Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
Мансурро Файзуллох Хоча бештар дар хайрат гузошт. Дар газетахо маколахояшро хонда буд. Тасаввур мекард, ки миёнсол асту чун бухороихрн мансабдор риши гирда дорад. Холо дид, ки як чавони газгушти сафедруй, хамсоли Баходураш аст. Либосаш урупой, бо сари баланд кадам зада меояд. Ба вайронахои атроф гуё бо тамасхур менигарад. Суханони дар сухбати пеш- тар гуфтаи Низом - махдум ба хотираш омаданд: «Аз руйе, ки олимона сухбат мекард, хаводораш шудам». Кош олими хачики бошаду дар байни ин кадар гургу кафторхо саргардон намонад, рузе чун амир Олим шармандаю бе тахту бахташ накунанд.
-
Файзуллох хама корро бо ризоияти Куйбишев мекунад,-афзуд Низом -махдум.
-
Боз хамон тартибу низоми давладории амир Олимхон шудааст-ку! Ме- гуфтанд, ки амир хамаи масъалахои дохилу хоричро ба розигии консулхонай Русия анчом медод.
-
Якин мекунам, ки аз вай хам бадтар мешавад. Аз хозир пеши дили хул чунон корхо мекунанд, ки хайрон мешави. Таксимоти пулу мансад дар дасти худашон. Файзуллохро барои намоиш дар пахлуйшон гирифтаанд. Армия чй хохад, мекунад.
-
Дар масъалаи подшоху пешво мо бахт надорем,-гуфт Мансур ва ба шахрӣ вайрона, ки дарахтхояш барвакт зард шуда, холати маъюсиро дошт, бо дилсузи зехн монд. Ба фикраш омад, ки дар ин шахри агиз чизи мукаддас намонд. Оли му фозиле хам намонд. Овоза хаст, ки турку тоторхои мансабгирифта занхои бекасмондаро ба акди нигохашон медароранд.... -Мансур ин фикрхоро аз сараш дур ронда, овозашро андаке баландтар кард:
-
Фрунзе ба тахчоищо монанд. -Киёфашиносҳо ингуна кулчаруйхои чашм калонро хангомачуй мегуянд.
-
Рост, ба гайр аз хангомачуй буданаш берахми мардумкуш хам хаст, -гуф Низом- махдум нигохашро аз Фрунзе наканда. Хамрохаш кор кардахо мегуянц ки дар Уфаю Урал кири казакхоро баровардааст.
Фрунзе наздик шуда он ҳама асбобу анҷом ва тилою тангаю ҷавоҳирот дар зинаю роҳравҳо рехтаро дида, хандааш гирифт. Ба ҷуволу саноҷҳо даст зад, саросема сандуқҳо, бастаҳоро боз кард. Куртаҳои занонаи бриллиантдӯхти кушода, тамошо кард. Назди асбобу анчомҳои гӯнкарда рафту ба онҳо дурру дароз зеҳн монда истод. Ба ҳаяҷон омада буд, чашмонаш медурахшиданд, лабонаш аз табассум ҷамъ намешуданд. Ниҳоят худро ба даст гирифта, кӯзаи начандон калони тилоиро ба ҳавои даст вазн карда, аз Файзуллоҳ Хоҷа пурсид:
-
Ҳамааш тило бошад? Кош дар даштҳои Пишпек бошӣ ва аз ин кӯза қимматнӯшӣ. - Чашмонаш аз кӯза канда намешаванд.
-
Аксари молҳое, ки ба амир меоварданд, тиллоӣ аст, - гуфт Файзуллоҳ Хоҷа.
-
Дар хазина ҳоло тило бисёр аст?
-
Ҳоло андакашро баровардаанд. Хазинаи Бухоро шуда... - гуфт Файзуллоҳ Хоҷа ва ҳама ба завқ хандиданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё