Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
- Ин касофатро бинед-а! Ин қадар вайронию ҷафоро ба ин замину мардумонаш оварду мижааш ҳам намехӯрад.-Низом-махдум нигоҳашро аз Файзуллоҳ Хоҷа намеканад.-
Дунёро об барад ҳам, худошро ҳамин гуна арому бепарво нишон медиҳад. Бо русҳо равуо мекардагиву гапу гузор мекардагӣ ҳамин буд. Онҳоро ба Бухоро даровардагӣ ҳам ҳамин. Ин аз зоти одам нест. Бо рӯбоҳию чоплусию муттаҳамӣ ба мақсадаш расид.
-
Сардори рота кӯ?-Фрунзе ба Рубенов муроҷиат кард.-Чӣ қадар тило будааст, муайян кардед?
-
Аз рӯйе, ки саночу халтаҳоро ҳисоби тахминӣ кардем, тило аз ҳафтсад тон зиёд, -гуфт Рубенов,- нуқра бошад, аз як саду даҳ тон зиёдтар аст.
-
Оҳ-о!- Фрунзе як лаҳза даҳонаш кушода монд ва нигоҳашро аз Першин наканда, бо нобоварӣ пурсид:- Тило ҳафтсад тонна?
-
Бале, тилои софро дар назар дорам. Пули Николайӣ бо саҳмияҳо зиёда аз яксаду сию се миллион
Дар чеҳраи Фрунзе баробари табассум ларзише ҳам пайдо шуда, нигоҳаш ҷиддӣ гардид. Назди саночҳои канори даҳлез рафта, тангаҳоро ба каф гирифту баргашта ба сандуқҳои пул зеҳн монд, пас аз Файзуллоҳ Хоҷа пурсид:- Дар бозори шумо як асп чанд пули русӣ меистад?
-
Аз сӣ то чил рубл.
-
Ҳисоб кунед. Хато накунам, пули чор миллион асп. Ба ин пул як Бухорои дигар месозед.
-
Боз дар бонкҳо пул дорад. Ними бештари пули “Бонки Русияю Бухоро” азони амир аст. Дар бонки Русия ҳам доштааст.
-
Ин беинсофию бесоҳибиро бинед,- Фрунзе бо таҳайюр сар ҷунбонд. - Ин аҳволи Бухорои шарифатон.
-
Ва қанд хӯреду ба ин мардум гӯед, ки дар берӯзии шумо амир гунаҳгор аст, -истеҳзо кард Файзуллоҳ.-Ҳам муллояш, ҳам авомаш, ҳатто ҳиссае аз рӯшанфикрҳо аз гулӯят мегиранду сангсорат мекунанд, ки чаро “Сояи Худо”-ро бад мегӯӣ?
-
Ман мехостам ин шикамбораро зудтар зада нобуд кунам,-Фрунзе назди чуволҳои болои суфа тахтзада рафту тилоҳокаро ин тараф - он тараф кардаю ба каф гирифта афзуд:-Рафиқҳои Москва, “ҳоло бардошт кунед, бардошт кунед” гуфта, корро ба таъхир андохтанд ва ба Файзуллоҳ муроҷиат кард: -Овоза кардед, ки хазинаро тороҷ карданд, маълум не-ку!
-
Дар ду рӯзи аввал ин корҳо шудааст. Ҳатто белогвардейсҳо либоси аскари сурхро пӯшида, даромада баъзе чизҳоро бурдаанд.
Фрунзе даҳони чуволро пӯшонда гуфт:
- Ин пагоҳӣ амр додам, касе, ки аз аҳолӣ ба зӯрӣ чизе мегирад, паронда шавад. Касе ки як тангаи хазинаро гирифтааст, баргардонад. Вагарна ба суди трибунал дода мешавад.- Ва ба Рубенов фармуд:-Ҳама чизе, ки дар хазина ҳаст, ном ба ном рӯйхат карда, бегоҳ ба ман биёред.- Баъд ҷониби сарбозҳо нигариста илова кард: -Рафиқон, раҳмат ба шумо! Кору қаҳрамоние, ки шумо анҷом доед, дар таърих ҳамто надорад. Шумо дар Бухорои амирӣ душманиони

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё