Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
- Абдуҷалол бошад, зуд биёред, - гуфт домулло. - Танашро озор надиҳед. Он шаҳбоз дар ин чор рӯз баҳри ватан чӣ қадар ҷонбозиҳо кард... Пас пеш гузашта “ба ният бошед!” гуфта намозро шурӯъ кард. Намози ҷаноза ду дақиқа вақт мегирад.
Чернов, ки бо ин расму оин шинос аст, ба онҳо кордор нашуд. Намоз тамом шудан замон чашмаш ба Семёнов афтид, ки ҳамроҳи Манучеҳр пеш-пеши дастааш аз ҷониби кӯчаи Тӯпхона меоянд. Инҳо душманро аз дарвозаи шаҳр берун карда омаданд. Аз паси онҳо як гурӯҳ сарбозони дастаи загорский пайдо мешаванд. Ба хотири Чернов меояд, ки Манучеҳр бо навкаре ҷангкунон ба кӯча даромада буд. Ҳаваси шӯхиаш омад вале худро ҷиддӣ вонамуд карда пурсид:
-
Сержант Мирозев, оқибати муҳорибаатон бо навкари биникалон ба чӣ анҷомид? Аз афташ гурехта рафт?
-
Не, рафиқ сардор. Ӯро аз дари дӯзах дарун тела кардаю аз пасаш як лагад зада дарро сахт баста, ақиб гаштам.
-
Ҳеҷ боварам намеояд, - Семёнов ба шӯхӣ ҳамроҳ мешавад. - Ба тангкӯча даромадеду ту зуд баргаштӣ.
-
Ҳақиқати ин воқеаро аз ман пурсед. - Загорский вазъи суҳбатро пай бурду ҷониби Чернов ба тариқи низомӣ муроҷиат кард: - Рафиқ сардор, Амони Калтаро аз пасашон равон карда будам. Вай омада гуфт, ки дар ҳамгашти кӯча ҳарду гӯшакӣ карда ҷудо шудаанд. - Ва ӯ ҷониби Манучеҳр мегардад. - Оҳ, шумо, шарқиҳоро, шинохтан чӣ қадар душвор аст!
-
Ҳой, Михаил Загорский, ҳамон Амонро ҳам чизе мегӯяму туро ҳам! - Манучеҳр ба атроф нигариста Амонро кофтанӣ мешавад.
-
Ман ҳам бовар намекунам, - мегӯяд сержанти взводи 3-юм Ҷангиев Ҳасан, ки ба наздикӣ сардори взвод таъйин шудааст. - Дар кӯчаҳои танги Бухоро шахси аспсаворро доштан аз имкон берун аст.
-
Барои ту барин даббаҳо мушкил! - Манучеҳр ба Чернов арз мекунад. - Дар хотир доред, ӯро Ҳасани чувоз мегуфтанд! Пои луч чувоз мекашид. Наздатон оварда гуфтам, ки ба кор гиред. Ана, оқибати некӣ. Рост мегуфтаанд, ки “гушна сер нашаваду луч - пӯшида!”
-
Рост, он вақт маро Ҳасани чувоз мегуфтанд, ҳоло сержант Ҷангиев мегӯянд. - Ҳасан сӯйи Чернов менигарад. - Ё нодуруст мегӯям, рафиқ майор?
-
Бале, ҳамин тавр аст, - Чернов чун пешина ҷиддӣ сухан мекунад ва нигоҳашро аз Манучеҳр наканда мегӯяд: - Мехостам, ки туро ба медал пешниҳод кунам, акнун намешавад.
-
Рафта мурдаи он лаънатиро меорам, - Манучеҳр сари аспашро мегардонад.
-
Сержант Мирзоев, бе иҷозат рафтан мумкин нест. - Чернов хандаашро базӯр медорад: - Худамон таҳқиқ мекунем, - гуфт.
-
Ман хоҳ-нохоҳ он тараф равонам, - гуфт Манучеҳр. - Мехоҳам хонаеро, ки сӯйи мо пулемет монд, хабар гирам. Шояд он ҷадидро ёбам.
-
Ҳамроҳат одам гир, - гуфт Чернов.
Дар даромади кӯча ба Манучеҳр Загорский ҳамроҳ шуда гуфт:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё