Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
Нафаре аз байни одамони болои роҳ айнакиро шинохта, ҷониби ҳамроҳонаш гуфт: “Ин кас эшони Ҷалолуддин — муфтии Чорҷӯй!”
Дар ҳамин ҳин Мансур шайх Аҳмадро дида ҳангу манг монд. Ва ба дилаш омад, ки яқин шайх равонаи Афғонистон аст. Ин ҷабру ҷафо ба сари ӯ ҳам омадааст. Акнун фикрҳояш дигар мешаванд. Ӯ ҳамон ҷомаи ҷо-ҷо пахтааш намоёну рӯймоли дар сар мисли салла баста дошт, ки бори нахуст ҳамроҳи падараш дида буд. Ва бо ҳамон бардамию чолокӣ аз паси сарбози танадори сиёҳандоме, ки як халта китоб дар китф дорад, меояд.
Мансур ҳам Хурсанд ҳам, ҳам хавотир шуд. Хурсанд аз дидори шайх, хавотирӣ аз сарбозҳои камондор. Ӯ пеш давида, дасти шайхро гирифт:
– Амак, шумо кай боз дар ин ҷо? — Мушоҳида кард, ки шайх хеле логар шудаю устухонҳои рухсорааш баромадаанд. Аммо дар нигоҳаш ҳамон рӯшанию салобати пешина барҷой аст.
– Дирӯз омадам ё парер буд. — Шайх табассум кардаю аз рӯи одат худро ба нодонӣ зад. Ва тез-тез сухан кард: — Як-як ба мазори Саиди Побанд медароям. Саллотҳо китобҳои мазорро гирифтанд. Онҳо дар зери чанг хоб буданд. Гуфтам, ки инҳо безараранд, бовар накарданд. Куҷо мебурда бошанд гуфта, аз пасашон омадам. Ин ҷо омада хирмани оташи китобро дидам.
Мансур хост сухани шайх “инқилоб бе ҳикмат нест”-ро ба ёдаш биёрад. Ӯ аз дур гап сар кард:
– Ватанамонро, ки соҳиб шуданд, акнун ба китоб даст заданд! Мешавад, ки китоб...
Шайх суханашро бурида локайдона гуфт:
– Китобҳои беҳуда ҳам бисёр шуда буд. Аз он шеъру ғазалу афсонаю ривоятҳо манфиат набуд. Баҳри онҳо худатон дилтанг накунед. Ман хостам “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ ва “Маснавӣ”-и Мавлоноро гирам. — Ӯ андак тавакқуф карду афзуд: — Ҳарду китоби қимат-а! — Ва чунон ки одаташ буд, табассум кардаю нигоҳи синчакоронаашро ба рӯям дӯхта илова кард: — Ҳоло ба мо китобе даркор, ки дар он фикри бедорӣ бошад.
“Ин шайх гоҳ ба худ аст, гоҳ бе худ. Ман аз тут мегӯям, ӯ бед!” – Мансур рост ба чашмони шайх нигариста, сухани дар забонаш чарх мезадаро пурсид:
– Амак, ҳикмати инқилоб дар чӣ бошад, мегӯям?
– Ҳикмат дар дасти Парвардигор, – бо ҳамон оҳанги аввала гуфт шайх. – Ҳикмат табдили замона, зиндагиамон. – Баъд Ҷовидро дида, дасташро ба китфаш ниҳода, суханро ба дигар тараф бурд: – Шумо ба Бухоро барои тамошо омадед?
Мансур хост гӯяд, ки табдили зиндагиро ман намефаҳмам, ки шайх боз ҳам пешдастӣ кард, нигоҳашро аз Ҷовид наканда афзуд:
– Тамошо кардед, гашта равед. Дар шаҳри нимсӯхта наистед, – ва сӯи Мансур нигарист. Мисле ки ба ӯ низ ин суханро таъкид мекард. Ин дам сарбози пакана халтаи китобҳои аз мазори Саиди Побанд овардаро назди хирмани оташ холӣ кардаю китобҳои берунафтидаро бо пояш зада, даруни оташ тела дод.
Шайх ба кори ӯ нигариста, таъбаш хира шуд.
– Чанд нафар аз ақиб “поят шиканад! Гарданат парад!” гуфта садо бароварданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё