Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
– Ина гапзаниша бин! Худат чаро ин гандума набурдӣ. Канӣ гандуми замини ман?
Агар он ҷо одамон намешуданд, Қодир бешубҳа Кароматро зада-зада бароварда пеш мекард. Ӯ лаб зери дандон карда гуфт:
– Ман гандуми туро нагирифтиям.
Обиду Азизбек низ ҳай-ҳай бардоштанд:
– Замини мо ҳам гандуми сафед дошт.
– Инҳо моро аҳмақ кардаанд.
Каромат бештар аламзада шудаю боз гиребони Қодирро гирифт. Аз аламе, ки дошт тарсро фаромӯш карда буд.
– Гап зан, кӣ бурд гандума?!
– Дастата гир, ки мезанам!
– Ҳой мардум, ҳама ҷамъ шавед, ин сиёҳ ҳам ғарию ҳам зӯрӣ дорад!- Каромат ба ҳамкорон муроҷиат кард.
Якбора чор-панҷ нафар ба Қодир ҳуҷум карданд.
Одинаю Остон аз куҷое расиданд, Азизбек ҳам ба онҳо ёрӣ карду Қодирро аз чанголи ёрон халос карда, ба даруни анбор тела доданд.
Каромат аз берун дарвозаро кулф андохта, пӯписа кард:-То нагӯӣ, ки гандума киҳо бурданд, рӯшаниро намебинӣ!
Рӯзи дигар дар назди анбор боз ҷанҷол шуд. Санговро ҳам даъват карданд.
Сангов гуфт, ки фаъолон омаданд, ки нони хӯрданӣ надорем, фармудам, ки гандуми ҳаққашона гиранд. Надонистам, ки онҳо гандуми хуба ҷудо карда мегиранд.
– Ҳама аз бемиягии ту!-Каромат ором намешуд.- Аз нодонии ту мо дар азонбем! Баҳор барзаговҳоям аз кор баромаданд, аз меҳнат кардана дасту панҷаҳоям лабулахт, ана натича!
– Ман ҳам сингори шумо. Ин обилаҳои дастамро бинед,-Обид панҷаҳои сиёҳи ҳар ҷо кафидаашро нишон дод.
Он лаҳза ҳар кас чизе мегуфт:
– Бо инҳо ҳамкорӣ кардан аҳмақист!
– Бехуда намегӯянд, ки “чизи шарикиа саг нахӯрдааст”!
Каромат пай бурд, ки дигар гандуми аз даст рафтаро намегардонад, аламзада шуду гуфт:
– Занам се талоқ, минбаъд бо шумо, гуруснаҳои нодида, ҳамкорӣ намекунам.
– Ман ҳам намекунам,- овоз дод Обид.-Илоҳо, хиёнаткарда ба хиёнат даромамонад!
Он рӯз ними аъзоёни артели фаъолон қасам хӯрданд, ки минбаъд бо артел ҳамкорӣ намекунанд.
Охири моҳ ҳаво тағйир ёфту Мансур баҳри Ҷовид мӯзахарӣ ба бозори Тоза- Надоффон рафт. Аз хона баромада, раҳораҳ ба худ дар гуфтугӯ шуд: “Хуб, Мансур, ҳоло хона намехарӣ. Пас, чӣ кор мекунӣ? Намешавад, ки як умр зери хонаи Мирзоумед зиндагӣ кунӣ. Самарқанд ҳам рафта наметавонӣ. Нодонӣ...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё