Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

АдабиётҚисса
Аз аввал хондан

ҳастем, Бухоро Бухоро асту Регистон-Регистон. Ва аз он, ки узбек бааклӣ кард, ҳамроҳаш набаромад, хурсанд шуд. Вагарна бечора аз кору нонаш мемонд.

Мансур аз ин гуфтугузор ёдовар нашуда, андешаманд баргҳои зарди дар дарахт ба наздаш рехтаро чида, гуфт:

  • Алҳол ба ман ҳамон мардикорӣ маъқул.,- Дар байни онҳо ҳар гуна хату хабарро мешунавед. Дар хонаҳо кор карда, аз зиндагии мардум огоҳ мешавед.
  • Мардум чӣ мегӯянд? Зиндагиашон чӣ навъ аст?
  • Касе ки соҳибмансаб аст зиндагиаш нағз. Дар хонаи яке кор кардем, паҳтаю боз ким-чиҳое дар дасташ будааст. Ҳар рӯз се-чор нафар гӯсфанду дигар чизҳо меоранд. Ҳар гӯсфанд сад кило бор дорад. Боз баъзеро мебинӣ нон хӯрдани надорад.
  • Ҳоло аввали кор аст. Оянда хуб мешавад.

Мансур ба суханаш идома дод:

  • Масалан, имрӯз, ҳангоме ки дар гузари Мирмасъуд бо супориши милиса хонаи нимсӯхтаеро мекандем, ба сӯҳбати ҳамкорон гӯш кардам. Як қисми зидди болшевикҳо буданду мегуфтанд, ки бо онҳо ҳамкорӣ накунед, замин диҳанд, нагиред, фарзандҳоятонро ба мактабҳояшон намонед. Дар мактаби кофир хонд, кофир мешавӣ.
  • Замин чӣ гуноҳ доштааст, ки намегирифтаанд?
  • Гӯш кунед, тарафдорҳо чӣ мегӯянд: “Аллакай дар шаҳр бемориҳои вараҷа, риштаю нағзакон намонд. Шикамдам ҳам намонд. Эму чечу сӯзан зада, ҳамаро кӯфтаю тир зада аз паси амир Олим карданд. Мактаби беморхонаҳо сохтаю барои мардум ҷойи кор муҳайё мекунанд. Минбаъд ҳуқуқи ҳамаи мардум баробар мешудааст. Яҳудиҳоро майдамиллат гуфтан мумкин набудааст. Минбаъд мисти солҳои пеш дар миён ресмон намебастанд. Онҳоро зуд ба кор мегирифтаанд.
    Чунки, ҳангоме ки кӯшуни рус ба таги девори Бухоро омадааст, онҳо байрақ бардошта, ба пешвоз рафтаанд.
  • Гуфтаҳошон рост,-хандид Мирзоумед.- Ҳамин гуна ободониҳо дар дигар шаҳрҳо ҳам шурӯъ шудааст. Нозироти маориф аллакай сесад нафар ҷавонро ҷудо карда, ба Масков роҳӣ кард. Онҳо он ҷо як сол хонда омада, муаллимӣ кунанд. Калони нозироти маориф Фитрати ошноятон. Одамҳоро худаш ҷудо кард.
  • Ошною лекин то ҳол вонахӯрдем,- лабханд кард Мансур ва ба фикраш омад, ки вақтҳои охир Мирзоумед олуфтанамо шудааст. Ҳар ҳафта риш тоза мекунад. Ба сарулибосаш эътибор медиҳад. Дар байни ҷамъият кор кардан хуб аст. Ва пурсид:-Ҳоло мактабҳои кӯҳна ҳам ҳастанд?
  • Ҳастанд, - гуфт Мирзоумед ва ба самте нигариста афзуд: -Ба назарам менамояд, ки корҳои нозироти мо яктарафа. Дар тамоми мактабҳои нав таълим ба забони туркӣ. Ва ҷавонони ба Масков фиристодаро ҳам бештар аз туркзабонҳо гирифтаанд. Фитрат худаш ин корро зери назорат гирифт. - Ӯ нигоҳашро ҷониби Мансур гардонда илова кард.- Аммо тоҷикҳо фарзандоншоро дар мактабҳои кӯҳна мемонданд. Мардуми мо кӯҳнапараст. Ояндаро фикр намекунанд.
  • Хуб, дар ҳукумати шумо чӣ гапҳо?-пурсид Мансур.
пешина
аз 613
навбатӣ