Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан
  • Падар табакро ба байн давонда, ӯро муроот кард. - Марҳамат кунед, гӯшт гиред.
  • Додар, суханатонро нафаҳмидам, - гуфт домулло ва баъде ки падар суханашро такрор кард, ӯ бо аломати тасдиқ сар ҷунбонда гуфт:
  • Бале, умру ризқ азалиянд. Ҳамроҳи соҳибашон ба ин дунё меоянду ҳамроҳ мераванд. - Домулло як пора нонро ба равғани кабоб зада, ба даҳон андохту даст пок кард.
  • Дар вохӯрии пештараашон гуфта будед, ки ба дидани устодҳоям меравам, ягон нафарро вохӯрдед?
  • Як нафарро дидам. Дигарҳоро наёфтам.
    Падар беҳабсалагии домуллоро дида ба Ҷовид муроҷиат кард.
  • Гӯшт гир, қувват пайдо мекунӣ. – Ва як бурида гӯштро маҷбур ба дасташ дод.
    Муллоносир ҷониби Ҷовид, ки ҳам месулфад ва ҳам дилаш беҳузур мешавад, зеҳн монда гуфт:
  • Партой ҳам боке нест, писарҷон, сабук мешавӣ.
  • Аз дирӯз боз чизе нахӯрдааст, - гуфт падар.
    Домулло ба ҷабини Ҷовид даст ниҳода, аз назди шогирд чойникро гирифту ба пиёла чой рехта, ҷониби самоварчӣ ишора карда гуфт: “Инҳо обро хуб намеҷӯшонанд» ва дуо хонда ба об куф карда, ба лаби Ҷовид дошт:
  • Нӯш, ҷони бобо, иншооллоҳ, нағз мешавӣ, - гуфт ва ба Мансур маслиҳат дод: - «Бомбаҳои кофирҳо чӣ балое доранд, ки аксари кӯдакону занҳоро ба дарди ғасаён (меда) гирифтор кардаанд. Ба писар алҳол равғанӣ надиҳед. Хона ки рафтед, бештар ҷурғот хӯрад, дилбеҷояшро мебурад.»
    Ранги Ҷовид гӯйӣ каме равшан шуд, нон талаб кард.
  • Акнун ба ҷойи кор гашта меравед? - падар пуле ба дасти домулло қапондиӣ шуд, ки ӯ ба шиддат сар ҷунбонд: “Монед пулатона, - гуфт. - Дар чунин вақту соат аз Худо талаби мағфират кунед!» Ӯ муддате хомӯш истоду пас ба падар гуфт:
  • Мо саҳарӣ хеста рафтанӣ будем, ки овоза омад: ҷаноби кушбегӣ Низомиддинхоҷа бо чор ҳазор аскар ба ҷиҳод даромадаанд. Қасам хӯрдаанд, ки кофири ба шаҳр қадамниҳодаро сар мезадаанд. Ва акнун охири корро интизорам.
    Ранги падар дигар шуд, вале чизе нагуфт:
  • Домулло, хубаш аз роҳ намонед, - гуфт деҳқони ҷавон. - Аз дасти амир чӣ омад, ки аз дасти кушбегиаш биёяд?
  • Додар, шайтон ноумед аст. Бандаи мӯъмин мудом умед аз раҳмати Парвардигор дорад. - Домулло саллаашро ақиб тела дода, ба атроф нигарист.
  • Аскари урус чанд дарвозаро лабу лахт карда даромадааст, - гуфт деҳқони ришдор. - То Регистон зер карда омадаанд...
  • Низомиддинхоҷа ҳам аной не, - домулло ҳам бо дилпурӣ сухан мекунад.
  • Аз рӯйи шунидам, он кас ҳам тӯпу пулемути зиёд доштаанд.
  • Пиракии Низомиддин чию ҷанги рус чӣ? - Самоварчӣ, ки назди дар рост меистод, ҷониби домулло тамасхури нешдор кард. - Бо чор навкари гурезаю чор муллобачай беэзору бекурби ҳавоидаҳон чӣ кор буд мешавад?!
  • Қӯшбегиамон чандсола? - пурсид деҳқони сафедрӯ.
пешина
аз 613
навбатӣ