Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
камонро ба тамоми қувват ба дарахти беди паҳлуи самовархона зад, ки чӯбаш пора шуд, пас гашту ғазабашро ба домулло рехт:
– Худатонро олиму аъламу боз чӣ балоҳое ном мегиред! Бист солу сӣ сол хондам гуфта ҳавои даҳон мекунед! Имрӯз, ки мардум таги тиру оташи беамони душман мондааст, ку нишони олимиатон?! Ку он бадале, ки солҳо болонишини будеду шумо афсунгарҳо ба ин халқи мазлум додед! Ку каромотатон! Ку нишони маҳсуле, ки сӣ сол хондед?! Олимӣ ҳам, доной ҳам ба урус мезебад! Аъламию орифӣ ҳам! Не гӯед, пайғамбарӣ ҳам!
– Ҳӯй мард, кофир шудӣ! Ғайри ислома пайғамбар гуфтӣ, кофир шудӣ! – Шогирд хестанӣ шуд, ки домулло китфашро зер карда, бо оҳанги аввала гуфт:
– Астағфируллоҳ гӯед, додар. – Аэроплани рус барин дар осмон паридану халқи худоро ба оташи барқу бало задан, манзили умеду орзуяшро бо зану кӯдакаш сӯзондан кори шайтон, кори чодугарон аст. Шукр, пешвоёни мо моро чунин чодугарӣ ва бад-ин тарз одамкушӣ ёд надодаанд.
– Шайтон! Шайтон худи шумоён! Зӯратон, ки меояд, нодонию нотавониатонро ба гардани шайтон бор мекунед!
– Ин мард аз ҷадидхост! – гуфт шогирд ва ҷониби самоварчӣ дасташро тег кард: – Ин урусу нуғайю тоторҳои болшевикро шумо, ҷадидҳои беимон, ба сари мардум овардед, на муллоҳо! Сӯхтани мадрасаю манзили мардумро шумо, ҷадидҳо, ба дили душман андохтед, на...
– Ба ман нигаред, – Муллоносир сухани шогирдро бурид. – Ин урусу қалмике, ки ба шаҳр даромад, ба хости Худост, вагарна ин ҷо мазорҳое ҳастанд.
– Ҳой мулло! – самоварчӣ бештар хашмгин шуд: – ҳамон мазорат ҳам ту барин дурӯғгӯй! Хости Худо мегӯй! Хости Худо буд, ки Бухоро оташ гирад?! Хости Худо буд, ки занҳо аз тарс дар кӯчаҳо бача партоянд?! Ин қадар мардум хонаю дарашонро тарк карда раванд?! Чӣ, Худо ба бухороиҳо душман шудааст?! Не! Аъламҳо дониста гиред! Ин мардум, ки имрӯз шармандаю шикастаанд, дар роҳ мондаанд, аз бедодию берӯии шумо уламолақабхост! Ба ҷое, ки... Рӯзе ба ин хиёнати бузургатон ҷавоб мегӯед!
Домулло ба як даст зонуи шогирдро зер кардаю ин дафъа ба шиддат ва бо лаҳни “ту” сухан кард.
– Ба кадом далел ин суханро мегӯй?
– Ба кадом далел?! Даҳ сол зиёд аст, ки мактабҳои таълими нав мекушоянд – намемонед – ин далел нест? Дорухона мекушоянд “дард ҳам аз Худою шифояш ҳам” гуфта, намемонед! Асли бандагӣ дарвешӣ, мегӯеду лекин худатон қасрҳо мепӯшед, болои ҳам зан мегиред?! Аммо халқи нодона аз шариат берун по нагузор гуфта, дасту пояшро бастаед! Хуб шуд, ки урус омада, кишвара гирифт! Шумоёнро аз масҷиду мадрасаю пешгоҳнишинӣ берун кардаю дар кунатон чӯб зада, ҳай кард! Акнун шаҳр ба шаҳр гадой кардаю маъною маззаи “дарвеш бош”-ро мефаҳмед!
– Ин ҷадиди беимон аз ҳад гузаронд! – Шогирд парида аз кат фуромад. Вале фурсати дастбардорӣ накард. Самоварчӣ, ки кайҳо ҷангталаб буд, бо як чаҳиш худро ба ӯ расонда, бо калла ба пешониаш зад, ки ӯ пуштиқӣ афтид: – Маро кофир гуфтӣ?!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё