Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

халқи заҳматкаш ва инқилобро зада несту нобуд кардед. Ин хазинае, ки шумо ба ивази хун ба даст овардед, барои таҳкими пойдорӣ ва пешбурди инқилоби азизи мо саривақтист. -Баъд ба Рубенов гуфт:
– Сарбозони корнамоӣ нишондодаро ба ордену медалҳо пешниҳод кунед. —Ӯ боз чарх зада, назди асбобҳо рафту, таппончаи тилоиро гирифта, тамошо кард. Яқин дар ин вақт ҳис намекард, ки волаи хазина шуданашро дигарон бо писханд тамошо доранд.
Нигоҳи харисона ва мақсади сардори ҷабҳаро пай бурда, Файзуллоҳ Хоҷаи зирак гуфт:
– Рафиқ Фрунзе, бояд як нишона аз Бухорои Шариф дошта бошед, вагарна кӣ бовар мекунад, ки шумо аморати Бухороро зери забар кардаю хазинаро гирифтед.
– Суханатон рост,- Фрунзе ба завқ хандид: -Дар ҳақиқат мо бояд чизе аз ин рӯзҳо ёдоварӣ дошта бошем.-Ӯ таппонча дар даст ҷониби камардораш ишора карда, гуфт: - Барои нишона шамшер ҳам хуб аст. Ва боз чарх зада дигар асбобҳоро тамошо кард...
Куйбишев шамшер ва сандуқчаи зевари занонадоштаро гирифт.
– Гиред, ҳар чӣ мехоҳед, гиред, ҳақ доред,-пичирос зад Низом - махдум бе киноя.
– Шумо ҳам хушк намонед,-Файзуллоҳ ҷониби Рубенов муроҷиат кард.- Ҳоло, ки хирманро ҷамъу гир накардаем.
Рубенов асои аз тиллои сурх сохтаро соҳибӣ кард.
– Рубенов, асбоби хубро худат гирифтӣ,- Фрунзе хандид.-Асо дар пирӣ мададгорат, пойӣ сеюм мешавад.
– Ба хотири асо сар буриданашон ҳам мумкин. Инро ҳам дар назар гир,-гуфт Куйбишев ва ҳама хандиданд.
– Рафиқ Файзуллоҳ Хоҷа, ба шумо чӣ маъқул аст?-пурсид Фрунзе.
– Мо, ки аз ин шаҳр ҳастем, ҳақ надорем,-гуфт Файзуллоҳ.
– Сиёсати шаҳрро хуб медонед,-гуфт Фрунзе ва оҳанги рафтан кард.
Одамони давра ба ин нишонагирӣ бо хомӯшии нафратангез менигаристанд.
Омаду рафти Фрунзе вазъиятро дигар кард. Сарбозон акнун “бояд нишона аз Бухорои Шариф дошта бошем” гуфта, тангаҳои тилоро рӯирост ба ҷайбашон мезаданд. Першин қадаҳи сангинро ба таги зарфҳо зер кард. Сержант Манучеҳр аз таҳхона баромада қадаҳро дар ҷояш надида, бо Першин дар баҳс шуд. “Бриллиантҳоро гирифтӣ, шуд, ҷомро дар ҷояш мон! Намонӣ, ба Фрунзе хабар медиҳам!”
– Бриллиантҳо соҳиб доранд! -Першин дандонҳояшро ба ҳам фишурд. - Ин ҷо ҳама зери назорат аст! Қадаҳ ҳам дар ҷояш! Ва ту гумон накун, ки ӯро мегирӣ.
– Канӣ, дар куҷост? -Манучеҳр байни зарфҳо кофта, қадаҳро ёфта, ором шуд. Вай дар дил қарор дода буд, ки қадаҳро мегирад. Нашавад, медуздад. Аз худи қадаҳ навиштааш ба вай асроромез менамуд.
– Ин ҷухудҳо бриллиантҳоро барои худашон мегиранд,-гуфт Низом - махдум.
– Ҷухуд буданашонро аз куҷо донистед?

пешина
аз 613
навбатӣ