ки насабаш Тӯрақулов ё Шӯрақулов буд, нақш бастааст. Онҳо аз гӯшаи майдон ҳамдигарро задаю дашном дода, то лаби ҳавз омаданд. Гоҳ ба қамчин, гоҳе ба мушт ба сару рӯйи ҳамдигар мезаданд. Аспҳошон, ки аз ҳам дур мешуданд, соҳибон зуд онҳоро тоб дода, боз ҳамдигарро қамчинкорӣ мекарданд. Ва бештар қамчин ба сари аспҳо мезад. Аспҳо бо чашмони аз даҳшат калоншуда чароғак мешаванд, якдигарро аз дасту гардан мегазанд. Сари тоси Тӯрақулов хунолуд аст. Рӯяш ҳам сурх шуда хестаю хун чорист. Хуб қамчин хӯрдааст. Дар ҷӯши ҷанг пойи аспи Тӯрақулов ба лаби ҳавз расида ақибсуна каме ҳам шуд, ки салладор аз соқи мӯзааш корди дудамаро гирифта наздик шуд ва бо зарба ба банди дилаш заду ба гардани аспаш хам шуда бо чолокии фавқулода ҳардуро ба ҳавз тела дод.

Чернов туфангчаашро кашида саросема сари аспашро ба ҳамон тараф гардонд. Ҳанӯз ба салладор нарасида буд, ки аз пешаш Семёнов бо марди худаш
барин тануманду ришдароз занозанӣ карда гузаштанд. Гардани аспи сафеди
Семёнов хунолуд ва ҳаракатҳояш суст аст. Яқин, шамшер расидааст. Ҳарифаш
марди ҷангҷӯй менамояд. Чернов наздик шуда, туфангчаашро ба рӯйи ришдор
дошт. Ришдор тарафаш рост шудани пистолетро дида, ҳайрон ба Чернов нигарист. Гӯё мегуфт, ки чаро ба ҷанги мо ҳамроҳ мешавӣ? Тапонча оташ гирифту

пешина
аз 613
навбатӣ