Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
ФАСЛИ СЕЮМ
Ба коми оташ рафтани маркази дину диёнат, фирори мардум ва гандидани мурдаҳо дар кӯчаву хонаҳо болшевикро ба воҳима андохт. Онҳо як даста (рота) чобуксаворонро аз пайи амир фиристода боқии артишро ба хомӯш кардани оташ ва гӯрондани мурдаҳо сафарбар карданд. Таҳҷоиҳои боқимонда ва мардуми деҳаҳои атрофро низ ба ёрӣ даъват карданд. Аммо он оташ мори афсонавиро мемонд, ки сарашро аз як ҷой бурӣ, аз чанд ҷойи дигар сар мебаровард. Мансуру Мирзоумед низ рӯзи дувум аст, ки ҳамроҳи ҳаммаҳаллаҳо оташ хомӯш мекунанд. Дирӯз дар қатори чанд хона оташи хонаи домулло Исмоилро хомӯш карда буданд. Домуллои пиракӣ саҳарӣ - рӯзи фирок хари Даҷҷол (аскари сурхро дар назар дорад) даромад, - гуфта бо аҳли оилааш шаҳрро тарк кардааст. Хонааш сиҳат будааст. Рӯзи дигар мехезанд, ки хона оташ гирифтааст.
Ҳамсояҳо ҳойюҳуй бардошта, аз чор тараф ҷамъ шудаю обу хок зада оташро хомӯш кардаанд. Аммо, чунон ки баъдтар маълум шуд, дар мағзи болорҳо алов монда будааст, ки шабона боз ҳаво гирифта дармегирад. Болорҳои аловгирифта қарсу чарс карда садо мебароранд. Дар шафати ҳавлӣ ҳезумхона ва дарахтон наздик - ҳама оташ гирифтаанд. Аз шаш дар хона фақат яке монда, дигар ҳама ба коми оташ рафт. Ҳолдонҳо мегуфтанд, ки кадоме хонаи домуллоро қасдан оташ задааст.
Дар ҳавзҳои атроф об нест. Дар ҳамаи шаҳр об камёб шудааст. Овоза карданд, ки кадоме аз рӯйи душманӣ рӯди ба шаҳр меомадаро вайрону хароб кардааст. Шаҳр, ки бесоҳиб монд, он ҷо ситаму ҷабру ҷафо фармонраво мешудааст.
Мансур баъди нимрӯзӣ ба хона омад ва Ҷовидро ҳамроҳ гирифта ба сайри шаҳр баромад. Мушоҳида кард, ки бозору чойхонаҳоро бастаанд. Аз афташ ҳамаро ба ҳашар баровардаанд.
Онҳо гузари Қозиро гузашта рӯбарӯйи бинои бонки “Русию Бухороӣ” омаданду чашми Мансур ба масҷиди Поянда афтид, ки ду табақаи дарвозааш кандакориаш кушодаю он ҷо сарбозҳо аспсавор даро баро доранд. “Нахоҳ масҷидро аспхона карда бошанд?” Наздик рафта дуртар аз саҳни дарахти тутӣ шиносро дид, ки як шоҳи рост баромада ва ду шоҳи уреб рафтаи нимсӯхтааш мондааст. Дигар шоҳахоро буридаанд. “Дарахтро ҳайф кардаанд, кофирҳои малъун. Дар ин музофот набуд. Ҳам салобат дошт, ҳам зебоияш хурсанд мекард. Яке аз мӯъҷизаҳои ин шаҳри бостонию суннатӣ буд.
Сершоху барг, ки буд,” аз синфи дорост”, гуфтаю дар садади нест карданаш шудаанд...”

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё