Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
Фурӯхта бодо рӯш, хунинда Гаршосп ҳӯш,
Ҳаме пур аст аз ҷӯш, ануш кун май анӯш
Ҳамеша некӣ кӯш, ки дӣ гузашту дӯш.
Чанд садсола гузашту марде ба номи Зардушт омад. Ӯ ҳамаи динҳоро омӯхта, ба дурустиашон шак овард ва яктопарастиро талқин кард. Ва гуфт: “Оташ мазхари нури Худованд аст, таскиндиҳанда, илҳомбахш ва ба сӯйи Холиқ ҳидояткунанда. Ва аввалин вазифаи Одам дар он аст, ки бояд ба дини Аҳурамаздо бигаравад ва аз нопоқиҳо парҳез кунад. Чунки баъд аз марг одам зинда гардонида шуда, дар адолатхонаи илоҳӣ аз амалҳои неку бадаш бозпурсӣ хоҳад шуд. Ва пас аз он аз рӯи амалаш одамро ба дӯзах ё биҳишт мебаранд. Ба воситаи пули Чиновот (сирот).”
Он замон ин суханҳо нав буданд ва чун тундар танинандоз шуданд. Овоза рафт, ки одам боз зинда мешудааст! Ин орзу, ки дар дили мардум нишаста буд, ба дини Зардушт гаравиданд. Зардушт китоби Авасторо навишту дар он қоидаи динсозию шариатдориро арза дошт ва ҳаводоронро ба он ошно кард. Чун овозаи ин илму амал ба атрофу акноф рафт, Виҳорро – Бухоро гуфтанд. Яъне макони илм. Аммо дар ин олам чизе нест, ки пойдор бимонад. Он дини моро қоҳинони шикамбора бадрӯю бадном карданд. Дар солҳои охир мардум аз ӯ мерамидагӣ шуданд. Дере нагузашта оташкадаҳоро аз беху бун барафканданд. Ин кор аз ҷониби арабҳо шуд. Онҳо бо қувваи бисёр омада, шаҳрро тасарруф карданд, дар ҷойи оташкада масҷиди бузург бунёд карданд. Ин масҷид ду маротиба ҳангоми адои намоз фурӯ меравад ва мардуми бисёре ҳалок мешаванд. Дигар метарсанд, ки он ҷо масҷид созанд. Баъдтар донишмандон ҷамъ омада, тадбир ҷустаю маслиҳат кардаанд, ки агар масҷидро ба намуди ситораҳои ҳафтдодарон созанд, шояд поёнда монад. Ва сохтанд ва номашро “Поёнда” монданд. Аммо дар аввал мардум ба дини ислом ҳеҷ дилгармӣ нишон намедиҳанд. Чор маротиба бо аскари араб ҷанг кардаю созиш намуданд. Ва ҳар дафъа, ки қушуни душман мерафт, намояндаҳоро сар бурида, боз ба дини бобой бармегаштанд. Дар ин миён халқи бисёре нобуд мешавад. Охируламр соҳибони дини нав чунин дастур доданд: “Дар ҳар хона як сарбозеро ҷой мекунед, то ки ӯ ба намозу ниёиши онҳо назорат барад. Дар ивазаш ҳақ дорад, ки аз се як ҳиссаи молу мулкашро соҳиб кунад. Сарватмандон бо арабе ҳамхона буданро таҳқир дониста, манзилашонро монда, беруни шаҳр рафта хона месозанд.
Истилогарон онҳоеро, ки дар шаҳр монда буданд, ҳар вақт пеш-пеш карда, масҷид мебурданд. Онҳо шикоят мекарданд, ки на забонатонро мефаҳмем, на ба ниёишатон сарфаҳм меравем. Мебинанд, ки ниҳолашон пайвандгир нест, мегӯянд: намозро ба забони худ хонед ва дар масҷид мардеро вазифадор мекунанд, ки ҳангоми рукӯъ ва суҷуд бо овози баланд: “Нигуниё Нигунӣ!” ва “Хезедо, хезед!” мегуфт. Ва касе ба масҷид меомад, ду дирам медоданд. Дар аввал бекорону муздурон, пас деҳқононро низ ҳаваси пайсагирӣ боло гирифт. Рафта-рафта домуллоҳо пайдо шуданд. Домуллоҳо бартарии дини навро ба мардум фаҳмонданд. Баъди ин тадбирҳо мардум ба масҷид меомадагӣ шуданд. Дар ҳамон рӯзҳо Бухоро аввалин маротиба оташ гирифт. Сабаб дар он будааст,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё