Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Ҷамъомадро дар саҳни масҷид оростанд. Дар як тараф занҳо, дар дигар тараф мардҳо менишастанд. Раис Сангов ва аъзоёни шӯро Тоши Тарош, Остон, Обид боз ду-се нафар дар пешгоҳ болои гилем ҷой гирифтаанд. Ҳоло аксар ба ҷои чакманҳои бӯин ҷомаҳои дуздиашонро пӯшидаанд. Ҷомаи тани Одина аз хонаи Мансури самарқандӣ будааст. Кадоме шунохтааст. Тош ҳам боре ҷомаи аз хонаи Мирзоумед бурдаашонро пӯшида кӯча мебарояд, ки холай Гулмоҳ ӯрӯ дида, ҷомаи шавҳарама некашӣ, гуфта ғавғо бардоштааст. Тош занро рӯ-рӯи кӯчаи хоку нам кашола кардааст, ҳарду тагурӯ шудаанд. Вале зан то ҷомаро аз танаш накашидааст, раҳо накардааст.

Сангов сухан кардан наметавонист. Мисле ки уштури маст полеза вайрон мекунад, суханрониаш ҳамон хел аст. Саросема шуда фикрҳояшро дарҳам-барҳам мекард. Кам касон суханашро дарк мекарданд. Худаш ҳам пай мебурд, ки суханашро нафаҳмиданд. Ин ҳолат ғазабашро бештар овардаву суп-сурх мешуд. Лекин ба худ коре карда наметавонист. Ҳоло ҳам ӯ ба ҳаяҷон омадаю то ҷо гирифта нишастани мардум рост истод, пас тибқи одаташ ба таҳдид гуфт:

– Мардум, худатон ҳам аллакай медонед, ҳоло дар ҳама ҷо артел ташкил мекунанд. Дар район ба ман гуфтанд, ки молу заминатона яҷоя кунед, ҳама одамони деҳа якҷоя шавед. Пас моро артел меҳисобанд. Гуфтанд, ки не, таъкид карданд, ки ҳама бояд молу заминашро диҳад. Ягон кас ба не гуфтан ҳақ надорад, гуфтанд.

Сангов хомӯш шуд. Он чизе, ки медонист, гуфта буд.

Дар саҳни низ лаҳзаҳе хомӯшӣ ҳукмфармо шуд. Мардум пай бурданд, ки раис дигар сухани мегуфтагӣ надорад. Домуллоназару Тӯйчии нишолло баробар хестанду домулло пурсид:

– Артелаш боз чӣ бало будааст? - Ва афзуд:-Муллохолбек, суханҳое, ки дар район шунидед, содатар карда ҳамаашро ба мо фаҳмонед. Қувваи идроку фаҳмиши мо деҳотиён сусттар аст.

– Гуфтам-ку, хушатон дар куҷо буд?- Ҳамчунин бо таҳдид ҷавоб дод раис. – Ҳама молу заминеро, ки дар деҳа ҳаст, якҷоя мекунем, якҷоя кор мекунем, якҷоя бихӯр - бигард мекунем.

Одамон ситезманд шуда, аз ҳар тараф гап партофтанд.

– Ин оллой мегӯяд?

– Вай замину мол соҳиб дорад, бемия!

– Замини Олимбой сад таноб, Тошу Қодир се танобӣ замин доранд, пас чӣ гуна ҳамаро баробар мекардай?!

– Зани Олимбой як қутан мол дорад, Мавлонбой як қутан мол дорад!

– Ману Умарбек дами субҳ дар сари замин мешавем, Остону Обид пас аз баромадани офтоб аз хоб мехезанд! Ту мегӯӣ, баробар мешавем.

– Аз афташ, худи ин ҳафтафаҳм таги гапро нафаҳмида омадааст!

– Шумо аввал гапро гӯш кунед, - Сангов мардумро ором кард. – Минбаъд дами субҳ ба кор рафтан лозим нест. Баҳузур хоб равед, баҳузур чойи саҳар хӯрдаю пас баробари ҳама ба кор равед.

– Эҳ-а, ана гапу мана гап!

Азизбек, собиқ саиси Олимбой, ба Шодибек муроҷиат кард:

пешина
аз 613
навбатӣ