Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
пай бурдам, ки гапамон бо ӯ намепазад. Вақт беҳуда наравад гуфта, дар чойнишастам ба рафиқ Ленин ба чунин мазмун хат навиштам:
“Ин амири азхудрафта ба ғайри он, ки зулмро аз ҳад гузарондаю аморатҳоро ба дасти элу авлоди носерамаш додааст, Бухороро бошишгоҳу такягоҳи душманони инқилоб эълон кардааст, бояд ҳарчӣ зудтар ӯро аз сари роҳ барандозем. Вагарна ҳамаро ба Бритониё медиҳад”. Ҳангоме ки наздуш даромадем, дидем, ки дар як бинои чоргӯшаи гулу гулкорию шишабандишуда як кулӯлаи пури сарату садамати ғашовар дар курсӣ нишастааст. Дар ҷомаи гулдораш орденҳои калони Николай гирифтааш овезон. Чашмонаш мисли чашми гов калон ва беҳаракат. Дилу бедилон аз ҷояш хеста салом дод. Он ҷо боз ду-се нафар ҳам буданд.
Ду масъаларо наздаш гузоштам: “Ҳамчун кишвари дӯсту ҳамсоя роҳ надоҳед, ки белогвардейсҳо ва дигар душманони инқилоб ин ҷо маскан гузинанд. Таҳқиру таъқиби ҷавонбухориҳоро бас кардан лозим. То кай инҳо дар ғурбату оворагӣ зиндагӣ мекунанд?” Ҷониби тарҷумонаш лаҳзае хира шуду пас бо овози базӯр шунаво каме ғуд-ғуд кард. Вале тарҷумонаш бафӯрча карда гуфт, ки белогвардейсҳо ва баъзе одамонро, ки аз Русия ва дигар ҷойҳо ба кишвари мо паноҳанда шудаанд, мо пеш карда наметавонем. Онҳо ҳукми меҳмонро доранд. Аммо бо ҷадидҳо мо душмани қаттолем.
Ба консул, ки суханпардозиҳои шарқиёна мекард, эътибор надода, худдорӣ пурсидам: “Ба мо, ҳа мегӯед, ё не?”
Ба сӯям бад-бад нигоҳ карду “я вам ответил” гуфт ба русӣ. Хуллас, ба ҳардуяш не гуфт. Дасти холӣ баромадему ба тағи дилам хурсандӣ кардам: “Хуб шуд, ки не гуфтӣ. Акнун баҳонаи туро задан ҳаст.”
— Дар мо мақол ҳаст, — гуфт Файзуллоҳ Хоҷа: “Сагро аҷалаш расад, даруни меҳроби масҷид мемезад.”
— Бале, ҳамин тавр шуд,— Фрунзе хандид ва ба атроф зеҳн монда, афзуд:— Он вақт ин ҷойҳо бисёр шукӯҳманд менамуданд. Роҳравҳо васеъ ва озодаю зебо буданд. Ҳар ҷо сарбозҳо бо шамшерҳои бараҳна меистоданд. Аҳли дарбор, сипоҳиён, муллоҳои саллакалонро ин ҷо медидем. Як-як занҳои чеҳрасафед ва сергӯшти фаранҷидор низ вомехӯрданд, ки тез-тез роҳ мегаштанд. Дар поёни масҷид ва баъди он саломхонаи амир, толори калони деворҳояш ҳама гулу гачкорӣ-ришуда буд. Дар ду тараф кӯшқҳо ва суфаю айвонҳои зарнигору зарҳалдавонда, дар суфаю кӯрпачаҳо партофта шуда буданд. Аммо касе рӯи онҳо наменишаст. Ҳама дар такудав ва саросема менамуданд. Ба мо гуфтанд, ки тахтгоҳи амирашон дар баландтар будасту он ҷо посбонҳо меистоданд ва баъди он ҳарам оғоз меёфтааст. Аз рӯйи гуфти рафиқон он ҷо занҳои рус ҳам буданд. Дар ҳарам ба ғайри аз худашу маҳраму маҳрамбачаҳояш дигар касе ҳаққи дарою баро надоштааст. Он вақт Элиава аз марде, ки моро гусел мекард, пурсид, ки хазинаи амир дар Арк бошад ё берун аз он? Он мард гуфт, ки хазина дар Арк аст ва хуб таъриф кард. Бовар мекунед: мисли ки дар баҳорон яхи соҳили дарёҳо канда шуда, рӯрӯи об мераванд, ҳамон лаҳза ин қасру кӯшқҳо ҳамчунон тиккаю пора шуда, аз пеши назарам мегузаштанд. Ба дилам гуфтам: “Ин амирро, ки дар болои хазина мисли мор нишастааст рондан лозим”. Ҳамон соат аз пайи иҷрои ин кор шудаму имрӯз ба анҷом расонидам. Пас чӣ тавр хурсандӣ намекунем?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё