Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
аз бараш поён ниҳода, ба чеҳраи чун пахта сафед шудааш бо хавотирӣ зеҳн монда гуфт:
– Дар ин соягӣ сабр кун, ман рафта ҷой мегираму омада туро мебарам..
Ҷовид сар ҷунбонд. Ӯ мехоҳад, ки ҳикак заданро бас кунад. Вале он мысли чашмаи булук худ аз худ берун меояд. Ин ҳолати аз ихтиёр берун аламашро бештар меорад. Ҳангоме ки онҳо болои кати чойреҳтаю норӯфта ҷой гирифтанд, чашми Ҷовид ба Муллоносири дароз, ки се рӯз пеш дар корвонсаройи Қаровулбозор паҳлӯи ҳам нишаста буданд, меафтад. Домулло яктаҳашро таҳ кардаю дар паҳлуяш гузошта, ба ӯ эътибор намедиҳад. Нигоҳаш ба самте андармон, ғарқи андеша. Шогирди чашмсурҳаш дар паҳлуяш. Онсӯтар ду марди деҳқоннамо нишастаанд. Яке риши сиёҳи дароз ва саллаи фарсуда дорад, дигаре ҷавони сиёҳҷурда буда, як гӯшаи кулоҳи сараш дарида аст. Дар наздашон нони сиёҳи нимаш пора карда. Он сӯ аксари катҳо одам доранд. Дар чеҳраи ҳама нишони тарсу изтиробу ташвиш ҳувайдост. Ин ҷо дуду чанг камтар. Ҳар гоҳ ки аэроплане наздик меояд, онҳо дар таҳлука меафтанд. Баъзеҳо мисли аспи раманда ба гурехтан тайёр мешаванд. Хуши Ҷовидро бештар самоварчии сарлучи шикамғафси каллакалоне, ки дар паҳлӯи самовор рост истодааст, ба худ ҷалб мекунад. Ӯ аз болои куртаи суф миёнбанд дорад ва гоҳе ба шитоб дохили самовархона медарояду боз ба ҷояш бармегардад. Ҳар гоҳе аэроплане наздик ояд, “онаи шумоён шаҳрсӯзҳоро...” гуфта дашном медиҳад. Дар ошхонаи дарун ду нафар ошпаз дар назди деҳқояшон гирумон доранд. Ба мизоҷон ҷавонписари гандумгуни жӯлидамӯй хизмат мекунад. Дили Ҷовид чизе намекашад, ӯ бемадорӣ ҳис мекунад. Мехоҳад дар ҷойи нишастааш дароз кашида хоб равад. Падар кабобу чой овардаю аввали чойро ба домулло дароз карда, изҳори хурсандӣ мекунад: “Кӯҳ ба кӯҳ намерасаду одам ба одам мерасад”, мо боз вохӯрдем.
– Бале, – гуфт домулло ва боз хомӯш шуд. Он шавқу ҳаваси суҳбаторияш нест.
Ин марди қоматбаланди изтиробзада омада, паҳлӯи деҳқонҳо ҷой гирифта гуфт:
– Корвонсарои Шайх Камолро зада нобуд кардаанд. Бумба дар саҳни корвонсарой афтида, аксари ҳуҷраҳоро харобу вайрон кардааст. Якчанд мусофир мурдаанду нисфи дигар маҷрӯҳу маслуқ. Ҳама колояшон, ки аз Чин оварда буданд, аз қабили шолку, чиниворӣ таги вайронаҳо мондаанд. Дар саҳн оғили калоне доштааст, барои аспу улоқҳои мусофирон. Ҳайвонҳо ҳам нисф мурдаю нисф маҷрӯҳ. Мурдаҳо варам карда бӯй кардаанд. Он аҳволро дида ҳам метарсӣ, ҳам раҳмат меояд. Ҳавлии Шайх Камол дар пушти корвонсарой буд. Ба ҳавлӣ дароям, касе нест. Як хонааш осеб дидааст. Ду-се нафарро пурсидам, ки худи Камол зиндааст? Касе чизе намедонад. Шаҳр пури парон-парон. Аз осмон ҳам парон-парон доранду аз замин ҳам. Мардум ваҳшатзада, хонаю дарашонро тарк карда мегурезанд. Ман ҳам тарсида ақиб гаштам.
– Шаҳр немеравем, – деҳқони сиёҳҷурда рӯймоли нондоштаро ҷамъ кард ва афзуд: – Борамонро баргардонда мебарем.
– Соҳиби корвонсарой ба шумо шинос буд? – пурсид дигаре.
– Ҳа, хешӣ доштем.
– Дар тақдири хешатон ин рӯз навиштагӣ будааст. Чӣ гуфтед, домулло?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё