Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Аз масҷиди паси ҳавз марди лоғарандоме, ки саллаю яктаҳи алочаи тар дорад, назди як гурӯҳ муллобачаҳои дуртар аз ҳавз истода меояду байнашон чунин гуфтугӯ сурат мегирад:

  • Мурдаҳои фирқаи болшевикро ҳам фурорем?
  • Фуроред, болшевик ҳам бандаи Худо!
  • Ҳазрат, барои онҳо ҷаноза чӣ даркор? Намозхонро мекушанду!
  • Дар зинда буданаш болшевик буд. Мурдая ҳукмаш дигар.
  • Воллоҳ - билоҳ, агар ба мурдаи болшевик даст расонам, домулло! Мурдаи болшевик садқаи ҷаноза шавад!
  • Рост, инҳо арақ хӯрда, пас ба ҷанг медароянд.
    Домулло нигоҳи тезе ҷониби шогирдон андохта дигар баҳс намекунад.
    Мурдаи ҳузарбе, ки сараш шамшербур шудааст ва куртаю эзораш аз хуни лолагун аст, ҳангоми аз ароба фаровардан аз дасти муллобачаҳо меафтад. Вайро чоркаса кашола карда меоранду муллобаҷае, ки саллашро дар миёнаш бастааст, фарёд мекунад. Инро беҳуда фуровардем! Эзораш олуда!
    Домулло ба тариқи маслиҳат мегӯяд:
  • Ба олудагии эзораш коратон набошад. Ин пагоҳӣ вай ба ниятӣ мудофиаи ватан аз хона баромада буд. Фардо дар арасот вақте ҳамаро мехезонанд, ба ҳамон ниятӣу ҳолате мехезонанд, ки дар он роҳ ҷонашро дода буд. Масъала ин ҷаст.
  • Дузд бошад, дар роҳи дуздӣ мехезад?-мепурсад ҷавони чашмкалони бадкавоке нописандона.
  • Бале, мехезад ва шарманда мешавад. Ин одамкушҳои муртад ҳам шарманда мешаванд. - Домулло аробаеро, ки мурдаҳои аскари сурх дорад, нишон медиҳад.
    Муллобачаҳо дигар гапгардонӣ накарда, мурдаро оварда, дар қатор хобонданд.
  • Мурдаҳоеро гиред, ки ҳама узвҳояшон барҷо бошад!-меафзояд домулло. Чернов даҳон пур мекунад, ки пурсад: “Агар ягон узваш набошад, мумкин нест ҷаноза кардан?” Вале худдорӣ мекунад.
    Муллобаҷае, ки саллаашро дар миён бастааст, бо овози баланд “Салоту ҷаноза! Салоти ҷаноза!”- гуфта хабар дод.
    Пештар касе ин овозро мешунид, зуд ба намози ҷаноза меомад, то ки қарзи фарз кардаю аз савоби намоз намонад. Ҳоло аз масҷид ва атрофи саҳн ҳашт-нӯҳ нафар муздур сарам-дилам меоянду халос. Аз раҳақиҳо як нафар мӯйсафеде, ки ҷома дар китф дорад, харашро раҳо карда, омада ҷомаро ба кунҷе ниҳоду ба саф истод.
    Домулло пешии саф баромада гуфт:
  • Ин бародарони мусалмон машғули зиндагии осуда буданд. Имрӯз ба ҳимояи дину ватан бар зидди ин кофирони ҷаббор хестаю ба шаҳодат расидаанд. Шаҳид то рӯзи қиёмат ба пайвандон ва мардуми шаҳраш шарофат мерасонад. Ин азизон шаҳид шудаанд. Мо, зиндамондаҳо, масъулем, ки бо онҳоро ҷаноза кунем. Фармудаи Расули Худо “Мӯъмин бародари мӯъмин!”ро ба ҷой биёрем.
    Аз пас касе садо кард: “Дар ин ҳавз мурдаи маҳшар хоб аст”... Мурдаи Абдуҷалоли Тӯпчибошӣ ҳам дар ҳамин ҷо!
пешина
аз 613
навбатӣ