Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
Фурсате гузашту дар роҳ як даста аспакиҳо намудор шуданд. Инҳо навкардон аз ҷанг баргашта мебошанд. Аспҳояшон шип-шилта арақ кардаю калавида роҳ мераванд. Сағриҳои васеъашон дар офтоб йилтиррос мезанад. Аз байн поҳояшон парча-парча кафки сафед мепарад. Қамчин зананд ҳам, гаштанаро дигар намекунанд. Соҳибонашон ҳам афсурдаю пажмурда менамоянд. Дар байнашон маҷрӯҳҳои сару китфҳо баста ва хунравон ҳам ҳастанд. Ду-се нафар муштариҳо давида наздики роҳ рафтанд. Ва дарҳол овоза паҳн шуд. “Аспҳо, Низомиддинҳоҷа шикаст хӯрдааст! Кӯчаҳои Бухоро пури мурда шудааст.
Низомиддинҳоҷа ҳам тир хӯрдааст!” Гурӯҳҳо аз ақиб меомада аспҳояшонро тозиёна зада ҳадаҳа мекарданд.
Одамони дар катҳо нишаста саросема хеста, аз паси аспу улогҳояшон равон танд.
– Бачаҷон, мо ҳам меҳезем.-Падар Ҷовиддро озод бардошта ба сари китфонаш гузошт.
Аз роҳ ҳам кӯшуни шикастхӯрда мегузарад, ҳам гурӯҳ-гурӯҳ фирориҳо.
Баъзе фирориҳо борашонро ба ароба бор кардаанд. Ҷовид аз баландии китфони падар атрофро баҳузур мебинад. Чашмаш ба марди қаддарозе, ки як тоб салтаку фарсудаш дар пас чун ҳалқа овезон шудаасту рухсораҳомаш мисли замбуруғи куҳнашудаанд, меафтад. Ӯ аз полони хараш, ки зане бар он савор асту беҳолу оҳиста меравад, дошта бо овози манкаи гӯшхораш шеван мекунад:
– Во-о-ӣ шариато! Во-о-ӣ амири оламгир! Во-о-ӣ Бухорои Шариф!
Писари навҳаташ ҳам, ки худаш барин сиёҳи дароз аст ва дар сар тоқичаи сурхи чокҳояш дарида дорад, тамоми овозашро сар дода, ба падараш тақлид мекунад:
– Во-о-ӣ шариато! Во-о-ӣ амири оламгир!.. Во-о-ӣ Бухо-р-о!
Занаш низ гиря мекунад. Саргиракаш ҳар лаҳза мегеҷаду чеҳраи мисли осӯхтааш намоён мешавад.
Гурӯҳҳои фирорӣ то рафт зиёд мешаванд. Маълум, ки аксар оилаашонро гирифта баромадаанд. Марди сипоҳинамои аспсаворе аз паҳлӯи саллакашолон гузашта пуписаш мекунад: “Чӣ, ҳар барин ҳангос дорӣ?!” Саллакашол як ором мешаваду боз мисли пештара фарёду фиғон мекунад.
Дар назди юнуқҷори он тарафи роҳ марде бори харашро аз нав мебандад.
Занаш нӯҳтаи хари, ки беист ҳангос мезанад, доштааст. Марди раҳгӯзаре аз ӯ пурсид:
– Ашӯрмуҳаммад, куҷо равонед? - Ва дақиқае пас: - Қаерга борасан, Ашӯрака!
Мард бо мушт ба гӯши хар зада ором карда, ситезаманд гуфт:
– Дар ин қиёмат қибларо гум кардаму куҷо рафтанамро медонам? - Ҳар боз ҳанг зад. Мард ресмони борбастаашро сахт-сахт кашида афзуд: - Фарзандҳоямро аз таги оташи ҷадидҳою урусҳо онсӯтар барам мегӯям. Хонаанам сӯхту чор деворам монд. Аз Масковашон омада, хонаи камбагалии маро оташ заданд. Ман онҳоро нашиносам, бадӣ накарда бошам. Илоҳо рӯзи ман ба сарашон ояд!
Дар байнтар, дар ҷое, ки дуроҳа мегӯянд, маҷнунбеди баланде қомат афрохтааст. Онсӯтар аз бед хонаҳои пастаки қатор оташ гирифтаанд. Забонаҳош

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё