Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
– Амак, шояд пештар худи амир шамшерҳояро ба касе додааст...
– Вай чунин чизҳоро намедод,– мӯйсафед сухани бурутакиро бурид ва ба ситезмандӣ афзуд: - Аз сандуқҳо пули Николайҳо кам кардаанд.
– Амак, ҳоло ҳамаи пулро набаровардаанд.
– Ҳама пулҳоро баровардем,- садо дод касе.-Дар он халтаҳо ҳам пул ҳаст.
Хазинадори пештара болои халтаҳои дар суфа раҳтзада пуштнокӣ такя карда, бо чашмони калон кушода ва андаке табассум ба шаҳри абгору шикаста нигарист. Зууд рӯяро ҷониби дарёи Зарафшон, ки ҳар дам аз нафасаш шамолак хур-хур вазида гармии ҳаворо мегирифт, гардонд. Аранге табассум кард. Шояд айёми пуровозаю пурдаббаваи гузашта ба хотираш омаданд. Он вақт дар чашми мардум обрӯи хазинадори амири Бухоро аз амир кам набуд.
– Амак, мо аз шумо пурсиданием... - Муҳиддин гап сар карда буд, ки мӯйсафед ба ӯ эътибор надода, ба халтаҳои таги дасташ ишора карда гуфт:
– Ин тиллои Бадахшон аст, тиллои тоза,- сипас бо абрӯи пургиреҳ сӯйи бурутакӣ нигариста афзуд:-Хазина дар дастатон, ман ба чӣ кор лозим шудам, ки пешандоз карда овардед? Олимхон баъди чор соли амириаш “ту пир шудӣ” гуфта, ба ҷоям аз Қаршӣ Имомқулро овард. Имомқул як удайчии дузд буд.
Сардаста бетоқат шуда ҷониби мӯйлабдор ғур-ғур кард. Муҳиддин нигоҳи мӯйсафедро дошта, бо оҳанги маслиҳат гуфт:
– Амакҷон, ман ҳам ин ҷо омада, аз корҳо хабардор шудам. Аз рӯйи сухани сардаста шуморо барои он овардаанд, ки гӯё хазинаи амир дар таҳхонаҳои гуногун будаасту дарҳояшон хишт чидаю маҳкам карда шудаанд. Ва гӯё шумо он таҳхонаҳои пинҳониро медонед. Ман ба инҳо гуфтам, ки ин овозаҳои аҳмақона дурӯғи маҳз аст. Ман ин ҷо калон шуда, чунин суханро якумин маротиба мешунавам.
Чеҳраи мӯйсафед андаке сафед шудаю дар он изтироб мавҷ зад, бо рӯймоли дасташ арақи пешониашро пок карда оҳиста, вале ба зарда гуфт:
– Ҳама тилло ки ҳаст, дар пеши чашматон. Мо шунида будем, ки Шайбак (Шайбонихон) аз Ҳирот тилло овардаю онро ҷудо медоштааст. Ин воқеа чорсад сол пеш рӯй додааст. Ва он тилло дар замони Кучкулихони аштархониҳо ҳам гӯё ҷудо будааст. Баъди он, ки Раҳимхон - сарсулолаи мангитҳо истиқлолияти Бухороро ба даст мегирад, ҳамаро омехта мекунад.
Сардаста боз чизе гуфту мӯйлабдор тарҷума кард:
– Сардаста мегӯяд, ки бе шумо ҳам таърихро медонем, роҳи тиллоро гӯед, вагарна борут монда, худамон меёбем.
Хазинадор ҳам одами тез будааст, ки бафурҷа рафта рӯйи сандуқ нишасту боре ҳам ҷониби сардаста нигоҳ накарда, ҳамчунон ба зарда гуфт:
– Тилло! Аз тилло ин гуруснаҳо сер намешаванд? Хазинаро соҳибӣ карданд, хонаҳои мардумро толон карданд, шаҳрамро, хонааморо сӯзонданд, акнун маро аз ин Арки хоктӯдашуда метарсонанд! Монад, борут мемонад, бумба мемонад, балою батар мемонад, заррае парво надорам. Бароям фарқ надорад, ки ҳозир мемурам ё пагоҳ, ё баъди як сол!
Сардаста ғазаболуд шуд. Ғур-ғур карда атрофи асбобҳо қадам зад, ки Муҳиддин аз китфаш дошта, дуртар бурда, чизе гуфт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё