Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
ришдор синаи сурхшудаашро дошта, бо овози шунаво «Ло-и лаҳо Ила-ло-ҳу Муҳаммаду расулулоҳ» гуфта оҳиста ба замин нишеб шуд. Семёнов лаҷоми аспи ришдорро гирифту ҳамоно сар дод, зеро дид, ки ду нафар ба Чернов ҳуҷум мекунанд. Ӯ Муҳаммадшарифро ҳам дид, ки аспашро ҷавлон дода, пеш якеро медорад. Ин дам ҷанговарони взводи Манучеҳр ҳам расида, навкарҳоро гирд карда ҳардуро ба шоф зада афтонданд. Чернов, ки дар таҳлуқаи марг монда буд, сабукӣ ҳис карда, ба баландии назди ҳавз баромад. Дар атрофи ҳавз сартарошхонаҳо, самоворхонаҳо, дӯконҳои қаннодию гӯштфурӯшӣ — ҳама лабу лахт шудаанд. Дар самоворхонае, ки назди масҷид буд, ду самовор, ки дар офтоб ҷило медиҳанд, чапа шуда хобанд. Яқин инҷо бомба партофтаанд.
Дар атрофи вайронаҳо ва ҳавз мурдаю захмиҳо ба ҳар тариқа афтидаю хобанд. Саллаҳои бесар ҳар ҷо афтидаанд. Аз ҷониби худашон ҳам мурдаҳо ҳастанд. Оби ҳавз аз хун сурх шудааст. Ҷое мурдаҳои даруни ҳавз намоён. Он ҷо ду асп ҳам ҳаст. Яке дар даруни об. Гоҳе сараш намоён мешавад. Дигаре тӯруқи пешониаш холи сафеддор ду дастаро берун аз об мондаю танаш меларзад. Дар чашмони калон кушодааш осори оҷизию андӯҳ ҳувайдост. Сағриаш аз зарби шамшер хунравон. Чернов ба майдони корзор зеҳн мемонад ва мушоҳида мекунад, ки навкарҳо камтар ба назар мерасанд. Онҳо ба ҳар баҳона худро ақиб мекашанд. Ҷавонҳои ҷангнадидаи сода бошанд, мисли парвона, ки худро ба чароғ мезанад, ҳамчунон аз дами тиру шамшери сарбозони кордида бехуда нобуд мешаванд. Ақалан ақли гурехтан надоранд. Ин дам Амони Калтаро дид, ки тӯруқи даруни ҳавзро, ки аз сағриаш хун равон буд, кашида баровардааст. Ҳандааш омад: «Ин Калта дар масъалаи аспдорӣ устухон надорад. Мегӯӣ забонаша медонад». Ҷониби рости майдон асп монда, чашмаш ба салладори рӯсурхи Тӯрақулов задаю ба ҳавз ҳаво дода афтид, ки бо ҷанговаре аз ротаи якум занозанӣ карда, ба ӯ зӯрӣ дорад: “Ин аблаҳ аз худ рафтааст!” Аспро ба ҳамон тараф гардонда тозиёна зад. Ва дид, ки салладор ба сарбози ришдори ротаи сарҳадӣ рӯбарӯ омаду якбора бо шаст аспашро ба пас гардонда, ба кӯчаи паси ҳавз даромада рафт. Ин вақт садои ҳой-ҳой ва ура-а! ур-а! баромад ва аз гурӯҳи Бондаренко бригадаи 4-уми аз Красноводск омада ба саҳн ворид шуд. Худи Бондаренко ҳам он ҷост. Ҳоли аскари Низомиддин, ки бад буд, боз бадтар шуд. Дар андак муддат саҳни майдону роҳравҳо ва даруни ҳавз пур аз мурда гашт. Ин дам кадоме “ақиб гардед! Ҳама ба ақиб!” гуфта фармон медиҳад. Қисме ақиб гаштаю боқӣ ба кӯчаҳои атроф парешон шуда мераванд. Як гурӯҳ навкарҳоро то назди дарвозаи канори шаҳр пеш мекунанд. Чернов аз гӯшаи рости майдон ба пас бармегардад. Таъкиди дирӯзаи Файзуллоҳ Хоҷа, ки дар ҷамъомади штаб гуфт, ки «кӯшун майдони Регистонро давр зада гузарад», ба хотираш меояд ва ғоибона ба ӯ муроҷиат мекунад: «Рафиқ амири ояндаи Бухоро. Майдони Регистонро бухороиҳои худатон ҷойи ҷанг интихоб карданд.» Рӯз ним нашуда ҷанг тамом шуд. Аммо аэропланҳо ҳамчунон парвоз мекарданд. Тӯпҳо ҳам дар айни кор. Як даста ҷанговорон аз роҳи тарафи чап омада, ба майдон медароянд ва «Ғалаба! Ғалаба аз мо!» мегӯянд. Боз дастаи калонтаре аз ҷониби кӯчаи Лаби Рӯд меояд. «Инҳо полкҳои тирандозӣ!» пай мебарад Чернов. Ва мебинад, ки аз роҳи поини ҳавз таҳҷоиҳо гурӯҳ-гурӯҳ ҳару бору зану фарзанд

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё