Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
Хонаҳои Маҳмуди мисгарро хариду вайрон кард, дар ҷояшон таҳкурсии дукони калонтарро гирифт. Домуллоназар чанд маротиба гуфтанд, ки Тӯйчибой, ин ҳукумат ба бойҳо хуш надорад, гӯш накард. Дар сӯҳбатҳо мегуфтааст, ки бой ман, на Олимбойю Мавлонбой!
– Раис, ҳоло вассалом нагуфта истед, - Тӯйчӣ калонгирона сухан оғоз кардаду ба бари ҷомаи беқасаби навдӯхташ худро печонда гуфт: - Ба мардум сухани ҳукумат гуфтаро фаҳмонед, мардум тарафи ҳукумат меравад. Нафаҳмонед, куҷо меравад? Роҳа надонад, куҷо равад! Ҳукумати фуқаропарвари болшевик ба мардум некӣ мехоҳад. Ҳукумати болшевик пешравӣ мехоҳад... Аз ин гуна суханҳо хеле гуфту дар охир афзуд: - Ин ҷо ҳаққи гапа гуфтанд, ки ин кор маҷбурӣ нест. Худамро мисол меорам, наметавонам дуконҳои навпӯшидаамро умумӣ кунам. Шумо шоҳид будед, ки бе ёрии касе онҳоро пӯшидам. Ман маҷбурам яккахоҷагӣ монам.
– Зӯрат биёяд чунон тақсим кунӣ, ки...- Аз оқиб кадоме оҳиста овоз дод.
Боз чанд нафар хеста фикрҳошонро гуфтанду дар интиҳо натиҷа чунин шуд: фаъолону камбагалон ва бештари миёнаҳолон як артел шуданд. Умарбеку Амини домоди Мавлонбой ҳар кадоме бо авлодашон алоҳида артел ташкил карданд. Домуллоназар, Тӯйчӣ, боз се-чор нафар яккахоҷагӣ монданд.
Баҳор, ҳангоми кишт, байни гурӯҳҳо ҳаргуна сару садоҳо пайдо шуд. Артели фаъолон ҳамаи заминҳои бекорхобидаро соҳиб шуд. Лекин барзаговҳои ҷуфтиашон кам буд. Ният доштанд, аз дигарон, ки заминашонро ҷӯфт карданд, бо зорию зӯрӣ говашонро мегиранд, ки ин кор ба осонӣ даст надод. Амин бо се ҷуфт барзаговаш як қисми заминҳои падарарусаш Мавлонбойро ҷӯфт карда, говҳоро шабона ба деҳаи ҳамсоя, ба як хешашон, ки онҳо ҳам артел доштанд, бурда медиҳад.
Тӯйчӣ, “гардани ҳарду барзаговам ягир шудааст” гуфта, ақаллан онҳоро нишон надод. Ду ҷуфт гови Умарбек ва як ҷуфт говеро, ки аз дигарон гирифта буданд, се рӯз истифода бурданд. Қисме аз заминҳои фаъолон кишт накард.
Аъзоёни артели фаъолон тирамоҳ ҳангоми тақсимоти гандум байни худ ҷанҷол ва қариб кордзанӣ мекарданд.
Каромат барои гирифтани ҳаққи ғаллаш ба анбор омад, ки он ҷо якчанд ҳамкорон халтаю чуволҳо дар даст машғула доранд.
Аз баҳсашон Каромат фаҳмид, ки фаъолони ҳамкор даст ба рӯшанӣ зада, ҳама гандуми сафеди тирамоҳиро тақсим карда гирифтаанд. Ӯ гиребони мудири анбор Қодирро дошта гуфт:
– Гандуми замини худама медиҳӣ! Ман аз гандуми сангу хокдор намегирам!
Қодир марди сиёҳчӯрдаи қадбаланди тавоно аст. Дар гузашта бузгалапоӣ ҳам кардаасту осиёбон ҳам будааст. Лекин ӯ нисбат ба дигар корҳо ҷанг карданро хубтар медонад. Ва барои ҳамин сифаташ шуда, Сангов ӯро мудири анбор таъйин карда буд.
Ӯ дасти Кароматро ба силтав канда, гуфт:
– Вақте ки дар артел кор мекунӣ замини ману замини ту намегӯянд! Ҳамаи гандум як гандум. Гандумро мешӯй, мешавад тоза.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё