Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан
  • Дар чеҳраи маккоронаашон навиштагӣ.- Низом - махдум саллаашро каме боло кард. Ҳоло андоми ӯ гирифта менамуд. Нигоҳаш бештар ҷониби шаҳр буд. Шояд вай ҳам фикр мекунад, чӣ асроре гузашт, ки ба сари шаҳраш чунин рӯзҳо омаданд? Фурсате гузашту гуфт: -Мансурбой, хубаш аз ин ҷо меравем. Ин ҷо ҳарчӣ зиёд истодӣ, ҳамон қадар озору дарду аламат бештар мешавад.

Онҳо ба пайраҳаи калон баромаданду Низом -махдум гуфт:

  • Мардум пагоҳӣ аз хоб хестаю бо ҳавас ба Арк менигаристанд. Арк рӯҳи шаҳр буд. Аз он эҳсоси амнияту ифтихор мекарданд. Аммо ин рӯҳ, ин пушту паноҳ ва ин шарафу нангу номусро зерӣ забар карданд. Онҳо аз паҳлӯи қасре, ки вассаю болору тахта-тахта гачҳои девори гулкорӣ дошту ҳоло қандилҳои зарҳалин ба хоку гилему курпачаҳо омехта шуда хобанд, гузаштанд. Низом - махдум, овозаш ба ларза шуда, афзуд: - Аламат мекунад, ки ту ноогоҳона дар ин корҳо шарикӣ. Мардум рост мегӯянд, ки ҷадидҳо пеш даромада, ин вайрониҳоро карданд. Моро русҳо чунон аҳмақ карданд... Моро пеш андохтаю инқилобу ҷангу сӯхтору дуздиро худашон кардаанд. Ва чунон вонамуд карданд, ки ин кор бо талаби мо шуд. Ба мо ёрӣ карданд, вассалом. Дар он шӯриши аввала ҳам, ки Колесовро ҳамроҳӣ кардем, аҳмақамон карда буданд. Азоба мо кашидем, бадномия мо гирифтему ҳама товони ҷанг аз они онҳо шуд.

  • Ҳоло охири кор маълум не, шояд хуб мешавад.-Мансур рафиқашро тасаллӣ дода илова кард:- Кошки аркро ҷои амирнишин гуфта, ба замин ҳамвораш накунанд.

  • Аз дасти инҳо ҳама кор меояд. Мегӯянд, ки дар Маскови худашон чанд ҷойи зебои таърихиро пасмондаи подшоҳон гуфта, вайрон карданд. Муллоҳои моро таАССУБГар мегӯянду худашон аз онҳо гузаронданд. Наход одама барои мулло буданаш кушӣ?!
    Онҳо поёнтар фуромада диданд, ки гурӯҳи Фрунзе болои вайронаҳои қасре, ки “меҳмонхонаи Раҳимӣ” мегуфтанд, истода сӯҳбат доранд.
    Дар поёни меҳмонхона таҳхонаҳо буданд. Аз онҳо дуд мебарояд. Чанд сарбоз он ҷо об мекашанд. Низом - махдум аз роҳ истода гуфт:

  • Аз рӯйи шунидам дар яке аз ин таҳхонаҳо китобҳои нодирро нигоҳ медоштаанд.

  • Китобҳои нодирро ҷамъ мекарданду намехонданд,-гуфт Мансур, - вагарна ин ҳолат рӯй намедод.

  • Бале, вақтҳои охир дар Бухоро ҳам китобхон кам монд,- гуфт Низоммах- дум ва ишора кард, ки худро коргар вонамуд карда, хишту гачҳои роҳи назди меҳмонхонаро чидаю ҷамъ карда, ба сӯҳбаташон гӯш меандозем.
    Фрунзе қиссаи бори аввали ба Бухоро, ба назди амир омаданашро нақл мекард: -Аввали зимистон, ҳамроҳи Элиава Шалва Зурабович надаш омадам. Ба мо хабар доданд, ки Ҷаноби Олиашон баъди ду рӯз қабул мекардааст. Кон- сул ҳамроҳамон буд. Гуфтам, ки даромада нарезондаю начақонда расон: пагоҳ субҳ надамида аскари Сурх ин қалъаатро ба замин ҳамвор кардаю ҳараматро байнашон тақсим мекунанд! Консул даромада ишора мекунад, ки ин ҳамон Фрунзест, ки аз Волга интарафро гирифта омад. Ҳай-ҳай накунем, дар ду рӯз то Хитой зер карда меравад. Қабул кард. Як соат дар қабулаш нишастааму

пешина
аз 613
навбатӣ