Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
Як гурӯҳ сарбозҳои аз кӯчаи Самангон омада низ халтаҳои китобро назди оташ рехтанд. Пас ҳар кадоме китобе бардошта дуртар рафта болояш нишаста аз китобҳо варақ даронда тамоку печонда дуд доданд. Одамони аз паси китобҳо меомада низ зиёд мешуданд. Баъзеҳо ба «Нарас! Дур рав!» гуфтани сарбозҳо эътибор надода аз назди оташ китоберо мегирифтанд. Сарбози дароз ба назди пойҳошон тир паронда онҳоро дур мекард.
Марди айнакӣ дид, ки суханаш ба нағзӣ намегузарад, ҷониби дароз бо ғазаб гуфт: “Чизу чорама гирифтӣ! Курпаю намадама гирифтӣ! Ба китобам чӣ кор дорӣ?! Бар падари ин инқилоба бароварда ҳам лаънату туя ин ҷо роҳи карда ҳам!”
Зан бо тарс дасти мардро дошта, бо ситезмандӣ ва ҳам бо зорӣ гуфт:
– Шумо хуш доред?! Монед ҳамон китобҳоро! Бубинед, китоби ҳамаро мегиранд. Фақат аз они шуморо не!
– Ҳуши ман дар ҷояш, хӯши ин безурӯту бетавфиқҳо нест! Дар вақташ ин ду китоба як аспи пеши бо зину банд дода гирифтам!
Сарбоз камонашро шарак-шурук кунондаю тарафи мард дошт, ки ӯ дасташро хато карда гиребони куртаашро бо ғазаб зӯр зада даронда, банди дилашро луч карда, пеш дамонла, бо ғазаб фарёд зад:
– Парон, номард! Китобама гирифтӣ, зиндагиамро гирифтӣ, парон акнун! -Ва гиря кард. Чеҳраи мард суп-сурх шуда буд. Танаш чун барги бед меларзид.
Зан ба ҷавони зардина ишора карду мардро аз ду тараф даст гирифта бурданд.
Сержанти чашмтанг бо овози баланд чизе гуфт, ки сарбози дароз ақиб гашт.
Дар ин асно шайх бебокона сӯйи оташ қадам монда, китоби “Қуръон” ва “Шоҳнома”-ро бардошта берун омад. Вале пакана китобҳоро бо шиддат аз дасти шайх кашидаю ба оташ ҳаво дод. Шайх боз байни оташ даромада Шоҳномаро бардошт, ки китоби Каломуллоҳ ки дуртар афтидааст ҳанӯз нарасида буд, ки пакана қадаме болои оташ гузошта аз рӯймоли миёнаш дошта берун кашид. Хост китобро гирад, шайх китобро ба синааш зер карда, дасташро силтав дода хато кардани шуд, ки пакана пуштнокӣ калавида даруни китобҳои нимсӯхта афтид. Ба китфу сару рӯйи пакана чанги хокистар парид. Мансур ӯро зуд бардоштаю либосҳояшро афшонд. Пакана дар ғазаб шуда туфангчаашро аз миён кашида, аз паси шайх, ки бепарво қадам мезад, давид.
Мансур пеши роҳашро дошт ва ба русӣ зорӣ кард: “Вай шахси назаркарда аст. Ба худат хуб намешавад...”
Пакана Мансурро задаю тела дода худро халос карданӣ шуд, ки сержант омада бо ситезмандӣ паканаро кашола карда бурд. Сержант сарбози дарозро низ ҷанг кард. Вай беҳуда ба ҳар тараф тир мепаронд.
Мансур дасти Ҷовидро дошта ақиб гашт. Болои чашмашро, ки аз зарби таппонча варам кардааст, дошта лабханд карда гуфт: “Аз паси ин шайх мудом калтак мехӯрам”.
Одамони дар гирди оташ ҷамъшуда, бо овози баланд китобсӯзҳоро дуо карданд:
– Илоҳӣ рӯзи рӯшан набинед!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё