Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

– Илоҳо мисли ҳамин китобҳо сӯзед!
Ҳангоме ки онҳо аз назди бинои дуошёнаи деворҳояш сафед гузаштанд, Ҷовид, “гурусна мондам” гуфт.

Мансур банди андешаҳо сухани Ҷовидро нашунид. Воқеаҳои дар хирман рӯйдода як-як аз пеши назараш мегузаштанд. Муфӣ “парон номард! Китобама гирифтӣ, зиндагиама гирифтӣ”, гуфту худаш рӯбарӯи камон дошт. Рост мегӯяд, барои деҳқон абзору зиндагиаш каланд бошад, барои ин тоифа абзор китоб аст. Дар Самарқанд, Фарғона ин номаъкулӣ набуд. Ин ҷо гӯё қасдан ин корро мекунанд. Шайх сухани аҷиб гуфт: “баҳри китобҳои шеъру ғазалу ривоят худатонро дилтанг накунед.” Ин суханон ҳайронаш карданд. Пас зиндагиамон холӣ намешавад? Оянда чӣ гуна сурат мегирад? Ин қадар мактабу мадрасаҳои олам аз он китобҳо хондаю одами маърака, олими номдор шуданд... Не, ин шайх гоҳ ба худ аст, гоҳ бехуд. Аскари пакана ғалтиду хуб ки ягон ҷояш насӯхт, вагарна дар балояш мемондем. Лекин шайх телаш надода буд...

– Падарҷон, гурусна шудам, – Ҷовид суханашро такрор кард.
– Ман ҳам гурусна. – Мансур беихтиёр ситезманд шуд. – Ҳоло дар ин шаҳр чойхона ҳам намеёбӣ.

Онҳо майдонро давр зада ба чойхонаи Лаби Ҳавзи Девонбегӣ рафтанд. Ними девори тарафи кӯчаи чойхона афтидаю болорҳо овезон аст. Он ҷо як гурӯҳ муздур интизори корфармоянд. Одамеро бинанд, ба умед мешаванд. Мансур дасти Ҷовидро гирифта, ба кӯчаи Лаби Рӯд гузашт ва дид, ки дастаи сарбозҳо аз масҷиди Поянда баромада, ҷониби Арк мераванд. Дарак гирифта, ба пушти масҷид гузаштанд, он ҷо касе ними ҳавлиашро чойхона кардааст. Ба кате ҷой гирифтанду Мансур нону тухм овард.

– Падарҷон, барои чӣ китобҳоро месӯзонанд? — пурсид Ҷовид.
Мансур ҳаваси сухангӯӣ надошт, бо дили нохоҳам гуфт:
– Худат дидӣ, гуфтам, насӯзонед, “не, месӯзонем” — гуфтанд.
– Шумо медонед-у намегӯед, — норизо шуд Ҷовид.
– Калон шавӣ, худат мефаҳмӣ, — гуфт Мансур ва оҳ кашида афзуд:
– Сӯзондани Бухорову китобҳояш нав нест.
– Боз Бухороро сӯзонда буданд? Кай сӯзонданд?
Мансур ҷавоб надод.
– Чаро гап намезанед? Пеш ҳам Бухороро месӯзонданд? — Ҷовид ором намешуд.

– Эҳ бачаҷон... Шаҳрҳо ҳам мисли одамон тақдиру тақдирчунбон доранд... — Мансур ҷойи сӯзони дасташро нӯшиду боз пиёларо пур кард. Давраи дар мадраса хонданаш ба хотираш омад. Устодаш Мавлоно Сайфуддин аз таърихи кишвар чанд суҳбат оросту Мансур ҳамон вақт пай бурд, ки илми таърих инсонро ба тафаккур водор мекардааст. Гузаштаро мисли дарахти чормағзи бузурги пурхема пеши назарат намоиш медиҳад. Фикр кард, ки агар он шунидаҳоро ба Ҷовид гӯяд, онҳо дар зеҳнаш менишинанд у дар оянда ба нигоҳи шахси бохабар ба воқеаву рӯйдодҳо менигарад. Дар ин замонаи пуршӯр, ки зимоми давлату миллат ба дасти бегонаҳо афтодааст, фарзандони мо на фақат таърихи

пешина
аз 613
навбатӣ