Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

сарбозҳо ва ҳангомаҷӯйҳо онҳоро давра кардаанд. Аз дур халтаю сандуқҳои пурбори дар роҳравҳо ҷамъ оварда намоёнанд. Зарфҳои тиллоию шишагӣ дар офтоб медурахшиданд, Аз тамошои онҳо ҳам ҳаввасат меояд, ҳам мавҷи изтиробангези номаълуме вуҷудатро нороҳат мекунад. Мансур назди давра омад, ки дасте сахт аз бозӯяш дошт. Баргашта Низом-маҳдумро шинохт. Ӯ либоси мардикорӣ дар бар дошт. Саллаи фарсудаи нимрангеро то болои чашмонаш фуроварда буд. Мансур нигоҳи рамузҳои дӯсташро мушоҳида карда, фаҳмид, ки Ӯ қасдан либосашро дигар кардааст, то нашносанд.
– Хуб кардед, ки дар ин рӯзи таърихӣ омадед, – гуфт Низом-маҳдум. – Тиллои дар тӯли панҷсад сол ҷамъовардаи подшоҳонамонро тамошо мекунед.
Онҳо ба қатори даврабудаҳо омаданду Низом-маҳдум худро паноҳтар дошт.
Дар байни сарбозҳои борбардор ҷавонони ҳузарби таҳҷой ҳам ҳастанд. Яқин онҳоро аз бозори мардикор овардаанд. Аз таҳхонаҳо чуволҳоро онҳо мебароранд. Сержанти гандумгуни танадоре саллотҳоро гоҳ ба русӣ, гоҳ ба тоҷикӣ “суст намонед!”-гӯён ҳадаҳа мекунад. Он тараф аз зинаҳо ду афсар ва марди мӯйлабисиёҳдори таҳҷой бори аз хазина баромадаро ба дафтар менависанд. Ва дар баландӣ боз ду нафар – яке лейтенанти калони рӯяш гирд, ки аз гирумонаш сардаста буданаш маълум аст, дигаре марди таҳҷоии хушандом, ки камзӯли тоҷикӣ ва саллаи осмониранг дошт, суҳбат мекарданд.
– Он марде, ки бо лейтенант сӯҳбат дорад, номаш Муҳиддин, – гуфт Низом-маҳдум, – вай яке аз бойҳои машҳури Бухоро!. Ҳоло писараш Абдуқодир ҳамроҳи болшевиқҳост. Инҳо ҳам ба гирдоби ин бало афтиданду дигар баромада натавонистанд.
– Русиро медонад, ки бо сардаста сӯҳбат дорад?
– Каму беш медонад. Ин ҷо касе тиҷорати калон дошт, Русиро омӯхт. Чунки бо шаҳрҳои Русия тиҷорати пахтаю пӯсти қарокӯлу дигар масолеҳ дар понздаҳ-бист соли охир фузун шуда рафт ва забондонӣ зарур шуд.
Мансур мушоҳида кард, ки хазина ҳам таҳҷоиҳо ва ҳам сарбозҳоро бесаранҷом кардааст. Баҳусус сардастаи гирдарӯро. Ӯ ҳар баста ва сандукеро, ки мебароранд, ба шиддат “дошта ист!” гуфта тагорӯ карда чӣ доштанашро менависад. Ва гашта-гашта ҷониби сержант таъкид мекард: ягон танга ё чизе аз рӯихат берун намонад. Бо чунон оҳанге сухан мекард, ки гӯё чизу чорааш дуздбурдаашро ёфтаасту онҳоро мешумурад.
Низом-маҳдум як қисми молҳои баровардаро номбар кард.
“Дар сандуқҳое, ки дар канори даҳлез тахт задаанд, тиллои бемӯҳр аст. Халтаҳои паҳлӯяшон тиллои бамӯҳр. Сандуқҳо дар роҳравҳо чидашуда ҷавоҳирот доранд ва ҳаргуна саҳмияҳо ва пулҳои Николай. Амирони аҳмақ пулро бисёр ҷамъ карда буданд. Халтаҳои он сӯ ҳама пури пул. Дар чуволҳои болои суфа тахтзада тиллои хока ва нуқра ҳаст. Дар ин бастаҳо ҷомаҳои шоҳона ва либосвориҳо. Он асбобу анҷом, ҳайкалчаҳо – ҳама аз чинию тилло сохта шудаанд.
Сарбозҳо сандуқу халтаҳоро қасдан корд задаю даронда, танғаҳоро резонда, бар болояшон бо хандаю бозӣ қадам монда, ба нӯги по зада, “амир хазинара барои аскари сурх ҷамъ карда будааст” – гуфта мазоҳ мекарданд.

пешина
аз 613
навбатӣ