Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
– Намедонам, фармони Троцкий будааст. Аз рӯйи овозаҳо, баъде ки хеле чиз меёбанд, аз чебакҳояш тангаи тиллоро мегиранд. Он ҷо байни калонҳо баҳсу мунозира мешавад. Ниҳоят худи Ленин ҳамроҳ шудаю ӯро аз дасти Троцкий раҳонида, ба ҷабҳаи ғарбӣ фиристодааст.
Чернов тугмаҳои шинелашро кушода, хаёлолуд ба мусоҳибаш дида дӯхт.
– Дар штаби фронт чунон овозаҳо, аз нигоҳи Чернов рамуз гирифт Степанов.– Айб дошт-куя. Вақтҳои охир мағрур шудаю аз худ рафта буд.
– Мо ин ҷо инқилоб гуфтаю зери тиру оташ мегардему дар боло чӣ гапҳо мешаванд,– Чернов қадамашро тезонд.
Бегоҳӣ лейтенант Загорский низ хабарҳои шунидаашро расонд. Гуфт, ки байни Ҳукумати Бухоро ва сардорони ҷабҳаи Туркистон зиддиятҳо шуд. Ҳукумат ба Маскав нома менависад, ки армия худсарона ба шаҳру деҳаҳо медарояду ба зӯрӣ ба хонаҳои мардум даромада, пулу мол талаб мекунад. Одамони бегуноҳро мепаронад. Аз ин кор димоғи сардорони ҷабҳа сӯхт. Қисме аз шаҳрҳо бароварданд. Дар ин байн ҳукумат ҳам худнамоӣ карда, бо Эрону Туркия ва Афғонистон шартномаҳои ҳамкорӣ баст, ки ба Маскав маъқул нашуд. Ва боз хостанд худашон армия ташкил кунанд, аммо аз уҳдааш набаромаданд. Мардум ба ҳукумат дилсӯз не. Ин ҳукумати бедин оқибат надорад гуфта, эътибор намедиҳанд. Ҳатто қисме бад мебинанд. Вақте ки овозаи «амир дар Ҳисор аскар ҷамъ мекардааст!» омад, ҳукумат ба ҷабҳаи Туркистон муроҷиат кард. Ҷабҳа ба ҳукумат мефармояд, ки «Барои кашондани тӯпу пулемётҳо нақлиёт тайёр кунед». Ин ҷониб як гала хару уштур харид. Сардорони ҷабҳа, ки димоғсӯхта буданд, имрӯз-пагоҳ гуфта, корро кашол доданд. Дар ин байн гала парешон шуд. Ҳар кадоме ба коре бурданду хуллас аз он чизе намонд. Омад-омади амир ба гӯши Маскав расиду ҷабҳаро маҷбур кард, ки зуд ба таъсиси отряди инқилобии Бухоро ёрӣ кардаю ҳамроҳ чораи кори амирро бинанд. Ҳатто барои беэътиборию бепарвоияшон ду-се нафарро аз кор гирифт. Баъди он сардорони нав омада саросема ба гиру мон даромаданд. Худашон ба ин ҷо омада хеле корҳоро ба роҳ монданд. Аллакай як полки мусулмонӣ таъсис додаанд.
– Маскав ҷабҳа не, Маскав корашро хуб медонад, – гуфт Чернов. – Наход баъди ин қадар ҷонканию хунрезӣ Бухороро ба ҳоли худ монӣ? Ин ба он монанд аст, ки ба замин дона мепошию нигоҳубин намекунӣ. Ва пурсид: – Амир қувваи бисёр ҷамъ кардааст? Тарафдор дорад?
– Аз рӯйи маълумотҳо дар атрофаш мардуми зиёд ҷамъ омадаанд. Англия ваъдаи силоҳ додан кардааст.
– Агар Англия силоҳ надиҳад, аз дасташ коре намеояд.
– Як қисми аскараш тарафҳои Ғузору Шаҳрисабзро аллакай тасарруф кардааст. Қисмҳои дар Қаршӣ будаи мо низ фармони ҷангро гирифтаанд. Пагоҳ ё фардо бояд ба ҷанг дароянд.
– Дар як моҳ ин қадар воқеаҳо...-Чернов аз Загорский ҷудо шуда, ба штаби дивизия омад, ки дуртар аз вокзали Когон ҷойгир буд. Хабари шунида беқарораш кард. Вай бовар дошт, ки ҷанг ба охир расид, аморати Бухороро тасарруф кардаю то соҳили дарёи Ҷайҳун сохти социалистӣ барқарор карданд. Агар боз шӯриш бардоштаю амир Олим ба ҳуҷум бархеста бошад, ҷавобаш намедиҳанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ