Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Мансур аз дари масҷид ба дарун нигаристу дилаш шуввӣ карда рафт. Дар аввал моту мабҳут монд. Гумон кард, саҳван ба ҷои дигар даромадааст. Ба атроф назар кард: Не, ҳамон саҳни озоди шинос, сутуну равоқҳои кандакорикарда ва ҷо-ҷо кафида.... Аз дохил бӯйи порую арақи асп меояд: дар атрофи саҳни зебо аспҳоро бастаю байнро ҷои хоб кардаанд. Ду асп фаҳҳос задаю ҳамдигарро лагад мезананд. Гилему намадҳо қатор партофта, баъзе сарбозҳо ҳанӯз хобанд. Дар надашон либосҳоро таҳ карда мондаанд, мӯзаҳо қатор. “Кофирӣ аз ин зиёд мешавад?” Ба сарбози зардинаи паҳмоқмӯӣ, ки аспоро зин мекард, назараш афтиду гуфт:
– Наход ҷои аспбандӣ наёфтед? Медонистед, ки ин ҷо мардум садсолаҳо намоз мехонданд. Манзили муқаддаси фарҳангию эътиқоду имон аст. Ҳатто сухани баланд намегуфтанд.
– Ошно-тоҷик, ман ҳам ин корро намехостам, – гуфт сарбоз бо забони шикастаи ӯзбекӣ. – Ду шаби аввал аспҳоро дар берун бастем. Дар ду шаби ҳафт аспамонро дуздиданд. Маҷбур шудем. Айби тоҷикони худатон...
Мансур пас гашт ва раҳораҳ пичирос зад: “Ман ҳеҷ вақт тарафи шумо немеравам. Ҳазор озодию амонӣ биёред, ки немеравам.” Назди Ҷовид омаду ҷониби Арк қадам заданд, ба хотираш расид, ки ҳамин баҳор, ҳангоме ки ними гӯсфнонашро дар бозори Самарқанд фурӯхта ба Бухоро омад, боре ба ин масҷид даромада намози аср хонда буд. Таъхир карда хест, ки марди қаландарнусхае аз сафи ақиб ба кунҷи пеш рафта, дузону нишаст. Дақиқае гузашту пиракии ришпаҳне даромада, ҷониби қаландарнусха бо дағалӣ гуфт:
– Намоза хонда шудед? Пас чаро нишастаед?!
Мард ҳиҷолатманд шуду бо нимовоз чизе гуфт, ки Мансур нафаҳмид.
– Ин ҷо ҳар роҳгузар ҳаққи зикргӯӣ надорад, – гуфт бо тундӣ ришпаҳн. – Ин ҷо фақҳону муфассирон зикр мегӯянд! Хезед, аз пайи коратон шавед! Хезед!
Мард “хуб шудааст, хуб шудааст” гуфта, сабук хест ва бари ҷомаашро афшонда рафт. Гӯё онҳо гард гирифта буданд. Мансур ҳам хест ва дигар пояш накашид, ки ба он масҷид дарояд. Ана акнун ба ин макони муқаддас, на фақҳеҳ медарояду на раҳгузар. Манзили хачирону аспҳояду маркабҳо ва кофирҳои арақнӯш шудааст. Шайх Аҳмад дар сӯҳбаташ гуфта буд, ки ҳар воқеае рӯй диҳад, ҳикмате дорад. Ҳикмат ҳамин, ки ин масҷидҳоро дуои ҳамон раҳгузарҳо, ки намегузоштанд онҳоро лаҳзаи нишаста бори дил холӣ кунанд, гирифт... Мансур аз фикре, ки ба сараш омад, норозӣ шуда, худро маломат кард. “Андешаи хато накун”.
Дар канори рости майдон, дар даромади кӯчаи Тӯпхона, дар хирманҷой оташ забона мезанад. Як гурӯҳ сарбозҳо он ҷо гирудор доранд. Дар рӯбарӯи даромади Арк ҳам як даста қатор истодаанд; сардорашон пасу пеш қадам зада, ба онҳо чизе мегӯяд. Дар атрофи Арк ҳам посбонон равӯ доранд ва касеро наздик рафтан намемонанд. Ду рӯз пеш ин дарвоза ва бурчу бораҳои боҳашамат, қасру кӯшқҳои болои Арк – ҳама ба хок яксон шуда дар алангаи оташ қарор доштанд. Ҳоло хоку хиштҳои рехтаро ғундошта, роҳи даромадро тоза карда, оташи қасрҳоро хомӯш намудаанд. Вале ҷо-ҷо дуд мебарояд. Сарбозҳо он ҷойро низ хокпӯш мекунанд. Аммо оташи баъзе хонаҳои атрофи Арк ҳанӯз аланга

пешина
аз 613
навбатӣ