Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Чернов рӯзи дигар коғазу ҳуҷҷатҳои ҷамъшударо аз назар гузаронда, барвақттар ба ошхонаи дохили боғи вокзал омад, ки он ҷо бригада дастархонон тайёр мекард. Хост Степановро ҳамроҳ гирад, вале ӯро наёфт. Штаби отряди инқилобии Бухоро даъваташ кардааст. “Штаб чӣ мегӯяд? Мегӯяд. Болқҳо меоянду тайёр шав” худ ба худ хулоса кард Чернов. Шояд имрӯз ё пагоҳ ба мо ҳам фармони тайёр шаведро диҳанд. Ӯ аз дари боғ ворид шуда дид, ки аз гурӯҳе бачаҳо ба бозиҳои дастхобонию мусобиқаи тирпарронӣ, гурӯҳе ба дастархонорай машғуланд. Аз ҳама серкор взводи хизмати ақиб буд. Ба деги калон палав андохтаанд, самоварҳо дар ҷӯш. Чашми Чернов ба Манучеҳр афтод, ки бо ду нафар аз ароба қуттиҳои арақро мефуроранд. Чернов, ки аз ошиқиҳои ӯ огоҳ буд, аз Зогорский пурсид:
– Пётр, духтари бухорӣ ба кадомат розигӣ дод?
– Шумо ҳам бохабаред? – дар чеҳраи Зогорский осори шарму ҳиҷолатмандӣ намоён шуд, ӯ дафтари ёддоштро пӯшонда, аз ҷояш хест. Онҳо атрофи боғ чарх заданду Пётр афзуд: – Манучеҳр розигии касеро напурсида, духтарро гирифт.
– Ба гуфти таҳҷоиҳо, қанд занад.
– Корро бо модари духтар мепазонанд. Аввал ду-се маротиба меравад. Духтар нест. Модараш мегӯяд, ки ба Фалгар ба хонаи хешамон рафтааст. Дигар ин ки вай падар дорад, номзад дорад. Манучеҳр мегӯяд, ки “холаҷон, ба хушӣ, хурсандии духтаратонро диҳед. Вагарна армияи сурхро оварда, Бухороро тору рӯ карда, духтарро ёфта мегираму шумоён шавҳаротонро Сибир мекунам” ва як мушт тилоро ба дасти зан меқапонад. Зан тилоро дида, дилаш нарм мешаваду мегӯяд, ки аслан ман ба он чадиди қишлоқӣ, ки худаша хеши шавҳарам тарошида духтарамро аз роҳ баровард, духтар додани набудам. Рӯзи дигар чанд ҳамсояро даъват мекунанду, ба таврашон, тӯй медиҳанд. Мулло никоҳашое кунад, духтарро гирифта Когон меорад. Ҳоло дар хонаи иҷора зиндагӣ дорад.
– Ба ҷойи ту мешудам, Пётр, як мушт не ду мушт тило дода, духтарро даст медаровардам, – Чернов маккорона лабханд кард.
– Дар ин ҷойҳо духтаргирӣ мушкал барин, – гуфт Пётр. – Ҳоло номзади духтар Манучеҳрро касди куштан карда, аз ақибаш мор барин поида гаштааст.
– Оҳ-о! Эҳтиёт карда гардад, – Чернов ҷиддӣ шуд. – Ин мардум барои ин духтар ба ҳар кор даст мезананд. Онҳо қадам зада, ҷониби дарахтзори канори боғ равон шуданд ва назари Чернов ба болои мизҳо, ки бо нонҳои ширмол, гӯшти обҷӯш ва ҳаргуна меваҳо ороста шуда буданд, афтиду фикр кард, ки дар Мирзоново ҳанӯз гурусдагӣ ҳукумфармост. Нонро бо карточка ба касоне медиҳанд, ки кор мекунанд. Баъзе мардҳо зану фарзандро партофта, сари худро гирифта рафтаанд. Кӯдакҳояшон дар кӯчаҳо аз гуруснагӣ мурдаанд.
Оҳ тарафтар як гурӯҳ аз ротаи 15-ум дар таги дарахтҳо ҷамъ омада, ҷанги Колчак ёдоварӣ доштанд. Дар наздашон табақи себ, яқин арақ ҳам доранд. Чернов фикр кард, ки дар чунин рӯзҳо кас кӯшиш мекунад воқеаҳои хушро ёдоварӣ кунад. Аз назди дарахти афтондае гузаштанду Пётр гуфт:
– Александр Николаевич, вақт дорем боли ин дарахт мешинему дар бобоятон, Дмитрий Николаевич, суҳбат мекунем.

пешина
аз 613
навбатӣ