Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

мезанад. Инҳо хонаҳои мардуми доро ва касоне ҳастанд, ки дар ҳукумати амир кор мекарданд.

Сарбозҳои назди Аркро қатор карда, дохил дароварданд. Яқин имрӯз ин ҷо коре доранд. Дар тағи Арк хазинаи Бухоро ҷойгир аст. Шояд онро посбонӣ мекунанд? Аз рӯйи овозаҳои охир, гӯё амир имкони аз хазина чизе гирифтан накардааст. Каллаи бемағзашро гирифта гурехтаасту бас. Чанд нафар сарбоз дар китф халтаҳои бордор аз наздашон гузаштанд. Мансур дид, ки халтаҳо китоб доранд. Фикр кард, ки аз хонаҳои мардум китобҳои хубро ҷудо карда, барои худ гирифтаанд. Дақиқае гузашту боз чор сарбози тануманд ду чуволеро аз ду тараф гоҳе бардоштаю гоҳе кашола кардаю чанги кӯчаро хезонда оварданд. Аз паси сарбозҳо мӯйсафеди айнакие, ки сараш луч ва миёнаш ба рӯймол баста аст, тез-тез қадам задаю бо истироб равон аст. Фурсте гузашту сарбозҳо чуволҳои китобро бурда, ба хирмани дуду оташ рехтанд.

  • “Ин чӣ номакулӣ!? Ин чӣ кори кардаашон!?” — беихтиёр пичирос зад Мансур ва ҳамроҳи Ҷовид сӯйи хирманҷо рафтанд. Он ҷо манзараи дилҳарошро дида, ҳуш аз сараш парид. Хирмани китоб месӯхт. Як гурӯҳ сарбозҳо дар атрофи хирман посбон истодаанд. Китобҳои куҳнаю нав, хурду бузург, баъзеро ҷилд аз пӯст, баъзе ба рӯймол печондашуда, баъзе ордолуд, баъзеро дарозӣ ним метр, ҳатто зиёдтар аз он, баъзе сандуқча барин ғафс. Дар байни оташ ҷо-ҷо сандуқу хӯрҷинҳои пур аз китоб ҳам ҳастанд. Яқин онҳоро аз одамони фирор карда, ки ҳамроҳ бурдани шудаанд, кашида гирифтаанд. Сарбозҳо китобҳои овардаашонро бо ғазабу нафрат пора карда, ба оташ меандозанд. Аммо варақҳои аз абрешими Самарқанд сохта ва даст хӯрда чинҷ шудаю дуди сафед бароварда, сиёҳ шуда, мемонданд. Гӯё навиштаҳоро ҳифз карда буданд.

Оташ як паст мешаваду боз аланг мегирад. Дар атрофи хирман ҳар тараф
одамон истодаанд. Баъзеҳо хомӯш оби дида мерезанд. Баъзеҳо ба овоз гиря
мекунанд. Як гурӯҳ кӯдакҳо дар замини поёни роҳ, ки дарахтони калон дорад,
ҷамъ шуда истодаанд. Сарбози паканаи рӯйтуруше гар гоҳ камонашро ҷониби
онҳо гардонда шарақ-шурук мекунад. Серҷанти танадори чашмтанге ҷониби
одамон пӯписа мекунад: “Чанд маротиба гуфтам, ки ин ҷо наистед?! Китоби
мусодирашуда баргардонида намешавад!”

Ин дам як гурӯҳ сарбозҳо ду аробаи пур аз китоб оварданд. Дар шину хези аробаҳо китобҳо мерезанд. Ҳамроҳи аробаҳо ду мард омаданд; яке қаддарози айнакӣ, ки куртаи сафеди дароз дорад, банди китфҳояш кушода, ва сараш луч аст. Дигаре нисбатан ҷавон, намудаш зардина. Ҷавон, мисле ки каси наздикаш мурда бошад, бо сӯзу алам гиря мекунад. Аз пас зани наҳифандоме меояд. Сарандозаш ба китфаш афтидааст. Чашмонаш гиряолуд. Аробаҳо назди хирман истоданд. Сарбозҳо ҷамъ омада китобҳоро ба оташ ҳаво доданд.

Марди айнакӣ атрофро бо таҳлуқа аз назар гузаронда, ҷониби сарбози
қаддарозе, ки дар аробаи пеш менишаст, зора кард. “Писарам, ин ҷо китоби
нуҷум, авзои кавокиб, санъати устурлоб ҳам ҳаст. Ақаллан онҳоро мегирифтам.”

Сарбоз ба сухани марди айнакӣ эътибор намедиҳад. Нигоҳаш ба хирмани оташ ва одамони атроф банд аст.

Зан сарандозашро дуруст кардаю дасти марди айнакиро гирифта чизе гуфт.

пешина
аз 613
навбатӣ