Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
Аз толор ҳар гуна садоҳо шунида шуд. Кадоме Василий Алексеевичро дашнод дод.
– Зуд ба ҷояш бареду ба дасту пояш завлона занед! – фармуд Николай. Ва Василий Алексеевичро то моҳи июл дар он гӯри торик доштанду пас дар қатори панҷ нафар, ба гуфти онҳо, ҷинояткорҳои «шарир» ба дор кашиданд. Густохию мардонагии Василий Алексеевич ҳамаи моро рӯҳбаланд кард. Баъд аз шаш нафар навбати ман омаду савол доданд: «Шумо дар суҳбатҳо мегуфтаед, ки чаро дар Урупо сохти крепостноиро барҳам додаанду дар мо не? То кай мо дар сахтию беҳуқуқӣ зиндагӣ мекунем? Мардумро ба шӯриш даъват мекардаед.»
Подшоҳ ду қадам дуртар чашмонашро танг карда, ба ман зеҳн монд. Ман ҳам рост ба чашмони сарди гургмонандаш нигариста, суханҳои аз рафиқонам шунидаро гуфтам:
– Чунки мо дар ҷанг онҳоро задем. Аз армияи шашсадҳазораи Наполеони номӣ як мушт монд. Модом ки халқи мо қаҳрамон будааст, пас чаро зиндагиамон нисбат ба онҳо бадтар аст? Дар онҳо озодии сухан будаасту дар мо не?
Рӯи Левешев аз ғазаб суп-сурх шуд. Бинии хунукаш бештар хумосида рафт. Агар илоҷашро меёфт дар ҳамон ҷо кордам мезад.
– Гуфта бошӣ, даҳ сол зиндон мешинӣ, ҷувонимарг, – дандон зиреҳ кард Левешев. – Боқии умратро дар Сибир мегузаронӣ!
Ман он вақт аз куҷо медонистам, ки зиндонаш чисту бадарғааш куҷост? То он ки Василий Алексеевич шунаваду донад, ки ман ҳам мисли ӯ наметарсам, бо тамоми овоз дод задам: «Дар бадтарин ҷои Сибир ҳам офтоб ҳаст!»
Охирҳои моҳи июл моро шабона аз зиндон бароварданд. Мо аввалин маротиба дидем, ки бисёр будаем. Баъдтар фаҳмидем, ки аз панҷсад нафар ҳам зиёд. Баъзеҳо линоси генералӣ доранд, баъзеҳоро рутбаашон пасттар. Якчанд профессорҳои донишкадаҳоро низ оварданд. Маълум шуд, ки онҳо низ ба «ҷамъияти махфӣ» шарик буданд. Пас сарбозҳое ки аъзои ин ҷамъият буданд оварданд. Дар пойҳомон кунда, базӯр роҳ мегардем. Жандармҳоро тела дода, ҳамдигарро оғӯш мегирифтем. Мо ҳис мекардем, ки кори бузургро иҷро мекунем. Дар як гӯшаи майдон оташ афрӯхтаанд. Аз либоси маҳбусон пагонҳои зардӯзиву орденҳоро канда ба оташ мепартоянд. Жандарми шикамдоре хост ордени «Салиби Георгий»-ро аз бари Василий Алексеевич канад, ки дасташро сахт тела дода: «Ин нишони мардона бо душмани ватан ҷангиданам аст. На ту додай, на ту мегирӣ!» - гуфт ва худаш орденро канда ҷониби марде, ки дар ҳалқаи одамон меистод, ҳаво дод. Ҳангоме ки моро ба аробаҳои болопӯшида савор карданд, жандарме пӯстинамро аз танам кашида гирифт ва як шинели даридаро дод. Дар ҳар ароба жандармеро шинонда, ҷониби Сибир фиристоданд. Чор моҳ роҳ гашта, ба Иркутск расидем. Дар тамоми роҳ мардум ба мо меҳрубонӣ мекарданд. Хӯрок меоварданд, пул медоданд. Дар баъзе деҳаҳо халқ дар ду тарафи роҳ ҷамъ шуда, ба болои аробаҳо тангаю дастагулҳо мепошиданд. Духтарон рӯймолҳошонро ҳаво медоданд. Боре дар каппаи сари роҳ дам мегирифтем, ки кампире даромад, чанд тангаро назди мо монду гуфт: «Ман ҳамаи ин бойигариамро ба шумо, падарони мушфиқ, бародарони ба ҷон баробарам медиҳам.» Дар Ярославл мансабдорҳои калон тағйири либос карда,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ