Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

-Ӯ ҳандид ва даст ба китфи Файзуллоҳ Хоҷа ниҳода афзуд: -Ҳангоме ки дар пешорӯям хазинами амирро дидам, солҳои дар донишкада хонданам ба хотирам омаданд. Боре бе пул мондам. Дар хона ҳам пул набуд. Дили модарро ёфта, медали бародарамро фурӯхтам... Он рӯзҳоро ҳам дидаму имрӯзро ҳам, ки ҳирмани тилою бриллиант дар пеши пой аст...- Ӯ маънидорона ба одамони атрофаш нигарист.

  • Михаил Василевич, шумо одами хушбахт,- гуфт Куйбишев. - Медалу орден ҳам ёфтеду хазина ҳам. Ва аз ҳама муҳим, дар таърихи инқилоби бузург номатонро дар қатори бузургон сабт кардед.
    Фрунзе ба суханаш идома дод:
  • Дирӯз баробари ба Бухоро расидан ба рафиқ Ленин баркия фиристодам:
    “Қалъаи Бухорои кӯҳна имрӯз фатҳ гардид. Дар болои майдони Регистон парчами сурхи инқилоб ғолибона мавҷ мезанад!” Ва ба шариконаш хонаҳои беруни атрофи аркро нишон дода, ба таҳдид афзуд: -Бубинед, ин амиру амирбачаҳо барои худ у наздиконашон чӣ қадар қасрҳои муҷалло сохтаанд. Аммо мағзи пӯсидаашон дарнамеёбад, ки ин ҳама бо ранҷи бепоёну арақи ҷабини деҳқон бино шудааст.
    Деҳқон аст, ки замин меронаду гандум медараваду пахта мечинад! Аслан халқ ба хотири инҳо намеояд. Фақат бой шуданашонро фикр мекунанд. Пас чӣ хел намезанед?
  • Албатта, мезанем!- гуфт Файзуллоҳ Хоҷа ба оҳанги сухани ӯ тақлид карда.
    Низом-махдум ишорати рафтан кард. Аз суфаи вайроншудае поён шуданду гуфт:
  • Суханҳои он ҳавобаланди Фрунзеро шунидед? Ин бадиро ба сари халқамон овардааст ҳамин баҳтак. Вақте ки ҳамроҳи русҳо будем баъзе калонсолҳошон мегуфтанд, ки ин ба рӯз расида, кирри русро бароварда буд. Дар назди баромадгоҳ посбонон онҳоро хуб кофтанд, фармуданд, ки мӯзаҳоро ҳам кашида таконанд, пас раҳо карданд.
  • Гумон кардед, ки мо тило дуздидем?- гуфт Низом-махдум.- Шумо гурӯҳи аз паси мо омадаро ковед, дар онҳо чунон чизҳо меёбед, ки худатон ҳам ҳавас мекунед.
  • Ака, онҳо алов доранд, даст расонӣ месӯзӣ,- гуфт сарбоз бо овози паст.
    Дар роҳи баромади тарафи рост, ки то майдони Регистон сарнишеб меравад, зиндонҳои номӣ - обхонаю канахонаю каждумхона ва дигар хонаҳо паси ҳам қаторанд. Ҳоло дарҳои онҳо кушодаю шикаста, боми баъзе биноҳо фурӯ рафтааст.
    Солҳои охир дар ин зиндонҳо тарафдорони болшевикон - ҷадидҳоро партофта буданд, ки ҳангоми бомбаборон қисме фавтидаю ниме осеб дида баромадаанд.
    Дар тарафи чапи роҳ хонаи калоне менамояд, ки нисфи сақфаш фурӯ рафтаву нисфи деворҳояш афтидааст. Дар ними хона гулӯлаҳои аз чӯян сохташуда чун тӯбҳои хурду калон, ниме ҷамъу ниме парешон хоб рафтаанд. Назари Низом-махдум ба гулӯлаҳо афтиду бо истеҳзо гуфт:
  • Медонед, ин гулӯлаҳо барои чӣ? Агар фотеҳе Бухороро гирифта, ҳаракати ба Арк даромадан кунад, инҳоро аз баландӣ ба таги пойи аспҳояшон мепартоянд. Аз замони амир Музаффар инҳоро нигоҳ дошта меоянд.
  • Ихтироз аз ин зиёд намешавад,- киноя кард Мансур.
пешина
аз 613
навбатӣ