Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
Низом махдум ба суханаш идома дод:- Музаффар кори тӯпҳои русро дида, барои ба онҳо муқобилат кардан бо пули калон аз Ҳиндустон филҳои ҷангӣ харида будааст.
Мансур ба гулӯлаҳои вазнин зеҳн монда гуфт:
– Пешвое, ки маърифати фаҳмидани замонаро надошта бошад, барои халқаш дарди сар мешудааст.
Онҳо аз даромадгоҳ, аз паҳлӯи хоку хиштҳои як тараф тӯпкарда берун баромаданду Низом маҳдум пурсид:
– Ба суханони Фрунзе эътибор додед? Фақат ба пули русӣ ва саҳмияҳои дар хазина ҷамъшуда чор миллион асп харида мешудааст. Пас маълум мешавад, ки пулу моли ин касофатҳо аз пулу моли мардуми бисту шаш тумани Бухоро чанд маротиба зиёд будааст. Ва дар ҳамин ҳол ба навкарҳо маоше намедод, ки бо дили гарм ҷанг кунанд. Ҳавзҳои Бухоро пури чирку кирм. Мардум бероҳбару бесарвар, бе донишу бе хониш...
Мансур ба рафиқаш нигоҳ мекарду тасаввур карда наметавонист, ки як нафар чӣ гуна чор миллион аспро харида метавонад.. Низом маҳдум бо ҳамон оҳанги норизоӣ суханашро идома дод.
– Мансурбой, фикр кунам, мо, ҳарду ҷониб, ҳам тарафдорони амиру ҳам таҷаддудхоҳон, бохтем. - Пас ба зӯрӣ табассум кардаю бо ишораи хайр то боздид, даст ҷунбонда тез-тез қадам зада рафт.
Мансур аз майдон гузашта, ба кӯчаи Лаби Рӯд расид. Дар кӯчаҳои мудом серғавғои Бухоро холо одам кам аст. Фойтунҳо мисли рӯзҳои пеш шӯру валвала бардошта намегарданд. Ҳарчанд вақти намози аср наздик аст, садои азон намебарояд. Мардум ба сӯйи масҷидҳо намешитобанд. Ҳатто муздурони ду ҷониби майдон, ки мудом гурӯҳ-гурӯҳ дар интизори корфармо сӯҳбат мекарданд, наменамоянд. Ҳоло дар кӯчаҳо бештар аскарони сурхро мебинӣ, ки савлаат карда мегарданд. Кулоҳу шапкаҳошон ситорадор, тасмаи миёнбадашон ҳам ситора дорад. Чеҳраҳо сурх (ин ҷувонимаргҳо бе шароб намегарданд), нигоҳашон душманона, овозашон дағал... Кӯчаю бому дар ҳамон, аммо Бухоро он Бухорои пешин, Бухорои Шариф нест.
Дар деҳа баъди ду соли инқилоб артел ташкил карданд. Хабари артелро Сангов аз район овард. Дар ду соли ҳокимияти Шӯро ба ин муносибат нахустин маротиба зану марди деҳа ҷамъ омада буданд. Дар ҷамъомад зани Маҳмуди мисгар низ буд. Вай аз шаҳр омадааст, ки заминашро фурӯхта, аз байни ин мардуми, ба гуфти худаш кӯрнамаку чафопеша, ки шавҳари панҷ-панҷааш ҳунарро, ки аз рӯи ҳасудиашон бой гуфтаю зиндон кардаанд, раваду дигар дар ин дунё рӯйҷонона набинад. Лекин заминашро фурӯхта натавонист. Фаъолон ба рӯяш хандида гуфтанд, ки дар замонаи шумо замина мефурӯхтанд, дар давраи Шӯравӣ заминфурӯшӣ нест. Ва ҳамчунин писари Умарбек Шодибек, ки он рӯзҳо аз Тошканд омада буд, ҳамроҳи падараш омадааст. Вай як соли охир дар кадом идораи давлатӣ кор мекард. Ҳавои аввали моҳи феврал офтобӣ бошад ҳам, хунук буд. Аз шабоз аз ҷониби кӯҳҳои Оҳалик шамоли сард мевазид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё