Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Мансур ҳайрон монд ва то дур шудани ароба аз пас нигоҳ карда истоду баъд ақиб гашта, ба Ҷовид шумовонда гуфт: “Имрӯз дер шуд. Пагоҳ кофтани шайх меравем.” Пагоҳӣ, вақте ки Ҷовид шайхро ба хотири Мансур расонд, “он кас дар як ҷо зиёд намеистанд, равем ҳам, намеёбем” гуфта монд.

Даромад-даромади зимистон Мирзоумед ба шӯъбаи нозироти маориф ба кор омаду Мансурро ҳам ташвиқ кард: “Бинанд, ки шумо газета мехонед, русӣ-ро медонед, ҷон-ҷон гуфта ба кор мегиранд” гуфт.

Онҳо болои гилеми таги тут нишастанд. Мирзоумед бо бари ҷомае, ки нав харида буд, зонуҳояшро пӯшонд.

– Маоши хуб медиҳанд? – Мансур ба рӯи рафиқаш нигарист.

– Алҳол маош кам аст, лекин ваъда доданд, ки баъди соли нав зиёд мекунанд, – гуфт Мирзоумед. – Ҳукумати нав ҳамин қадар мекунад, халолаш бод.

“Мирзоумед ҳаводори ҳукумат шудааст. Маоши ҳукумата, ки гирифтӣ, забонат васфи ҳукумата мекунад.” Мансур тамасхур карду гап назад.

– Сардори шӯъбаи мо турк. Одами хуб менамояд. Як наздаш медаромадед.

Ба хотири Мансур омад, ки ҳафтаи гузашта фикри корёбӣ ба сараш омаду барои ҳавои корро гирифтан ба идораи нозироти замин даромад. Дар хонаи васеъ як турку се нафар тотор ва як ӯзбеке, ки ба ришаш сафедӣ дамида буд, менишастанд. Назди ӯзбек нишаста гап кушод.

– Дар чунин идораҳо таваҷҷуҳашон бештар ба касест, ки ҳруфоти кириллиро медонад, – гуфт ӯзбек. – Ҳруфоти лотиниро ҳам донед, мешавад. Туркҳо ҳуҷҷатҳоро ба лотинӣ менависанд.

– Бухороиҳо чӣ кор кунанд? Ин хатҳоро намедонанд.

– Бухороиҳоро мегиранд, гуфтам-ку... – Ӯзбек нигоҳашро бегона кард. Ва дақиқапас бо овози паст афзуд: – Алҳол ману шумо дастнигар...

Онҳо боз чизе гуфтанду вақти хестан ӯзбек ба ҳамкоронаш гуфт, ки то майдони Регистон рафта меояд. Яқин ба Мансур маслиҳате додани буд.

Тотори сардори шӯъба ҷониби ӯзбек ба забони русӣ ситеза кард:

– Муқимбой, чанд маротиба гӯям, ки он майдон Истиқлол ном дорад? Ё шумо зидди қонуни давлатии Шӯро ҳастед?

– Одам калонсол шавад, хотираш парешон мешудааст. –Муқимбойро ранг канд.

– Тамоми олам он майдонро бо номи Регистон медонанду, – бо ҷиддият гуфт Мансур. – Панҷ ҳазор сол пеш аз он ҷо дарё мегузаштаасту резгоре будааст. Аз ин рӯ Регистон гуфтаанд.

– Шумо кӣ? Яқин аз ҷадидҳои чап ҳастед, – тотор ҷониби Мансур бад-бад нигарист.

– Ман чапу рост нестам. Бухороиям, манзилам дар кӯчаи Лаби Рӯд. Шумо кӣ?

– Ман болшевик, болшевики кӯҳна, – ба зарба гуфт тотор ва маншаталабона афзуд: – Пагоҳ ё фардо кӯчаи Лаби Рӯдро, ҳатто Бухороро ном дигар мешавад. Аз Бухорои пӯсидаи амирӣ ному нишоне намемонад. Ҳама нав мешавад.

– Тоҷикон мақоле доранд: “Ба чӯйи обканда об меояд,” – гуфт Мансур ва аз ҷо хест: – Шумо қонун мебароред, қарор мебароред, барои мо, тоҷикон, то рӯзе

пешина
аз 613
навбатӣ