Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
меояду дар зеҳнаш ба ӯ муроҷиат мекунад: «Димитрий Николаевич, агар ин манзараро медидӣ, ҳам аз умри ба азобҳо ба сар бурдаат дилмондаю пушаймон мешудӣ, ҳам моро мегуфтӣ, ки инқилоби сурхатон дар фалонатон. Шумо тиррончакҳо ҳам худатонро бадном кардед, ҳам рӯҳи ҳазорон-ҳазор шаҳидони роҳи озодиро». Ва ба хотираш омад, ки дар чунин ҳолат, яъне дар майдони ҷанг бо бобо гуфтугӯ кардан бори дуюм аст, ки ба ӯ рух медиҳад.
Ин ҳол бори аввал дар ҷанги Уфа рӯй дода буд. Шаби кӯтоҳи моҳи июн: дарёи тезу пурмавҷи Белийро гузаштан лозим буд. Ягона пул дар зери назорати армияи Колчак. Поёну боло давида ҷойи гузар меҷустанд, ки ду киштии майдаро диданд. Онҳоро доштаю даромада бинанд, ки ҳама сафедҳоянд. Ҳамаро парондаю ба дарё андохта, киштиҳоро гирифта, ба ҷойи бехатар оварда, то субҳ полкро аз дарё гузаронданд. Пагоҳӣ ҳам ҷосусонашон ва ҳам як взвод афсари гуреза аз армияи Колчак хабар оварданд, ки дивизияи номии генерал Капел, ки дар рӯбарӯяшон қарор дорад, тамоман бе тир мондааст. Ҳаводоронашон ҳукуматҳои Францияю Чехословакия тиру силоҳи ваъдагиро ҳеҷ не, ки расонанд. Зуд тайёр шудаю баъд аз ним соат ҳуҷумро шурӯъ карданд. Аз қӯшуни Капел ягон нафар нагурехт. Балки камонҳои бе тир дар даст чун девор ба муқобилашон меомаданд. Аз ин сӯ пулемётҳоро қатор монда паронданд: “девор” ғалбер барин сурох мешуд, қисм-қисм пора шуда меафтод, вале пеш омаданаш қатъ намешуд. Даштро мурда зер кард. Якчанд ҷанговар ин ҳолати дилрешро таҳаммул карда натавониста, ба сари пулемётчиҳо тохтанд: “Модарбаҳатоҳо! Инҳо ҳам рус! Ҳамдиёр!..” Қариб занозанӣ мешуд. Хабарро ба Фрунзе расонданд. Ӯ савори асп омаду бо хашм чунин суханҳо гуфт: “Ин чӣ гап?! Чӣ андешаи ботил?! Шумо хуб медонед, ки беҳтарин фарзандони Русия худуди дусад сол аст инқилобу озодӣ гуфта, ҷонбозиҳо карданд! Шумо медонед, ки дар бадтарин ботлоқҷойҳои Сибир маҳкамаҳо сохта, онҳоро ҷой мекарданд, ки зудтар муранд! Ман медидам, ки ҳар рӯз чӣ гуна онҳоро қатл мекарданд! Ҳамонҳое, ки аз рӯбарӯйи шумо меоянд, онҳоро қатл мекарданд. Имрӯз дилсӯзӣ мекунед, пагоҳ онҳо қувват гирифта, шуморо мепаронанд!”
Марди ҷиддисимои чашмкалоне аз полки Попов ғурбат кард:
– Шумоён инқилоб меорем гуфта дар Россия мард намемонед?
– Дар Россия мард бисёр, – гуфт Фрунзе. – Аммо касе зидди инқилоб ҳаст ба вай ҷой нест!
– Онҳо шуморо зиндон мекарданд, намекуштанд. – гуфт мард бо ғазаб ва аспашро луказанонда рафт.
Он лаҳза байни сарбозону сардастаҳо боз хеле баҳс шуд.
Аз армияи Капел одамони башумори ҷон ба саломат бурданд. Ва ҳамон вақт ҳам агарчи ғалаба карданд, ҳолати норизоии ғашовару афсурдагӣ [афсурдагӣ] хеле вақт ҳамроҳи Чернов буд.
Сарбозони ротии Семёнов мурдаи аспро ба аробаи чорчархи ҳукандӣ бор карда, тараддуд доранд мурдаи дуюмро бор кунанд. Он сӯтар як гурӯҳ таҳҷоиҳо ҳам ароба овардаю машғули мурдаборкунианд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё