Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

– Лаҳзае, ки аз бом поин фуромада, ба хонаи паҳлӯ гузаштам, дар остона духтареро дидам, ки сахт соҳибҷамол буд. Мехоҳам ӯро дидаю аз ҳолаш огоҳ шавам.
– Ту ба он духтар чӣ кордорӣ? – Манучеҳр бо нигоҳи қаҳролуд ба Загорский зеҳн монд. – Ту ба он духтар кордор nabosh! Вай моли ман аст.
– Моли ту? Ту он «мол»-ро кай харидӣ? – Корро ин тавр ҳал намекунанд, ошно. Интихоб дар дасти духтар аст. Ӯро мепурсем: бигзор худаш интихоб кунад!
– Ин масхарабозии интихобкунӣ дар ҷойи шумост. Дар ҷойи мо бо падараш гапро мепазонанд, падараш ба модараш мегӯяд, ки тайёриатонро бинед, фалон рӯз тӯй.
– Ин номаъқулӣ дар Бухорои куҳна буд, ҳоло Бухоро нав шудааст.
– Ҳоло Бухоро нав нашудааст. Ҳоло амир дар ҳамин атрофҳо. Яке бозгашта меояд.
– Яъне, ту дилпур ҳастӣ, ки амир гашта меояд, армияи сурхро мезанаду боз ҷояшро мегирад?
– Рафиқ лейтенант, гӯш кун, ту суханҳои маро чаппароста кардӣ. Лучу пусткандаи гап ҳамин, ки мусулмон мардум ба урус ҳеҷ гоҳ духтар намедиҳад.
Таъна мекунанд. Барои ҳамин, илтимос, ту аз баҳри ин орзуи беҳосил гузар.
Мон, ман духтарро гирам.
– Хуб, то он хона ҳамроҳ меравем. Ҳоло ҳеҷ чиз маълум нест. Шояд вай шавҳар дорад.
– Шавҳараш ҳам бошад, ба ӯ маслиҳат медиҳам, ки заната сар медиҳӣ, чӯра!
– Оҳ, ту чӣ хел каси хатарнокӣ! – Загорский нигоҳашро аз Манучеҳр наканда ба роҳ медарояд.
Дар майдон одамон аз ҳар тараф тарсидаю ларзида, ҷамъ меоянд. Як гурӯҳ аз масҷид баромада, ба сӯйи майдон равонаанд. Муҳаммадшариф назди Чернов омада, ҷониби онҳо ишора кард.
– Онҳое, ки дар масҷид саф кашида менишастанд, нияти ҳамин сӯ омадан доранд.
Чернов меандешад, ки ба онҳо чӣ гӯяд. Муҳаммадшариф авзои ӯро пай бурда, ба овози паст огоҳ мекунад:
– Дар байни инҳо бухорой кам аст. Бештар муздурҳои аз кӯҳистон омада ва баъзе муллобачаҳоянд.
Омадаҳо то рафт зиёд шудаю ба тоҷикию узбекӣ изҳори шодмонӣ мекунанд.
«Қанд занед! Офарин! Яшасун! Қизил армияга ката рахмат!»
Чернов бо ризомандӣ сар меҷунбонад: бори дуюм ба хотираш мақоли «Ғолибро сарзаниш намекунанд» меояд. Ва ба чеҳраҳои тарснишастаи одамон зеҳн монда, табассум мекунад.

Саҳни чойхонаи Мусаллохона серодам менамояд. Муштариён қисме аз аспу
улогҳояшонро ба дарахтзорҳои рӯбарӯи саҳн, ки баъзе зард шудаанд, бастаанду
баъзеро ҳайдаб кардаанд. Мансур Ҷовидро, ки ҳоло ҳам як-як ҳиқақ мезанад,

пешина
аз 613
навбатӣ