Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
оташ сӯи дарахт ҳаракат доранд. Марде ҷома дар китф тез-тез қадам зада, бо тамоми овоз касеро беист дашном медиҳад:
– Алайҳилаънаҳо модарбаҳатоҳо! Мегуфтед, ки ҳуррият меоред, озодию адолат меоред. Тири сӯзон овардед, мору каждум овардед, дарду бало овардед, оташи дӯзах овардед! Рӯзи сиёҳ...
Ҷовид ба одамон зеҳн монда, ба дилаш меояд, ки ҳама аз шаҳр гурезону падараш ӯро ҷониби шаҳр мебарад. Ва ҳамин дам манзарае мебинад, ки он як умр дар хотираш мемонад. Чунон ки дар аввали баҳор яхпораҳои хурду бузурги кандашудаи дарё баробари мавҷҳо пасту баланд шуда галаён карда мераванд, мардум аз кӯчаву тангкӯчаҳо ба роҳи калон рехта, ҳамчунон бо шӯру шеван равонанд. Мардҳо бастаю халхато дар даст, занҳо ҳамроҳи кӯдакҳошон фиғон доранд. Баъзе дар гардани говаш ресмон бастаю пешандоз карда зада-зада меравад, дигаре харасро халачӯб зада, ба шиддат меранад, сеюмӣ аспи аробаашро ҳой-ҳой мекунад. Ва ба ҳамаи ин овозҳо фарёди қаландаре, ки тахтакулоҳе ба сар дорад, ҳамоҳанг мешавад.
Фарёд аз ин замон, ки Бухоро хароб шуд,
Мақҳури дасту панҷаи хирсу қалоб шуд.
Каме роҳ мераванд, ки аробаҳо назди пуле тамба шуда истодаанд. Пешро аробаи чорчархаи ҳуқандӣ банд кардааст. Як чарх ба сурохии пул даромада руст мондааст.
– Ба дигар роҳ мерафтӣ, хуб набуд? – маслиҳат медиҳад падар ба аробакаше, ки дар канори роҳ маъюсу андешаманд аст.
– Дарвозаи Ҳазрати Имом равам, аз ин ҷо ҳам бадтар, – аробакаш норозиёна ба падар зеҳн монда меафзояд: – Он ҷо ҳам боратро мекованд, ҳам худатро.
Назари мард ба мардуми фирорӣ афтода, фиқ-фиқ гиря кардаю бо овози ларзон афзуд: – Имрӯз рӯзи фироқи бухороиҳост.
– Рӯзи фироқ,- падар ба тасдиқу алам сар ҷунбонд. Ва Ҷовидро ба замин гузошта, рӯймоли миёнашро кушода, чашмони об гирифтаашро пок кард ва ба шаҳр зеҳн монда, ба алам сар ҷунбонда илова намуд: - Бухорои нозанин имрӯз мисли дарахти барқзадаю оташгирифта аст.
Аэроплане пайдо шуда паст фуромад. Аз байни издиҳом садо баланд шуд: “Бубинед, пилоташ ҳам шуда моро нигоҳ дорад. Шояд амирро меҷӯяд?”
Аробакаши канори роҳ рӯ ҷониби осмон бо тамоми овоз фарёд мекунад:
– Амир Олимхон ра-ф-т! Ӯро дар даштҳои Қизилтеппа! Ко-в-е-д! –(овозашро боз баландтар карда) Ё дар Чӯли Мал-и-к!!
Ҷовид пилотро намебинад. Ба дилаш меояд, ки як назар бошад ҳам, ягон нафари онҳоро медиҳад. Оё одамрӯ бошанд? Аз афташ, ҳеҷ гоҳ онҳоро намебинад.
Ҷовид дар он лаҳза чунин фикр мекарду ақлаш намегирифт, ки зери осмони кабӯд ҳама чиз гузарон аст ва замонҳо ҳам дигар мешаванд. Ва рӯзе парда меафтаду воқеаҳо урён мемонанд. Некию бадӣ тавре буд, рӯ мезанад. Чунон ки дар баҳорон чашмаҳо рӯ мезананд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё