Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
фуромада, сарашро бардошт; дар рӯйи шикамаш ду захм аст. Маълум, ки бо корд задаанд. Шабе, ки дар ағбаи Китоб вохӯрданд, чӣ қадар меҳрубон буд!
Пурсид, кай вақтат мешавад аз ҷангҳои дар Уфа кардаамон ёд кунем? Чернов гуфт: Бухороро, ки аз амир озод кардем, баҳузур суҳбат мекунем. Ва имрӯз мардона ҷангиданашро дид. Орзуи ҳамроҳ сӯҳбат карданро ба хок бурд.
Овозҳои «ғалаба аз мо!» зиёд мешаванд. Инҳо гурӯҳҳое мебошанд, ки аз атрофи шаҳр омада ба майдон ворид шудаанду ҷангро надидаанд. Баъзе қарғастинатон мурдаҳоро кову чов доранд. Ногоҳ ба гӯши Чернов овози гиря мерасад. Мебинад, ки одамони шаҳрро тарк мекардагиҳо зиёд шудаанд. Аз кӯчаҳои Баракат, Лаби Рӯд, Кӯрҳона гурӯҳ-гурӯҳ мераванд. Занҳо бастаҳо дар даст баъзе фаранчӣ доранд, баъзе сарандоз. Ҷавонзанеро сарандоз ба китфаш геҷидааст. Ӯ ба як даст кӯдаки багалашро доштааст, ба дасти дигар се-чор ҳалтаҳа бастаҳоро бардоштааст. Як писараки тахмин чорсола доманашро дошта, шеван карда меравад. Аз андоми зан маълум, ки дар шикамаш ҳам кӯдак дорад. Аз миён боло кӯдаке, ки шеван мекунад, урён, дар гарданаш ду тӯмор овезон. Духтарчаи аз пас меомада ҳам (дасташ ба дасти писараке) тӯмор дорад, фиси духтарча ба лабаш омада кашол аст. Ва писараки сарлучи аз пас намудор шуда ҳам... Ва мушоҳида мекунад, ки аксари кӯдакҳо тӯмору бозубанд, баъзеҳо кокул доранд.
Кокул нишони назр ба мазоре. Вақташ ояд, ба он мазор гӯсфанд бурда қурбон карда, кокулбурон мекунанд. Бозубанди тӯмор бошад соҳибашро аз балоҳо, заминиву самовӣ муҳофизат мекунад. Ба Загорский гуфтан лозим, ки дар дафтари «Ривоятҳои халқӣ»-аш маънию мазмуни тӯмору бозубандҳоро нависад.
Фирориён ҳар тоифаанд: баъзеҳо уштур доранд, баъзеҳо борашонро дар гов ё асп бор кардаанд, баъзеҳо гов, баъзеҳо бузашонро ба зӯрӣ кашида мебаранд.
Нафақат занҳо, балки баъзе мардҳо ҳам бе овоз гиря доранд. Ва аксар месӯхтанд. Шояд аз ҳамин дуди тезу бӯйнок тарсида мегурезанд? Дар қатори онҳо як гурӯҳ дарвешону қаландарҳо ҳам ҳастанд. Нимашон пойлуч, ними дигар тани бараҳна чакмани чо-чо дарида доранд. Яқин аз ягон хонақоҳ хестаанд.
Дар чеҳраҳои қоқ шудаашон ранг намондааст. Баъзе калавида меравад. Баъзе хомӯш баъзе худ ба худ гап зада қадам мезананд. Маълум, ки сахт тарсидаанд.
Ин дам ӯ ақиб гашта, ҷониби Муҳаммадшариф, ки қадам ба қадамаш мегардад, мегӯяд:-Фирорихоро гардонем, ба хонаҳояшон раванд.
— Аз дӯзахи сохтаи мо мегурезанд... Куҷо мегарданд?-Ӯ ба таъна суҳбат мекунад.
— Дӯзах... Ҷанг, ки шуд, дӯзах мешавад! -гур-гур мекунад Чернов.
Ду аэроплани боқимонда осмони Бухороро тарк мекунанд. Лекин тӯпҳову пулемётҳо ҳӯнуз парон-парон доранд.
Ин дам Чернов сабаби хирагии табъашро пай мебарад. Аз шаҳр рафтани мардум норозиаш кардааст. Ба назараш менамуд, ки хонаю дарашонро тарк кардани мардум маънои мағлубият надошта, як навъ эътироз ба онҳост.
Чашмаш ба сардастаи ротаи 2-юм Першин афтод, ки бо ҳамроҳонаш аз ҷониби Кӯрҳона меояд. Ба ӯ ва загореский мефармояд, ки ба дигар сардастаҳо низ хабар додаю ароба ёфта, мурдаҳои ҳарду ҷонибро аз шаҳр берун бурда гӯронанд. Пас ба сӯйи дигари майдон меравад ва нохост бобояш ба хотираш.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё