Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Ду нафар ҷавони таҳҷои бастаҳои кампалро, ки аз мӯйи уштур бофта шудаанд, бароварданд. Китобҳои шоирони муосир ва замони пеш бо соядасти “Тӯҳфа ба амирам!”, ким-чи гуна алафҳои доруӣ, хумҳои майи сургучкарда, санадҳо, ваколатномаҳо, таърифномаҳои аз замони Темур ва дигар ҳокимон мондаро ҷамъ кардаанд. Аксари саллотҳо майи бепулро нӯшидаю ширакайфанд. Сарбозе сандуқчаи бо махмал печондаро бароварда, сарпӯшаро кушод ва ба атрофиҳо нишон дода, бо овози баланд гуфт: “Бубинед, чизи аз ҳама қиматро худам ёфтам!” Дар даруни сандуқча бриллиантҳои баробари тухм ва аз он майдатар ҷой карда шудаанд. Сержанти гандумгун хост сандуқчаро гирифта ба ҷое гузарад, ки лейтенанти кулҷарӯй “сержант Мирзоев, сандуқро ба ман деҳ!”гуфт ва онро гирифта ба кунҷе ҷой карда, аз болояш ду китоби фарсударо монд. Сарбози қадбаланди чашмкабуде ҷоми аз санги барф барин сафед сохтаеро, ки аз ду тараф даставу атрофаш навиштаҳо дошт, нишон дода, пурсид: “Кӣ хонда метавонад?” Сарбозҳо атрофи чашмкабуд ҷамъ шуданд. Аз давра ҷавони олуфта пеш рафта, қадаҳро гирифта, бо домани куртааш тоза кард ва ба навишта зеҳн монда, ба лаҳни русӣ гуфт:

  • Ин хатти форсӣ не. Аз афташ ба хатти меҳӣ навишта шудааст.
  • Солаш ҳаст? Кадом сол сохта шудааст?
  • Маълум не, - олуфта боз ба навишта зеҳн монд.
  • Ҷоми даҳмардахӯр будааст-ку! - Сарбозе садо баланд кард.
  • Шимоён аз уҳдаи хати худатонро хондан намебароед, - гуфт сарбози чашмкабуд. - Ба ман деҳ! Қадаҳ Маскав меравад. Он ҷо ҳам хатро муайян мекунанд, ҳам солро.
  • Ҳазинаро Маскав мебаред? - ҳайрон шуд ҷавон.
  • Барои шумо мемондем? - сарбоз низ ҳайрон шуд.
  • Вай гумон дорад, ки чунин ҳазинаро гирифтем, ба ҳар кадоме даҳ тангагӣ тақсим мекунем, - гуфт сарбози биникалоне, ки аз майи кӯҳна маст шуда буд ва ҳама хандиданд.

Фақат сержант Мирзоев нахандид. Вай ҷониби лейтенанти гирдарӯ бад-бад нигоҳ мекард.

  • Амир гурехт? - Сарбози ҷом дар даст ҷониби олуфта нигарист. - Акнун чизе дар хазина ҳаст, моли ҳалоли каси ғолиб. Қоидаи ҷанг чунин аст.
  • Пас ин ҷанг ҷанги тассарруфу тороҷ будааст, на инқилобу озодӣ, - ҷавони қавипайкаре, ки ҷуволи нуқра дар пушти ду печ саллааш дар нӯги сараш аст, бо оҳанги шӯхӣ садо дод.
  • Ҷавони олуфта ба оҳанги аввала афзуд:
  • Маълум мешавад, ки он хату хабарҳое, ки рӯзи аввал дар шаҳр паҳн карда мегуфтанд, ки: - “Мардуми шарифи Бухоро, мо дӯсти шумо! Мо фалону бисмадон мекунем!” - ҳама фириб будаанд?
  • Додари сода, бе ин намешавад, - яқин сарбози биникалон зиёд нӯшидааст, ки пешониашро мастона молида бо овози баланд афзуд: - Ба гӯшат гир, ҷӯра! Кадоме гуфта будааст, ки инқилоб ситамдидагонро озод намекунад, истисморгаронро иваз мекунад. Мо ҳақиқати ин гуфтаҳоро дидем...
пешина
аз 613
навбатӣ