Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

...Дар охири умри Ҷовид давраи бозсозӣ фаро расиду қаҳрамонҳо, шоҳидон, нависандаҳо рӯйдодҳоро ошкор карданд. Аз ҷумла як маҷаллаи русӣ хотираеро, яке аз он пилотҳоро бо насаби Столяров оид ба рӯзҳои бомбаборони Бухоро чоп кард. Ӯ овардааст:

“То ки душманро ҳарчи бештар ба тарсу таҳлуқа афканем, нӯҳ аэроплан бо
болои шаҳр парвоз кард. Ман ними шаҳрҳои оламро дидаам гӯям, муболиға
намешавад. Аммо он замон Бухорои пурасрору пурафзолро дида, моту мабҳут
мондам. Сари ҳар қадам масҷиду мадрасаҳои пурнақшу нигор бо гунбазҳои
осмониранг, манораҳои боҳашамат, бозору корвонсаройҳои пуродам, ҳавлиҳои
гачқорию гулкорӣ кардаро медидем. Арк дар байни шаҳр мурғи сафеди афсонанавиро мемонад. Мо он ҷо дарахтони тутро дидем, ки ба тарзи ҳайратангез
калонанд. Баъзе аз онҳо як маҳалларо пӯшондааст. Аз баландӣ мегӯӣ ҷодарӣ
зардузикарда аст. Дар болои гунбазҳои боҳашамат тасвири моҳи ҳилол нақш
шудааст, ки ба назарат наву ороста ва асроромез ҷилва мекунад. Дар мадрасаҳо
муллобачаҳои салладор, мисли хонаи занбӯр дарою баро мекунанд. Дар кӯчаҳои
каҷмакаҷ фойтуну аробаҳои хурду калон ва рангоранг дар давутозанд. Одамони
харсавору уштурсавор дар шитоб. Ҳавзҳои обро, ки машкобҳо дар атрофашон
давра нишастаанд, анборҳои сафеди пахта, корвонсаройҳо бо рахту тахтҳои руҳам зада, даста-даста занҳои фаранчидорро мебинӣ. Ва ҳамаи инро гирдогирд
девор печонда муҳофизат мекунад. Дар болои мазору гӯристонҳои беруни девор буда як-як ҳайкали укӯбҳои дар ҳолати парвоз ва дорои боз ким-чи гуна
тасвиру ороиши шарқиёна ва аксар аз тилло. Таҳҷойҳо ба тилло будани онҳо
эътибор намедиҳанд. Баъд аз он ки қалтабонҳои мо чанд ҳайкалчаҳоро канда,
соҳибӣ карданд, фаҳмидем, ки онҳо аз тилло будаанд. Алкисса, Бухоро шаҳри
афсонавӣ ё чунон ки мо мегӯем, шаҳри осорхона буд. Ростӣ, ман дар аввал бо
дасту дили бомбапартой накардам. Ҳатто ҳавас мекардам, ки ақаллан як дафъа
дар кӯчаҳои ин шаҳри дилангез сайругашт кунам. Он хурду бузургро, ки чанд
салла доранд, аз наздик тамошо кунам. Вале ёрон корро шурӯъ карданд ва ин
хотирам суханони пагоҳӣ дар ҷамъомад гуфтаи сардаста омад: “Мо ба ҷойи
Бухорои куҳнаи амир Бухорои нави ҷамъияти сотсиалистӣ месозем!” Ва чунон
ки мегӯянд, “Радди поҳо то лаби дарё бувад”, дудилагиро фурӯ нишонда. Бомбаи аввалро дар канортари шаҳр партофтам. Мисле ки рамаро гург мезанад, ки
одамон ҳамчунон худро ба дару девор мезаданд. Дуди сиёҳи ғализ чун мори
дар қаҳру ситез афтода аз пасашон медавид. Пас аз он ки чанг фурӯ нишаст,
дар вуҷудам шавку чунунии дигар ҳаракат мекард. Бо ғайрату ҳавас гунбазҳои
лочувардиро нишон гирифта, задаю лабу лахт мекардам. Ва чунон ки кишваркушоён заминҳои тасарруфкардаашонро моли худ мепиндоштанд, мегуфтӣ
масҷид ё хонаи задаамонро ба ҳамдигар нишон дода, ишори “аз они ман” мекардему ба завқ механдидем.”

Ҷовид ёддоштро хонда, бо озору алам гиря кард. Пеши назараш боз манзараи ҳамон рӯз омад. Хусусан ҳолати баъди таркиш: духтарачаҳое, ки рӯймоли сабзи нав бастаанду дасти ҳамдигарро дошта шодикунон аз дар баромаданд. Зани қадбаланде ҳамроҳи сагчае аз пасашон баромад. Аз афташ, сагча омадани хатарро ҳис карда буд, ки ҳар дам аз домани зан мекашид: гӯё зорӣ мекард: “Рафтем”.

пешина
аз 613
навбатӣ