Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
– Корҳо дар ҷӯш! Дар пештоқи корхонаву кӯчаҳо шиор мезананд... “Инқилоби Октябр ба деҳқонон ва кӯшчиҳои безамин замин дод!” Дар корхонаву нозирот ҳар се-чор рӯз ҷамъомадҳо мегузаронанд. Фармон шудааст, ки мажлисҳо бештар бо худтанқидкунӣ баргузор кунанд. Газета баромад, номаш “Бухороахборӣ” нимаш тоҷикӣ, нимаш ӯзбекӣ. Боз мехоҳанд як газета ташкил кунанд, номаш “Занони Шарқ”. Иттифоқи ҳунармандон, иттифоқи деҳқонон, иттифоқи аробакашҳо таъсис доданд. Ду ҳафта пеш дар Ситораи Моҳи Хоса курултой, ба гуфти худашон – съезд баргузор карданд. Он ҷо намояндаи Русия низ буд. Дар баромадаш мустақилияти ҷумҳурии Бухороро эълон кард. Сипас Шӯрои нозирони халқӣ ташкил кард. Файзуллоҳ Хоҷаро сардор монданд. Кумитаи инқилобро ба кумитаи иҷроияи шӯроҳо табдил дода, Абдуқодир Муҳиддиновро раис монданд.
– Ба Бухоро мустақилият дода бошанд, хуб аст.
– Ду рӯз пеш (3-юми ноябри с. 1920) байни Ҷумҳурии Бухоро ва Русия муҳодааи ҳарбию сиёсӣ бастанд. Тотори ҳамкорамон гуфт, ки ин муҳодаа баном аст, дар асл ресмонест дар пойи ҳукумати Бухоро, ки қадаме ноҷо гузорад, мекашанд.
– Ресмонкаш кӣ будааст? – Мансур дарҳол ба маънои сухани рафиқаш сарфаҳм нарафт.
– Ман ҳам ин саволро додам. Ӯ марди бинидазеро, ки дар паҳлӯи Файзуллоҳ менишаст, нишон дода гуфт: – Ресмонкаш ҳамон намояндаи Москва аст. – Насабаш Куйбишев.
– Москва, ки ин ҷо ин қадар ҷонканӣ кард, албатта манфиати худашро ҳам дар назар доштагист.
– Лекин ба гумонам ин муҳодаа сабаби дигар ҳам дорад. Амир Олим дар Ҳисор қувва ҷамъ мекардааст. Муҳодаа ба он мақсад, ки якҷоя бар зиддаш мубориза кунанд, – Мирзоумед ба мусоҳибаш нигариста, афзуд: – Газетаи “Бухоро ахборӣ” мақолаи хуб чоп кардааст. Ба оҳанги таъна навиштааст, ки “Ҳоймардуми мусулмон, солҳост, ки дар сари дастархон давлату ватан гуфта мушт ба сина мезанеҳ, ҳоло ки давлат месозем, чаро фарзандоятонро ба хидмат намедиҳед? Чаро хирсу хуку рӯбоҳ хоки худашро ҳимоя мекунаду мо не. Пағоҳ, ки русҳо рафтанд, ин ватанатонро кӣ ҳимоя мекунад? Ё шумо аз ҳайияти ватандорӣ барӣ ҳастед?!”
Ба хотири Мансур сӯҳбати дар газета додаи Мустафо Чоқай – яке аз саркардаҳои мухторияти Хӯқанд омад. “Дар ин сарзамин аъламу орифон лаб задаасту кас намеёби, ки тадбири армия кунад!” Ӯ ба оҳанги таъкид гуфт:
– Мардуми моро ба зӯрӣ ёд медиҳед! Ин мақолашон баёнғари ҳол: “Хирс ба зарби чӯб мулло шудааст.”
Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро мисли кӯдаке, ки ба зӯрӣ таваллуд шудааст, бо чунин бемориҳои модарзод, чун андозсупории фаврӣ, лашкарғундории фаврӣ, мусодираи оммавӣ (продразвёрстка) арзи ҳастӣ кард. Дере нагузашта,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё