Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан
  • Воллоҳаълам ё якам ҳаштод ё дар ҳаштод ҳастанд,-гуфт домулло.
  • Қувват доштааст, ки ба чунин кори хатарнок даст задааст.
  • Он ҳазрат ҳоло аспбарин, -гуфт домулло.-соли гузашта тӯйи калон карда духтари ҳаждаҳсоларо ба зани гирифтанд.
  • Ҳар бойю мулло, ки ҳафтогӣ зан гирифт, пас ба мо зан мерасад? -Деҳқони ришдор ҷониби ҳамроҳонаш заҳрханда кард.
    Домулло ба суханони деҳқон эътибор надода ҷониби Мансур нигариста гуфт:
    -Додар, нусрат ҳам аз ҷониби Худованду нуҳсат ҳам. Дар хотиратон бошад, дар ҷанги Колесуф омию уламо ва касе, ки дар умури давлат дар хизмат буд, ҳама якҷо шуда бо як ҷӯшу хурӯши фавқуллоҳа аскари ҷаррори Колесуфро зада-зада, аз Когону Қизилтеппа ҳам он тараф бурданд, роҳи поездашонро канданд, сими телграфияшонро бурида бартараф карданд, ки дар ин ҷойҳо ному нишонаш намонад.

Ин дам як гурӯҳ одамон аз ҷониби шаҳр омада, бештарашон ба шитоб аз дарвозаи Мусаллохона баромада рафтанд. Чор нафар сӯи чойхона омаданд. Аз қиёфаашон маълум, ки дар таҳлукаанд. Вале самоварчӣ ба онҳо нигоҳ накарда, ҷониби домулло манша кард:

  • Худатон дар он ҷанг будед, домулло?
  • Бисми-л-Лоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим, худам ба кандани роҳи поезд ёрӣ додам. Он замон ҳамаи муллою муллобачаҳо ба ҷанг баромаданд. Ман метавонистам, ки наравам?
  • Шумо, домуллоҳо, ҳеҷ аз сару садоҳои воҳимаангезатон намондед.- Самоварчӣ қасдан бо овози баланд сухан мекунад, ки ҳама шунаванд.- Колесуф ҳамагӣ ҳазор аскар дошт. Шумо ҳамроҳи аскари амиратон аз сил ҳазор зиёд ҷамъ шуда, ба муқобилаш баромадед. Ҳангоме ки зада аз дарвозаатон дарун кард, сулҳ мекунем, сухани шуморо иҷро мекунем гуфта, фиребаш кардед. Шаб ки шуд, ҳалқа хезондаю милли мӯру малах часпида, роҳи поездро кандед!
  • Ҳой бародар, ҷанг ҳамаш фириб аст.- Домулло сулҳҷӯёна табассум кард.
  • Ҳазрат, айни ҳақиқатро гуфтед,- шогирди домулло бо эҳтиром сар мечунбонад.
  • Гӯш кунед, ғалаба кардем, мегӯед! - самоварчӣ пештар омад.- Сад миллион рубл товони ҷанг додед? Медонед ин чӣ қадар пул? Ба ин пул ду Бухоро месозед! Роҳи вайронкардаатонро дуруст кардед? Ва аз ҳама дардноктараш, русҳо амиратонро тавба доданд, ки минбаъд на кӯшун медорӣ, на кӯрҳои тиру камон. Бар болои ин саллоти рус ҳангоми омаданаш мардуми шаҳрҳои Хатирчию Карминаро хонасалот кард. Акнун фаҳмидед, ки он чор релси кандаи шумо ба чӣ русиёҳӣ овард?!
  • Ман ба сулҳи Колесуф ва чӣ додану надодани амир чӣ кор дорам?- гуфт домулло ҳамчунон ба табассум, - пурсиред, кори шударо гуфтам.
  • Шогирд ба ситез дузону нишастаю бо чашмони пургазаб нигоҳи самоварчиро доштаӣ буд. Вале вай ба ӯ нигоҳ намекунад.
  • Ин дам аэроплане паст парвоз карда омад. Баъзе муштариён саросема ба саҳни берун давиданд. Самоварчӣ давида ба коргоҳаш даромада, камони русӣ е бароварда, ҷониби аэроплан тир паронд. Ва чун дид, ки тираш намерасад,
пешина
аз 613
навбатӣ