Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

АдабиётҚисса
Аз аввал хондан

ҳамроҳашон аз шаҳр мераванд. Фурсате мегузараду аз роҳи кӯчаи Баракат як гурӯҳ савораҳои олуфтаи худашон намудор мешаванд. Пеш-пеш марде савори саманди бодпо меояд. Маълум, ки дар штаби ҷабҳа кор мекардагиҳоянд. Онҳо ба майдон наомада, ҷониби Арк мераванд. Аз афташ, мехоҳанд бинанд, ки Арк дар чӣ ҳол аст? Онҳо Бондаренкоро низ ҳамроҳ гирифтанд. Чернов дар байнашон комиссари дивизияи Шестакро шинохт. Аммо Шестак бо нафаре аз дари Арк ақиб гашта ба роҳи омадаашон аспҳоро лики дода рафтанд.

Баъдтар маълум мешавад, ки чобуксавор Рубенов будааст. Яқин хабари «Бухорои шариф бо дувоздаҳ дарвозааш дар дасти мо»-ро ба Фрунзе расонд. Лекин аз масъалаи гурехтани амир чӣ мегӯяд? «То омадани мо гурехтааст,» - гуфта ҷонашро халос мекунад. Аммо Фрунзе ҳам дирӯз шунида буд, ки амиру аскараш аз шаҳр рафтаанд. Албатта баъди ҷамъомади дирӯза Рубенов аҳволро фаҳмонда буд. Лекин Фрунзе пеши ҳуҷумро нагирифт. Ин тоифеи монданам барои худнамоишдиҳӣ шаҳрҳоро несту нобуд мекунанду мижаашон ҳам намехӯрад. Чернов худро нодид вонамуд карда, рӯярӯ мегардонад. Ҳаваси ба онҳо ҳамроҳ шудан надорад. Мехоҳад мурдаҳоро зудтар аз саҳн яктараф кунанд. Ин дам дар байни сарбозони полки тирандозӣ марди ҳайкалдори дар роҳи Когон, дар анбори озуқа вохӯрдаро мебинад. Дирӯз ба ҳадде маст буд, ки сар аз по намешинохт. Ӯро Фрунзе гумон карда “рафиқ сардори ҷабҳа, девори Бухоро мисли тилисм аст” мегуфту ноумед барин менамуд. Ҳоло аз ҳама баланд фарёд задаю “Ғалаба аз мо! Аз мо-о!” мегуфт.

  • Ту дирӯз ба ғалаба бовар надоштӣ, - Чернов аспашро рӯбарӯи мард нигаҳ дошт.

Мард ҳам Черновни шинохт ва заррае тағйир наёфта гуфт:

  • Рафиқ сардор, бе бригадаи шумо ғалаба намешуд. - Ва қаҳ-қаҳ хандид.

Бӯи борут, болорҳои нимпӯсида, бӯйи хонаҳои оташгирифта фазоро пур карда буд. Бисёриҳо месулфиданд ва мегуфтанд: ин бомбаҳошон ягон бало доранд. Вагарна дар дигар ҷойҳо бӯяш ин қадар гулусӯз намешуд.

Аз баъзе мурдаҳо аллакай бӯи бад меояд. Дар байни майдон бештар мурдаҳои муллобачаҳо, ки шамшербуршон кардаанд. Баъзеро шамшер аз болои бинию гӯш гузаштааст, баъзе чакаи сараш буридаю дар таги сараш хун кул шуда истодааст. Баъзеҳоро, ки ҳанӯз ҷон доранд, рафиқонашон бардошта мебаранд. Дар майдон аспони мурдаю нимҷон ҳам бисёр. Баъзешон худро ғунча карда як-як по мезананд. Аспи калонҷуссаи сафеде, ки гирдаи сабз дорад, дар лаби роҳ афтидаю баданаш дарақ-дарақ меларзад. Гарданашро аз шиддати дард ҳар гоҳ сахт мечунбонад. Даҳонаш кушода, дандонҳои зардаш намоён аст. Чернов нав ҳис кард, ки куртааш аз арақ тар шудааст. Ҳамроҳонаш ҳам чунин ҳолро доранд. Ӯ аз паҳлӯи аспе, ки ароба ба болояш афтодааст, гузашта, фикр кард, вақте ки дар дигар шаҳрҳо ғалаба мекарданд, хурсанд мешуд, Ин ҷо ин хел не, дилаш сиёҳу ғашнок...

Муҳаммадшариф баробараш омада, чизе гуфт, аммо Ӯ нашунид. Вале аз овозаш пай бурд, ки Ӯ низ аз чизе норизост. Ин лаҳза дар пеши пои аспаш мурдаи сарбоз Тараев Тимофейро дид, ки рӯболо хоб аст. Дар гардан ва атрофи лабону чашмони кушодааш пашшаҳои сиёҳу сабзранг нишастаанд. Аз асп

пешина
аз 613
навбатӣ