Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
нарезонӣ, он сояи беду чӯйҳои асал ба чӣ кор оянд?” Яке аз шаккокон коре кард, ки он дар хотирҳо монд. Ӯ Шарифии факеҳ буд. Худро ба сурати дарвеш ороста чӯберо аз ду ҷониб чун шамъ оташ гиронда дар кӯчаҳо ба шитоб медавид. Мардум ҳайрон мешуданд. Шарифӣ ин чӣ ҳол аст? Оташро куҷо мебарӣ?
– Рафта ҷаннату дӯзаха алов мемонам!-шиддат мекард ӯ.
– Чаро чунин мекуни?-мепурсиданд баъзеҳо.
– Чунки ҳама аз ҷаннату дӯзах сухан мегӯянду дигар коре намонда.
Дере нагузашта Шарифӣ мурд. Мурдаашро дуртар аз хонааш ёфтанд, ки чанд захми корд дошт. Ҳолдонҳо мегуфтанд, ки ин кори морсарони замон аст.
Мавлоно Сайфуддин баъди қиссаро гуфтан тибқи одат даст ба пушт гирифта, рӯӯи ҳавлӣ қадам зада, бо овози паст худ ба худ шеър мунга мекард:
Гарчи таъриҳ афсонаранг аст,
Ман ин афсонаҳоро дӯст дорам.
Зиндагӣ зебост, зиндагӣ зебост,
Оташгоҳи дерина побарҷост.
Гар бияфрӯзиш, рақси шӯлааш то бекарон пайдост,
Варна хомӯш асту хомӯш чун гуноҳи мост.
Мансур ба самте нигариста муддате хомӯш монд. Пас хеста рафт, ки чой биёрад. Марде аз рӯбарӯ омада гуфт:
– Ака, тамошо немеравед? Саллотҳо хазинаи амирро мебаровардаанд.
“Ана барои чӣ имрӯз назди дари Арк даробаро доштаанд”. – Рафтан лозим, – гуфт Мансур.
Одамони дар катҳо нишаста аллакай гап-гапи хазинаро доштанд. Ҷавони доҳунданамое майдонро гузашта омаду дар кате ҷой гирифта гуфт:
– Ба Арк даромадан намемонанд, беҳуда овара нашавед.
Мансур ҳам аз роҳ гаштанӣ шуд. Вале кунҷковиаш боло гирифту фикр кард, ки дар паҳлӯи хазинаи ватан қарор дошта, надонӣ, ки чӣ қисмате дорад, хуб нест. Чоридро бурда аз дари хонаи Мирзоумед дарун карда омад. Ногаҳ назараш ба посбоне афтид, ки аз марде пул гирифту ӯро раҳнамоӣ кард. Ӯ ҳам як қабза каренкаро (пули Керенский) ба дасти сарбоз қапонда буд, ки ба ҷойи бо тӯп зада паст кардаи девори Арк тахтаеро рост монду огоҳ кард: “касе пурсад, гӯй, ки барои тоза кардани роҳравҳо оварданд”. Мансур ба болои тахта баромада, чӯби дар байни девор хобондаро, ки сараш як ваҷаб берун аст, дошта худро боло гирифт. Ва аз наздик кӯшкҳо ва ӯрдаҳои вайроншудаю сӯхтаро дида, дилаш таҳ кашид. Арк ба назараш мисли махлуқи бузурге намуд, ки одамони бисёре ӯро бо тиру чӯбу оҳан зада нимҷон кардаанд. Дар қадим одамон ҳайвонҳои бузургро бад-ин тарз зада меафтонданд.
Ба изтироб аз паҳлӯи бинои вайронае гузашта, сангу хишти роҳро чидаю ҷамъ карда, ба ҷое, ки сарбозҳо намоёнанд, наздик шуд. Эҳсос мешуд, ки ин ҷо нисбат ба шаҳр бӯи дуду ҳаргуна ғубор бештар аст.
Хазина дар қисми поёни Арк аст, дараш дар поёнтари хонаи қӯшбегӣ. Сарбозҳо бо шитоб аз таҳхона сандуку халтаҳоро мебароварданд. Як қисми

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё