Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

худ, балки таърихи башарро бояд донанд, то ки ба дарки воқеаҳо зуд сарфаҳм раванд. На ин ки мисли қавми мо баъди кор аз кор гузаштан, “пула буду шӯла буд” гуфта баҳси беҳосил кунанд. Зимни чунин андешаҳо қарор дод қиссаи аз Мавлоно Сайфуддин шунидаашро, ки айнан ба ин рӯзҳо шабоҳат дорад, нақл кунад. Ҷойи пиёлаашро нӯшиду гуфт:

– Гӯш кун, ҷӯра: саргузашти ҳамин масҷиди рӯбарӯямонро, ки масҷиди Поянда ном дорад, мегӯям, ба хотир гир!

– Дар замонҳои хеле-хеле дур дар ҷойи шаҳри Бухоро ва ин атрофу акноф ҳама ҷангал буду кӯл ва найстонҳое дошт баландтар аз қадди аспу одам. Рӯди Зарафшонро он айём рӯди Мосиф мегуфтанд, пештар Номик ва аз он ҳам пеш Кӯҳак ном мебурданд. Чун он айём зимистонҳои сард меомад, гоҳе барфи зиёд борида, оби кӯҳҳои аз ҷониби Самарқанд меомада ба Мосиф мерехту дарё туғён карда, дашту ҷангалҳоро аз лойобу гилоб пур мекард. Дар ин ҷойе, ки мо ни-шастаем, дарё паҳн ва ба чанд шохоб тақсим шуда мерафт. Он замон ин ҷойҳо макони ҳайвонҳо буд. Баъдҳо одамон пайдо мешаванд. Аввал даста-даста аз ҳаволу сӯрохиҳо ба соҳилҳо мебароянд. Пас ба даштҳо роҳ ёфта, рафта-рафта шумораашон аз ҳисоби тоифаҳои раҳгузар, ки ин ҷо дам мегирифтаанду да-раҳтзору шикоргоҳҳо писандашон омада муқимӣ мешаванд, меафзуд. Ва ҳамон вақт дар ин макон аввалин хонаҳоро сохтанд. Хонаҳои сангини калон, ки дар онҳо як авлод ё як қабила ҷой мегирифт. Зиндагиашон асосан аз рӯйи шикор мегузашт. Ва мудом дар тарс буданд, ки мабодо шикорашон барор нагираду аз гуруснагию сардӣ бимиранд. Баъдтар кадоме аз раҳгузарҳо ҳамроҳаш гандум оварда кориду баъди он ғаллакорӣ ривоҷ ёфт. Мардум аз шикори ҳамарӯза фориғ шуда ба корҳои деҳқонӣ низ расиданд ва зиндагиашон рӯ ба тараққӣ ниҳод.

Дар он аҳд як шоҳоби Мосиф аз майдоне, ки ҳоло Регистон ном дорад, убур мекард. Баъди чандин соли омадану афзудани миқдори одамон, дар ду соҳил деҳу барзанҳо пайдо шуданд. Дар соҳили шарқӣ, дар байни деҳаҳое, ки Исвона ва Вардона мегуфтанд, замини захоберо ҳамвор карда, бозори бутон (бутфурӯшӣ) сохтанду он маҳалро ба лаҳҷаи худашон Виҳор ном ниҳоданд. Яъне ҷойи об. Он ҷо аз ҳар тараф роҳибон меомаданд ва дар паҳлуи бозор, дар пайҷои хонаи куҳнае, ки камубеш деворҳояш боқӣ монда буд, хонаи ниёиш сохтанд (онро Хонаи Қадим ҳам мегуфтанд). Ва дар девори хона сурати худоёни он замон Офтобу Моҳтоб ва ҳайвонҳоро кашиданд. Ибодатгарон ба онҳо саҷда мекарданд. Аммо мардум бештар ба парастиши Офтоб ҳаводор буданд. Ҳар пагоҳӣ, ки офтоб мебаромад, ӯро бо рақсу шодӣ пешвоз мегирифтанд. Бадин тартиб солҳо сипарӣ шуданду тоифае, ки онҳоро муғон меномиданд, дини худашонро ҷорӣ карданд. Дар ҷойи Хонаи Ниёиш аввалин оташкадаро онҳо бино кардаю ба оташ саҷда мекарданд. Он оташкадаро Навбаҳор ном ниҳоданд. Он дин се ҳазор сол пойдорӣ карда буд. Дар он оташкада паҳлавонони номдори мо Рустаму Эрачу Исфандиёр намоз гузоридаанд. Подшоҳон Кайхусраву Кайқубоду Гуштоспу дигарон дар он ба ниёиш буданд. Он ҷо беморонро меоварданд, онҳо аз баракати оташу дуъоҳо шифо меёфтанд. Девори хона чунин шеъре навишта дошт.

пешина
аз 613
навбатӣ