Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

ин ки гӯш накард, балки ба таври худ насиҳатам кард: “Амак, ҳамнишиниро бас кунед вайро ҷанозааш хондагӣ -Ӯ ба атроф бо чашм ишора карда, афзуд:- Ҳоло қабоҳаташонро фаҳмида бошанд?

  • Ягон рӯз мефаҳманд.
  • Баъзан ба фикрам меояд, ки хуб шуд Убайдуллоҳҷӯҷа пештар мурд. Вагарна кору кирдори писари бадаъмоли ҷабборзадаашро медид, чиннӣ мешуд.
  • Ҳоло Латифхоҷа дар ҳамин ҷо?-пурсид Муҳиддин. - Шумо ҳамсоя-ку.
  • Вай пештар аз рӯзи фироқ баромада рафта буд. Гурехтани амирро шуниду дарҳол худашро паноҳ кард. Рафтагияш хуб шуд. Рӯзи фироқ хонаашро аз осмон бо аэропланашон чунон алов партофтаю тирзаниҳо карданд, ки як болор ё девори обод намонд. Ҳамаи маҳаллаи моро чунин карданд. Дарахтҳо сӯхта бурафт. Молхонаҳо ба молаш сӯхт. Ҳоло худам дар гӯшаи шаҳр дар хонаи духтарам зиндагӣ дорам. Як умр ба ҳавас хонаю дар кардему... Мо уруса маъдуми хуб мегуфтем, баинсоф мегуфтем... Овози мӯйсафед ларзид.
    Сарбозҳои тилломебароварда пай бурда буданд, ки мӯйсафед хазинадор аст, гап мепартофтанд.
  • Марди ба иқбол будааст.
  • Бубин, чи хел неруманд аст.
  • Тилло дорад. Хонаша кофтан лозим.
    Лейтенанти калон марди мӯйлабдорро, ки ҳамроҳи ду нафар афсар моли аз хазина баромадаро ҳисоб мекарданд, сӯяш ишорат карда, чизе гуфт:
  • Бо мӯйсафед акаи Муҳиддин гап зананд, хуб аст,- ҷавоб дод мӯйлабдор.
    Амаки Файзуллоҳ ба тангаҳо ва пулу саҳмияҳое, ки рӯйи зинаю роҳравҳо рехта буданд, зеҳн монда, ҷониби мӯйлабдор гуфт:
  • Шумо бо инҳоед? Ин чӣ кори кардаатон? Ҳамаи молу чиз дар таги по! Се рӯз шуд мефаҳмам, ки саллотҳо ба таври худ ба хазина дарою баро мекардаанд. Шаҳрро гирифтед, хазина дар дастатон, пас саришта кунед! Онро ба коре истифода кунед, ки халқу Худо хурсанд бошанд.
  • Албатта, албатта, амак,- мӯйлабдор даст пеш гирифта, таъзим кард.
  • Ман аз замони амир Музаффар ин тараф ин ҷо кор кардам,- афзуд Файзуллоҳ.- Дар даврони Абулаҳад сенздаҳ сол ин хазина дар дастам буду як хасро аз ҷояш беҷо накакардаам. Нисфи ин чуволу саноҷҳои чарминро худам дӯхтам. Ин ҷо молу чизи бисёре ҳаст. Қариб панҷсад сол аст, ки ин ҷо чизи хуби ин музофотҳо ба берун аз он ҳам ҷамъ мешавад. Ман аз ёд медонистам, ки дар куҷо чӣ гузошта шудааст. Ба заҳматам дилам месӯзад.
    Мӯйлабдор чизе гуфт.
    Мӯйсафед ба сухани ӯ гӯш накарда, байни халтаю саноҷҳо чарх зад, чандеро даст карда дид, мисле ки вазнашро андоза мекард. Баъзе сандуқҳоро кушода дид ва нафаси чуқур кашида, ба шиддат пӯшониданд. Назди асбобҳо рафта, баъзеро бо нӯги асояш тела доду яке чашмаш ба сандуқчаи таги китобҳо афтид, онро кушода зеҳн монд ва гуфт:
  • Ин ҷо бриллиантҳои тухм барин ва майдатар сад дона буд. Ин ҷо чанд-то... - Ва шумурду афзуд: -Хурду калон сию се дона мондааст. Ҳафтто шамшери тиллоӣ буд ин ҷо, дуто мондааст.
пешина
аз 613
навбатӣ