Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Падар хеста самоворчиро дошт. Дар ин асно Ҷовид аз наздик рӯйи сурхи самоворчиро мебинад, ки ҳар ҷо доғи сурх дорад. Ӯ мехоҳад, ки падар муште ба даҳони самоворчӣ занад. Вале падар ӯро ақиб мекашаду намезанад.

  • Самоворчӣ, ту одами хуб набудай, - марди ғафсаке аз кати рӯбарӯ садо дод: - Панҷ сол аст, ки байни шумо, ҷадидҳою амиратон, баҳсу талош аст. Ана оқибати корҳоятон: Бухоро аз дасти дуи шумо рафт, на аз дасти муллоҳо.

Аз кати онсӯтар ҳам марди қадбаланди ришсафеде хеста чизе мегӯяд. Аз нигоҳаш маълум, ки вай ҳам ҷонибдори домуллост. Вале домулло ба онҳо эътибор надода, ба ситез аз кат поин фуромаду шогирдашро, ки ба худ омада буд, тела дод ва рӯбарӯи самоворчӣ шуду бо ғазаб ва овози баланд гуфт:

  • Ҳӯй, маҳмадоно! Ту даъво дорӣ, ки мулло ба мардум тиру туфангсозиро ёд надод?! Аэроплан насохт?! Ба мағзи пӯсидаат гир! Дар бисоти таърихи ҳазорсолаат ҳамин шариат ҳаст, ки ман ба заҳмату хорӣ ёд гирифтам ва касе хоҳад, ёд медиҳам. Шеър ҳаст... Дигар даҳоҳояту пешвоҳоят чӣ роҳе нишон додаанд, ки ман онро рад карда бошам?! Ё аз уҳдааш набаромадам? Подшоҳат ба кадом кор маро маъмур кардааст, ки не гуфта бошам?! Ва рӯзи ҷазо ҳам рӯбарӯи Худои меҳрубон ин суханамро хоҳам гуфт! Аммо кори ту, бебуну бадзот ин аст, ки ба мардум оби ноҷӯшида медиҳӣ. Нони нимдирамаро се дирам мефурӯшӣ! Чунки инсофу имон надорӣ! Ду сухани бемаззаи аз ҷадидҳо шунидаатро дастак карда донотарошӣ мекунӣ! Ва рӯзи ҷавоб довар худаш хоҳад гуфт, ки кӣ нек буду кӣ бад! Кӣ ба халқу ватанаш хиёнат кард!

Самоворчӣ дигар сухан накард.

  • Хом гӯю пухта шунав.- Марди ғафсаки аз кат фуромада ба шиддат ба атрофиён шумовонда, афзуд:- Сухани домулло рост. Имрӯз номи домулло ҷойи таҳқир шудааст; ҷадидаш хестааст, ки мулло бад, кофираш омадааст, ки мул- лоро мекушам. Ку бе муллою бе дин рӯзатро гузарон. Умри одами бе дину бе мулло мисли саги бесоҳиб аст!

Домулло нигоҳашро аз самоварчӣ наканда бо шиддати бештар суханашро идома дод:- Бар зидди душман ҷанг кардан кори подшоҳу сипоҳаш аст, на кори мулло. Илмро илму амал мекунад ҳукумат, на мулло (ҷониби самоварчӣ ишора кард). Акнун ки шумо, ҷадидҳои номусулмон, урусро пеш андохтаю кишварро ба-дин чафоҳо шикастаю хору забун кардед ва ин ба таъби дилатон будааст, якҷоя шаведу тӯпу туфангу аэропланҳои шаҳрсӯз созед! Аммо чашмам намегирад! Шумо ҳам мисли моед, шохи зиёдӣ надоред! Насли мо таъриху одо- бу оинашно медонисту пос медошт, шумо аз он ҳам маҳрум мешавед! Шумо бадбахтҳо хоку оби Бухороя олуда мекунеду бас. Ҳамин номаъқулиҳои душ- манкунию китобсӯзиатон бошад, оқибат ғуломи дари урусу яҳубед, муртадҳо! - Ва шогирдашро, ки пешонааш варам кардааст, пешандоз карда рафт.

Деҳқонҳо маънидорона ба ҳам нигариста ба роҳ даромаданд. Кадоме раҳорах садо баланд кард: “Мулло марди пухта будааст. Самоварчия даҳонаша баст.”

Мансур дигар Ҷовидро гӯшт гир гуфта маҷбур накард. Андешид, ки мулло рост гуфт. Ҳукумати баақл бошад, илму динро ба ҷойи худ шинондаю аз ҳарду баҳравар мешавад.

пешина
аз 613
навбатӣ