Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
ки мусулмоншудаҳо молдору ҳолдор шудаю қувват гирифта, ҳар гоҳ ҳамроҳи пешвояшон рафта одамони дар беруни шаҳр хона сохтаро “маҷусӣ!”, “кофир!” гуфта, дашном медиҳанд. Байнашон якчанд маротиба занукӯб мешавад. Боре ҷанҷолашон калон мешаваду чанд хонаи “маҷусиҳо”ро оташ мезананд. Дар ҷавоб онҳо омада аввал масҷиди Пояндаро оташ мемонанд у пас хонаҳоро. Ва ҳамон вақт ҳам чун ҳозира бештари хонаҳои Бухоро месӯзанд. Фотеҳон мисли имрӯз фармон медиҳанд, ки китобҳоро аз хонаҳо ҷамъ карда сӯзонанд, то ки мардум дигар дину дастурҳои гузаштаашонро нахонанду надонанд. Оташпарастонро таъқиб мекунанд. Чанд донишманд аз рӯйи ватандӯстӣ маслиҳат кардаю баъзе китобҳои ба хати меҳӣ (хати пешинаи мо) навиштаро ба арабӣ мегардонанд, то ки аз таъриху тадбирҳои гузашта ёдгоре бимонад. Яке дар китобе байни сатрҳо ситами он рӯзҳоро ифшо мекунад: “Ҳоло лафз ва дину хулқи ман ғарибу бегона шуда ва ба тааммулу азияту озор одат карда ам. Он, ки маро мешинохт, ношинос шудааст. Он, ки аз суҳбатам ифтихор дошт, аз диданам қароҳат мекунад.” Хабари ба арабӣ баргардонидани китобҳо ба фотеҳон мерасаду он бечораҳоро пора-пора карда, пораҳояшонро дар оташ сӯзонда, хокистарашонро ба дарёи Осиф пош медиҳанд.
– Оҳ, чӣ қадар одамони бад будаанд онҳо, – Ҷовид тоқат накарда садо кард.
– Бале, бад буданд. Чунон баду бахилу нодида, ки таҳҷоиҳоро ба кори обрӯмандтаре роҳ намедоданд.. Таҳҷоиҳоро аспсавор медиданд, бадашон мерасид. Ва аҷиб ин, ки бубин: таҳриз боз ба ҳамон тарзу тадбир такрор шуд: китобҳоро месӯзонанд, хонаҳои мардумро соҳибӣ мекунанд. Мансабҳоро ба одамони худашон тақсим мекунанд. Боз... - Мансур худро дошт ва ба андешае, ки оё гуфтаҳояшон Ҷовид мефаҳмида бошад, синчакорона ба ӯ зеҳн монд ва афзуд: -Ҳамин гуна гапу корҳо, ҷӯра. Он оташи деринаро нобуд карданд. Аммо дар ин мулк оташи кини маҷусӣ, кини рофизию, шиъаю суннӣ ва боз ким-чиҳоеро барафрӯхтанд, ки то ҳол гоҳ-гоҳ алангӣ мегираду хомӯш мешавад, алангӣ мегираду хомӯш мешавад.
Аммо Ҷовид, ки интизори шунидани давоми қисса буд, пурсид:
– Ҳамин масҷиди рӯбарӯ ҳамон масҷиди Поянда аст?
– Ҳуди худаш.-Мансур нигоҳашро аз Ҷовид наканда афзуд:- Акнун навбати болшевикҳо шуд. Инҳо масҷидро вайрону аспхона кардаанд. Хоҳ-нохоҳ баъди инҳо боз дигарон меоянд ва ба ин монанд корҳое мекунанд...
– Ин як хонаи ҷангандоз будааст.-Ҷовид ошуфта ба падараш нигарист.
– Сухани ҳақро худат гуфтӣ.- Мансур ба завқ хандид.-Хонаи ҷангандоз. Аз рӯзи бино шуданаш ҳамроҳаш баҳсу наҳсу куштору сӯхтор аст. Ӯ фикр кард, ки ҳангоме Мавлоно таъбаш хуш мебуд, бо тамасхур сар ҷунбонда илова мекард:
– Он замон ки китобҳои оварда, масҷиду муллоғӣ нав буд, сӯҳбатро асосан аз ҳашру ҳисобу ҷаннату дузах мекарданд. Ваъдаи ҷаннату ҷӯйҳои ширу асал, сояи беду хурони биҳиштӣ, ки шаб ба онҳо ҳамхоба мешавӣ, рӯзи дигар боз ба ҳолати духтариашон бармегарданд, мардумро ғуломи ин афсона кард. - Ва бо таАССУфу истеҳзо сар меҷунбонад: - ғуломи мулло ҳам карда монд.
Баъдтар (баъди дусад сол) одамоне пайдо шудаю ба ин қиссаҳо киноя карданд: “Дар он олам кор мудом ошиққозӣ будааст-дия”. Ё “агар арақи ҷабин

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё