Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

– Додар, шумо дар Тошканд кор мекунед, гӯед, ки ин корҳо дар он тарафҳо чӣ гунаанд?

Шодибек ҷавони сафедрӯ ва мисли падар қоматбаланд аст. Ҷониби падар чизе гуфт, ки вай ба тасдиқ сар ҷунбонд, пас пеш баромада рӯ ҷониби мардум карда гуфт:

– Ҳамдиён, фикре, ки раис гуфтанд, яъне ташкили артелҳоро, ҳоло дар ҳама ҷо ба роҳ мемонанд. Он як роҳи нави меҳнати коллективона ё ба гуфти худамон рафиқона аст. Бубинед, дар заводҳо сад ё ҳазор одам кор мекунанд, як гапу коре шавад, ҳама медонанд, якҷоя ҳаллу фасл мекунанд. Бубинед, дар якҷоягӣ ҳам кор осон, ҳам байни одамон дӯстӣ пайдо мешавад. Аммо ин тавр нест, ки ҳама аҳли деҳа маҷбуран як артел шаванд. Метавонед авлод ба авлод артел шавед. Касе хоҳад, яккахоҷагӣ ҳам мемонад. Лекин он мушкилтар аст. Касе дар яккахоҷагӣ мемонад, андози зиёд медиҳад.

– Гап ин хел мешавад, – Домуллоназар овоз баланд кард. – Раҳмат, чиян.

– Ҳукумати Шӯро беақл нест, охир, – гуфт Каромат ва хандида афзуд: – Баъзе одамон худашон ҳафтафаҳманд.

Шодибек ба суханаш идома дод:

– Инро ҳам бояд гӯям, ки ҳукумат ба бонкҳои молиявии хурд фармудааст, ки ба деҳқонони артелташкилкарда қарз диҳанд. Артелҳо қарзро баъд аз гирифтани ҳосил бармегардонанд.

Боз сару садоҳо баланд шуданд.

– Шодибек, худатон гап занед, монед ҳамон қатрона! – Ин сухан аз байни занҳо баромад.

– Қарз диҳад, кори хуб ку!

– Ин ҳам як гапе гуфта, аъзои артел мешавем.

– Ман аз ҳукумат қарз намегирам, монад, ки дар заминамон кор кунем, бас аст.

Ба суханони Шодибек таваҷҷуҳ кардани мардум ба раис хуш наомад ва ба тундӣ овоз баланд кард:

– Ба мо касе нагуфтааст, ки қарз медиҳад! Райони мо пули қарз медиҳад надорад! Деҳқон замин гирифт? Гирифт. Кишт кардаю сари вақт андозашро медиҳад, вассалом!

Остон хеста сухани раисро тақвият дод:

– Мардум, ҳукумати Шӯро ба ҳама замину об дод. Безаминҳоро заминдор кард. Имрӯз фармудааст, ки артел шавед артел - мешавем.

Каромати дуредгар ҳам тарафашро гирифт.

– Ҳамдиён, падаронамон мегуфтанд, ҷое ки халқ ҳаст, баракат ҳаст. Ман аъзои артел мешавам. Шумо ҳам аъзо шавед.

Тӯйчӣ хеста гулӯ тоза кард. Вай пеш аз инқилоб камбағал буд. Замини зиёд надошт. Дар бесарусомонии солҳои охир аз шаҳр карасину равған оварда мефурӯхтагӣ шуд. Баъди як сол дар паҳлӯи хонааш дукон сохт. Худаш мол меоварду зану ду писараш ба савдо машғул буданд. Дар бадали се-чор мол мағозааш номдор шуд. Аз деҳаҳои атроф омада чизи зуруриашонро мехариданд. Хуллас, Тӯйчӣ пулдори калон шуда рафт. Осиёи вайронаи Мирзоумедро харид.

пешина
аз 613
навбатӣ